Истеъдодҳои нодир
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 июн, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 381
Ҷаҳони истеъдод бекарон аст ва ҳар яке метавонад дар он ҷойгоҳи худро дошта бошад. Ҳамасола садҳо нафар кӯдакону наврасон бо донишу маҳорати баланди худ ҳамагонро тасхир намуда, истеъдоди баланди худро нишон медиҳанд. Барои муаррифию дарёфти истеъдодҳои нодир як қатор озмуну олимпиадаҳо ташкил карда мешаванд ва беҳтаринҳо мавриди қадрдонӣ қарор дода мегиранд.
шаҳри Норак кӯдакону наврасони лаёқатманд кам нестанд. Онҳоро дарёфт намудан, бо онҳо кори инфиродӣ бурдан ва барои гирифтани дониши мукаммал онҳоро ҳавасманд гардониданро Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳо вазифаи асосии худ мешуморад. Аз ин лиҳоз, Маркази дарёфт ва рушди истеъдодҳои шуъбаи маорифи шаҳри Норак чунин хонандагонро тариқи озмуну олимпиадаҳои шаҳрӣ дарёфт намуда, барои қонеъ кардани талаботи зеҳнии хонандагон омӯзгорони соҳибкасбу дорои дониши мукаммали илмиро ҷалб намудааст.
Ин аст, ки бо кӯшишу заҳматҳои шабонарӯзии омӯзгорони Маркази мазкур тайи солҳои охир сифати дониш беҳтар гардидааст. Албатта, таълиму тарбияи дуруст додани хонанда аз истеъдоду илм ва дониши омӯзгор вобастагии калон дорад. Зеро муаллиме, ки ба дили кӯдак роҳ ёфта метавонад, ба ӯ муяссар мешавад, ки шогирдони донишмандро тарбия намояд. Барои боз ҳам сайқал додан ва васеъ намудани донишу ҷаҳонбинии чунин хонандагон мебояд, онҳоро бо шабакаи умумиҷаҳонии интернет ошно сохт. Онҳоро бояд бо сомонаҳое шинос намоем, ки донишу малака ва ҷаҳонбиниашонро васеъ карда тавонанд. Бояд онҳо аз навгониҳои илми муосир ва дастовардҳои олимони мамлакат ва берун аз он бохабар бошанд.
Шогирдони муассисаҳои таълимии шаҳри Норак тайи солҳои охир дар озмуну чорабиниҳои шаҳрию вилоятӣ, ҷумҳуриявию байналмилалӣ фаъолона иштирок намуда, нуфузи шаҳр ва вилояти Хатлонро натанҳо дар ҷумҳурӣ, балки берун аз он баланд бардошта, миллати тоҷикро ба ҷаҳониён муаррифӣ намуда истодаанд.
Соли ҷорӣ хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии №3, 5, 9 ва 28-и шаҳри Норак дар олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” иштирок намуда, сазовори ҷойҳои якум ва дуюм гардиданд.
Исмоилова Омина хонандаи синфи 3-юми муассисаи таълимии №28, дар олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” аз фанни забони русӣ сазовори ҷойи дуюм ва медали нуқра гардид. Ин хонандаи фаъол дар як қатор озмуну чорабиниҳои шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ фаъолона иштирок менамояд. Шуғли дӯстдоштааш хондани китобҳои бадеӣ мебошад. Дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Ҳамроҳи модараш ба озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” тайёрии ҷиддӣ дида истодааст. Забони русиро бештар дӯст медорад ва суҳбат карда метавонад. Ба рассомӣ низ майлу рағбати зиёд дорад. Дар синф ва муассиса аллакай ҷойгоҳи худро ёфтааст, бо ҳамсинфон ҳалиму меҳрубон мебошад. Дар оянда Омина омӯзгори фанни забони русӣ шудан мехоҳад.
Як қатор хонандагон аз муассисаи таълимии №9, аз ҷумла, Пиров Умарҷон, хонандаи синфи 2-юм дар озмуни вилоятии “Хонандаи сол” сазовори ҷойи якум, Мисқолов Муҳаммадҷон, хонандаи синфи 4-уми ҳамин муассиса аз фанни математика дар олимпиадаи вилоятии “Ворисони Пешво” сазовори ҷойи 2-юм, Амиршоева Оиша дар ҳамин озмун сазовори ҷойи 3-юм гардиданд. Ҳамаи ин хонандагон дар муассиса фаъоланд. Онҳо ба ғайр аз китобхонӣ боз ҳар яке шуғли дӯстдоштаи худро доранд. Умарҷон бештар варзишро дӯст медорад, Муҳаммадҷон бошад, ба рассомӣ ва Оиша ба гулпарварӣ ва дӯхтани куртачаҳо майлу хоҳиш дорад.
Қаҳрамони навбатии мо Файзуллоева Бибиоиша хонандаи синфи 4-уми муссисаи таълимии №9 мебошад, ки моҳи майи соли ҷорӣ дар олимпиадаи байналмилалии “Кенгуру” аз фанни математика дар байни зиёда аз 27 давлати дунё ширкат варзида, сазовори ҷойи 2-юм ва медали нуқра гашта, шарафи Тоҷикистони азизро дар ҷаҳон баланд бардоштааст. Бибиоиша дар оянда духтур шудан мехоҳад ва ба ин касб бештар шавқу ҳавас дорад. Духтари ҳалиму меҳрубон аст.
Парвариши гулҳоро дар хона бештар дӯст медорад. Тағоймуродова Ҷонона бошад, аз муассисаи таълимии №3 аст ва дар озмуни вилоятии “Ворисони Пешво” сазовори ҷойи 1-ум ва медали тилло гардидааст. Инчунин, Ҷонона бештари вақти худро дар хона ба хондани шеър ва суруд мегузаронад. Дар озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” сазовори ҷойи ифтихорӣ гашта, ба даври вилоятии озмун тайёрии ҷиддӣ дида истодааст.
Мо бояд бештар кӯшиш ба харҷ диҳем, ки хонандагони болаёқату соҳибистеъдодро дарёфт намуда, барои мукаммал намудани донишу малакаи онҳо корбарӣ кунем. Аз онҳо фарзандони бонангу номус ва номбардори давлату миллатро омода созем.
Соҳиби медалҳои тиллою нуқра ва ҷойҳои ифтихорӣ аз вилоят, ҷумҳурӣ ва сатҳи байналмилалӣ гаштан бори дигар бозгӯйи он аст, ки хонандагони мо бо дониши мукаммал ва фаҳмиши муосир дар рушду пешрафти Тоҷикистон саҳми арзанда мегузоранд. Ҳоло насли калонсолро зарур аст, ки дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таълиму тарбия, дарёфту ҳавасманд намудани насли наврас саҳми худро гузорем. Зеро насли наврас ояндаи давлату миллат маҳсуб меёбанд. Барои дурахшонии ояндаи давлат аз имрӯз дастаҷамъона бояд кӯшиш кунем.
Саломат САИДОВА ,
директори муассисаи давлатии
“Маркази дарёфт ва рушди
истеъдодҳо”-и шаҳри Норак
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...