Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов таъмир мегардад


Роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов таъмир мегардад



Бо дастгирии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва ҷалби соҳибкорони ватанӣ таъмиру барқарорсозии роҳи мошингарди Ховалинг — Шугнов шуруъ гардид.

Мавриди тазаккур аст, ки 25 километри роҳи мазкур дар арафаи 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мумфарш гардида буд. Дар натиҷаи боронҳои сел ва фуромадани ярч баъзе мавзеъҳои ин роҳ таъмирталаб шуданд. Дар корҳои барқарорсозии роҳ техникаи муосир ва беҳтарин мутахассисони роҳсоз ҷалб гардидаанд.

Ба иттилои масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, дар баробари барқарорсозӣ ва таъмири роҳ дар ин масир, новаҳои обгузар ва ҷӯйборҳои канорӣ низ таъмир карда мешаванд.

Ба истифода супоридани қитъаи роҳи мазкур имкон фароҳам овард, ки сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати деҳоти "Шугнов" бо нақлиёти сабукрав ба маркази ноҳия ва пойтахти мамлакат сафар намоянд. Дар оянда мумфаршкунии пурраи роҳи мазкур то маркази Ҷамоати деҳоти "Шугнов" ба нақша гирифта шудааст.

Бояд гуфт, ки сокинони ноҳияи Ховалинг бо мақсади дар сатҳи баланд истиқбол намудани 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ҳашар ташкил намуда, дар ободу зебо гардонидани маҳалли зист, назди ташкилоту корхонаҳо ва гулгашту хиёбони ноҳия саҳм мегузоранд.

Ин навбат кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилот ва сокинон ба тоза намудани фурудгоҳи ноҳия машғул гардиданд.

Иштирокдорони ҳашар майдони ҳавоӣ, гирду атрофи фурудгоҳ ва ҷӯйборҳоро тоза карда, 15 куб партовро ба ҷойҳои махсусгардонидашуда кашонида, ин мавзеъро тозаю озода карданд. Инчунин бехи дарахтонро нарм карда, гулу буттаҳоро ба тартиб дароварданд.
Дар ин ҳашар зиёда аз 300 нафар сокинони ноҳия иштирок намуданд.

http://khatlon-ruznoma.tj/

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода