Мӯд шудани талбандагии интернетӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 06 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 611
Рушди бесобиқаи интернет ва технология барои фаъолияти журналистикаи шаҳрвандӣ ва соҳиби минбар шудани блоггерон василаи хуб шуд. Дар ин раванд дилхоҳ шахс бо истифода аз равишу усулҳои хоси худ дастгоҳи наворбардорӣ ба даст гирифта, барои аудиторияи худ навор омода месозад.
Аммо суолҳое пайдо мешаванд, ки фаъолияти блоггерон то кадом андоза ба фарҳангу тамаддуни мо рост меояд? Онҳо ба аудиторияи худ чӣ медиҳанд? Ба тафаккури мардум чӣ таъсир расонида метавонанд? Чаро навори ҳарзагӯёнаи блоггер тамошобини зиёд дорад?
Нахустсухан ё назаре ба фаъолияти блоггерон
Дар сомонаҳои иҷтимоӣ блоггерону алоқамандони сабту пиар бештар фаъол шудаанд, ки аксарашон бо наворҳои бемазмуну орӣ аз ахлоқ вориди мафкураи мардум, хусусан насли наврас гардидаанд. Забони гуфтори аксари блоггероне, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ютубканалҳои худ навор пахш мекунанд, адабӣ нест ва ҳатто баъзан бо дашному алфози қабеҳ низ худро намоиш медиҳанд.
Бояд ёдовар шуд, ки блоггероне ҳам ҳастанд, ки барои кумаки мардум кӯшиш мекунанд. Онҳо аз вазъи иҷтимоии зиндагии ашхоси ниёзманд бохабар гардида, бо ҳар васила ба эшон кумак мерасонанд ва ин равандро сабт ва расонаӣ мекунанд.
Аммо ин паҳлӯи масъала низ то ба ҳадде миёни фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ баҳсу мунозираҳоро ба бор овард. Дар ин хусус, рӯзноманигор, Ҳафизулло Тоҳирӣ чунин мегӯяд: “Ҳеҷ кас бар зидди хайр кардану дасти эҳтиёҷмандро гирифтан нест, ҳар кас метавонад ба муҳтоҷон кумак расонад, вале тарзе бояд амал кард, ки талбандагӣ мӯд нашавад, ин одати бисёр зишт аст. Бинобар ин, беҳтар аст, пеши роҳи амали чунин блоггерон гириф-та шавад. На ба маънои сензура, балки ба хотири танзими муҳтавои наворҳояшон.
Зеро баробари ҳар навори нашршуда, даҳҳо нафари дигар, ки хонаву мошин надоранд ва кор намекунанд, ба блоггерон муроҷиат намуда, хоҳиш мекунанд, ки аз рӯзгори онҳо ҳам навор пахш кунанд, то онҳо низ чизе ба даст оранд. “Мӯд шудани талбандагӣ” боз аз он ҷиҳат бад аст, ки минбаъд ин тоифа намехоҳанд кор кунанду меҳнат, зеро медонанд, ки дар назди камераи блоггер як бор бо чашмони ашкбор намоён шаванд, ба корти бонкиашон пул мегузаронанд”.
Ҳамчунин, гурӯҳи дигари блоггероне ҳаст, ки аз алфози қабеҳ истифода намебаранд, вале наворҳояшон ҳарзагӯӣ ҳастанд. Хусусияти худнамоишдиҳию худтаблиғкунӣ доранд. Ин аз бесаводӣ ва фарҳанги паст доштани онҳо дарак медиҳад. Албатта, боз ҳастанд блоггероне, ки дар доираи фаъолияти худ суханони панду ҳикматнок ба мардум мегӯянду бо ин роҳ шинохта шудаанд.
“Саволҳои тупойский”. Оё мардуми мо “тупой” ҳастанд?
Саҳифаи инстаграмии “nek.xxl” ба блоггере бо номи Некрӯз мутааллиқ аст, ки аксар маврид наворҳои пешниҳодкардааш берун аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ ва дур аз фарҳангу тамаддуни мардуми тоҷик мебошад. Ба таври мисол гуфта метавонем, ки дар яке аз наворҳои худ, ки онро “Саволҳои тупойский” унвон додааст, суханони маъмулии мардумро истифода бурда, масхара мекунад. “Омадӣ?”, “гушна мондӣ?”, “рафтӣ?” ва даҳҳои дигар мисли инҳо, ки истифодаи онҳо дар мардум одат шудааст. Шояд ин наворро аксари мардум тамошо карда бошанд ва бештари онҳо низ онро чун як навори ҳаҷвӣ қабул кунанд, аммо агар ба номгузории навор назар кунем, таҳқир нисбати мардум аст. Яъне, мардум “тупой” (беақл, бефаҳм) ҳастанд, ки ин гуна суханҳо мегӯянд?
Ифодаҳои маъмулшуда ё мемҳое, ки ба воситаи онҳо аксари (ба истилоҳ) блоггерон дар байни ҷомеа “ном” пайдо кардаанд, “ройиш кун”, “нуқта сари хат”, “бачаҳо, ма блогерм, мара лайк бмонен”, “чистона бёвен”, “басс кунетон” ва мисли ин ғайиадабӣ мебошанд. Албатта, фаъолияти на ҳамаи блоггерон берун аз доираи фарҳангу меъёрҳои ахлоқианд.
“Бояд аз пайи “табобат ”-и ин “беморӣ ” шавем...”,- мегӯяд блоггер
Воқеан, то ба ин ҳад «рушд кардан»-и ҷомеаи блоггерӣ ва таваҷҷуҳи аксари мардум ба навору гузоришҳои ҳарзагӯёнаи онҳо ҷалб шудан, метавонад як беморие бошад, ки шояд пайомади хубе надорад. Имрӯз дар сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ тамоми намуди наворҳоро пайдо кардан мумкин аст. Наворҳое ба мисли илмомӯзӣ, забономӯзӣ, панду андарз, филмҳои мустанад ва садҳои дигар, ки барои бою ғанӣ гардидани ҷаҳонбинии маънавии шахс фоидаовар ҳастанд, метавон бе мушкилӣ пайдо кард. Аммо вақте тамошобини наворҳои бемазмунро ба ин наворҳои нафърасон қиёс мекунем, фарқашон аз замин то осмон аст.
Диловар Сафаров, блоггере, ки бо наворҳои панду насиҳатиаш дар байни омма машҳур аст, изҳор медорад, ки блоггерон мутобиқ ба фаҳмишу дарки мардум ва сатҳи тафаккури онҳо фаъолият мекунанд: “Яке аз сабабҳои бештар наворҳои дур аз ахлоқи ҳамидаи инсонӣ пахш кардани блоггерон, ин аз аудиторияи зиёд доштани онҳост. Агар фурӯшанда ягон маҳсулотро ба бозор орад ва харидори худро пайдо карда натавонад, онро дуюмбора ба бозор намебарад. Блоггер низ мисли ҳамин аст, агар мардум ба он таваҷҷуҳ накунанд, аз он навор даст мекашад. Аслан, ин як «беморӣ» аст ва он бояд табобат карда шавад. Бояд фаъолияти блоггеронро танзим кунанд”.
Ду сол қабл дар Ҷумҳурии Узбекистон айнан вазъ ҳамин гуна буд. Мактаббачагон тавассути тиктоку ютубканалҳо ба корҳои ношоям даст мезаданд ва аз таълиму тарбия дур мемонданд. Аз ҷониби Ҳукумати ин кишвар фаъолияти он шабакаҳо баста шуд ва ин як роҳи пешгирӣ барои ҷавонон гардид.
Мардум чӣ андеша доранд?
Чун манбаи даромади асосии блоггерон шавқмандии мардум аст, аз ин рӯ, дар сомонаи иҷтимоии фейсбук пурсише бо суоли “Наворҳои кадом блоггерони тоҷикро меписандед, чаро?” гузаронидем, ки андешаҳои гуногун пешниҳод гардид. Шералӣ Маҳмадзода, корбари фейсбук менависад: “Наворҳои ягон блоггери тоҷикро тамошо намекунам... Блоггерони мо бештар аз дигарон нусха мекунанд ва ҷолиб нестанд”.
Дар ҳақиқат, аксари наворҳои блоггерони тоҷик аз суханони блоггерони хориҷа гирифта шудаанд, ки баъзан маврид бо эътибори худи блоггер коста месозад.
Ҳасанот Аламшозода, корбари дигари фейсбук, мегӯяд, ки блоггерони мо мақсади аниқ надоранд, ки боиси тамошо шаванд: “Саҳифаи блоггер бояд мисли барномаҳои телевизион бошад. Дар чунин ҳолат медонӣ, ки блоггери дӯстдоштаат кадом рӯз чӣ мавзуъро матраҳ мекунад”.
Шаъмигул Каримова, корбари фейсбук, бо норозигӣ изҳор медорад: “Ман ками дар кам онҳоро тамошо мекунам, аммо фаъолияти худи онҳо қариб, ки тамоман ба фарҳанги мардуми мо рост намеояд. Аслан, ин бештар ба тафаккури насли наврас таъсири калон мерасонад, зеро аксар маврид мушоҳида мекунем, ки кӯдакон чӣ гуна ба рафтору алфози қабеҳи онҳо тақлид мекунанд. Дар ин баробар, духтарон низ ба тарзи либоспӯшии блоггерзанон тақлид карда, бо лаҳну оҳанге, ки аслан дар шаъну шарафи як духтари тоҷик намезебад, ҳарф мезананд”.
Албатта, мо имрӯз дар саҳифаҳои иҷтимоӣ вомехӯрем, ки чанде аз тоҷикдухтарон низ бо истифода аз алфози қабеҳу ғайрифарҳангӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ баромад мекунанд. Ҳатто соли гузашта чанде аз онҳо аз ҷониби мақомоти қудратӣ барои пахши наворҳои ғайриахлоқӣ ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Ассотсиатси яи блоггерон чӣ таъсир расонида метавонад?
Моҳи апрели соли равон бо ҳадафи муттаҳид сохтани блогерони ҷавон дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллӣ дар шабакаҳои интернетӣ Ассотсиатсияи блоггерони Тоҷикистон таъсис ёфт.
Ассотсиатсия имкон фароҳам меорад, ки тамоми паҳлуҳои фаъолияти блоггерон дар асоси қонун ба роҳ монда шуда, ҳамзамон ҳуқуқҳои онҳо ҳимоя карда шавад. Тибқи маълумот то имрӯз 60 блоггер дар Ассотсиатсия қайди ном кардаанд.
Саволе пайдо мешавад, ки таъсиси Ассотсиатсияи блоггерони Тоҷикистон дар самти фаъолияти дурусти блоггерон дар доираи чаҳорчӯбаи ахлоқ чӣ корҳоро карда метавонад?
Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, блоггери фаъол, доир ба суоли мо чунин посух дод: “Таъсиси Ассотсиатсия шояд дар аввал кори хуб бошад, аммо он то кадом андоза натиҷаи нек медиҳад, вақт муайян мекунад. Барои ба чаҳорчӯбаи дурусти фаъолият даровардани блоггерон, бояд, пеш аз ҳама, онҳоро муттаҳид кунад. Аммо ба андешаи инҷониб ин кори саҳлу осон нест. Зеро аксари блоггерони мо бо дашному таҳқири якдигар соҳиби тамошобин гардидаанд”.
Ин моро ба куҷо бурда мерасонад?
Агар ба 10 соли қаблии сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ назар кунем, аудитория нисбатан кам буд.
Ҳамчунин, он замон нисбати имрӯз мавқеъ пайдо кардан хеле осон буд. Ҳамагӣ бо гузашти 10 сол фазои интернетро ончунон пур кардаанд, ки дигар аз тамошобин дида (ба истилоҳ) блоггер зиёд шудааст. Ҳатто хонандагони мактаб ва кӯдакони хурдсолро низ ба ин корҳо ҷалб кардаанд. Дар фарҳанги мо рост намеояд, ки кӯдаки се-чорсоларо чунин суханҳо омӯзонанду дар сомонаҳои иҷтимоӣ пахш кунанд ва бо истифода аз онҳо маблағ кор кунанд.
Ҳуриннисо Ализода, рӯзноманигор ва ҷомеашинос, изҳор медорад, ки ҳама гуна иттилоърасонӣ, чӣ андешаи поку беолоиш ва дақиқ бошад ва чӣ андешаи пучу беасос ва сафсата, ба мафкураи шахс таъсир мерасонад: “Мо дигар чизеро интизор шуда наметавонем, нодуруст пешниҳод шудани шеър, наср, хабар ва ғайраҳо завқи мардумро паст мекунад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон ашхоси маданӣ ин чизҳоро маҳкум мекарданд ва оянда низ хоҳанд кард. Аммо чӣ илоҷ?
Дар баробари рӯйидани гиёҳҳои фоидаовар, инчунин рӯйидани гиёҳҳои зараррасон, метавонад мисоли оне бошад, ки дар ҷомеа низ ашхосе ҳаст, ки фарқи байни хабари ҳирфавиро аз хабари кӯчагӣ намедонад. Аз ин рӯ, гуфтан наметавонем, ки ин моро ба куҷо бурда мерасонад”.
Агар ҷомеашинос ба кадом муҳит расидани ҷомеи блоггериро як муаммои сарбаста ҳисоб кунад, пас мо чӣ гуфта ҳам метавонем? Қазовати ин нуктаро ба хонанда вогузор мекунем.
Чӣ бояд кард?
Барои дар як чаҳорчӯбаи муайяни этикӣ фаъолият кардани блоггерон чӣ бояд кард? Диловар Сафаров, блоггери шинохтаи кишвар, чунин ибрози андеша менамояд: “Дар ин самт нафақат блоггерон, ҳамчунин бояд мардумро низ ҷалб кунем. Дар навбати аввал, агар мо тавонем, ки блоггерро ба дигар самт ҷалб кунем, бозор холӣ мемонад ва мардум худ ба самти лозима мегарданд. Роҳи дигар ин аст, ки бояд фаъолияти шабакаҳоро манъ кард”.
Манъи фаъолияти шабакаҳои интернетӣ, ки аксаран блоггерон тавассути онҳо навор пахш мекунанд, агар баста шавад, ин як воситаи зӯран пеши роҳи фаъолияти онҳоро гирифтан мешавад ва шояд ба хотири даромад ба даст овардан, минбаъд дуруст фаъолият кунанд.
Аммо рӯзноманигор, Ҳуриннисо Ализода мегӯяд, ки бояд журналисти касбӣ тарзе фаъолият кунад, ки мавқеи блоггерро танг кунад ва барои фаъолияти онҳо имконият надиҳад. Оё барои пеши роҳи блоггеронро гирифтан, худи онҳо иҷозат медиҳанд?
Ба ҷойи Хулоса ё чанд пешниҳод аз муаллиф
Агар ба фаъолияти имрӯзаи ҷомеаи блоггерӣ назар кунем, воқеан ҳам, хело нигаронкунанда аст, ки як кӯдаки тоҷик чунин суханҳоро омӯхтааст, як духтари тоҷик бо чунин тарз худро намоиш медиҳад, як мӯйсафед ба синну соли худ нигоҳ накарда, суханҳои пучу сафсата мегӯяд. Агар имрӯз пеши роҳи ин нобасомониҳои сомонаҳои иҷтимоӣ ва шабакаҳои интернетӣ гирифта нашавад, ояндаи фарҳангу маданиятро пешбинӣ кардан душвор мешавад...
Барои пешбурди беҳтари муҳтавои маводи блоггерон ва ба чаҳорчӯбаи муайяни фаъолият даровардани кори онҳо чанд пешниҳод дорем:
- рақобати солим зиёд гардида, муҳтавои маводи блоггерон беҳтар карда шавад;
- маводе таҳия гардад, ки тавонад завқи тамошобинро боло бардорад;
- категорияи синнусолӣ дар маводи блоггерон муайян карда шавад;
- волидайн назорат баранд, ки фарзандон чӣ тамошо мекунанд;
- шабакаҳои иҷтимоии миллӣ ташкил дода шаванд.
Ҷасури ҚИЁМИДДИН,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...