Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Кӯдакон саодатовари зиндагонианд


Кӯдакон саодатовари зиндагонианд



Паёми табрикии раиси вилояти Хатлон ДавлаталӢ Саид бахшида ба РӮзи байналмилалии Ҳифзи кӮдакон

Кӯдакони хушбахти замони истиқлол, фарзандони гиромӣ!


Ҳамасола рӯзи якуми июн дар кишварҳои ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил мегардад, ки Тоҷикистон низ аз шумораи чунин кишварҳост. Бо истифода аз фурсат шумо - кӯдакони соҳибиқболи замони истиқлоли диёри файзбори Хатлонзаминро самимона табрику таҳният гуфта, бароятон амонию шодкомӣ, сиҳатмандию комёрӣ таманно менамоям.

Ин сана ба мо – калонсолон ҳамеша ҳушдор медиҳад, ки масъулияти саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар мактаб ва оила, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда ба дӯши мост. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поки кӯдакон ҷой диҳем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ояндаи босаодати насли навраси умедбахшу ояндасоз фармудаанд: “Ояндаи ҳар як давлату ҷомеа ба насли ҷавон, насле, ки масъулияти фардои ватану миллат ба дӯши онҳо гузошта мешавад, вобаста мебошад”.

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад.

Имрӯзҳо дар дунё кӯдакон зери таҳдиди гуруснагӣ, бесаводӣ, задухӯрдҳои низомӣ, бемориҳои вазнин ва мушкилоти дигари маҳдуд шудани ҳуқуқу манфиатҳо зиндагӣ мекунанд. Бо дарназардошти аҳамияти бузурги ин масъала, Ҳукумати Тоҷикистон, хоса Пешвои муаззами миллат, аз ибтидои давраи истиқлолияти давлатӣ Конвенсия оид ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, Конвенсияи Созмони ҷаҳонии меҳнат оид ба барҳам додани шаклҳои вазнини меҳнати кӯдакон ва дигар асноди байналмилалиро эътироф карда, дар ин замина санадҳои дахлдори меъёрии ҳуқуқии кишварамонро бо муқаррароти онҳо мутобиқ намудааст.

Тоҷикистони соҳибистиқлол дар ҷаҳон аз рӯйи нишондиҳандаҳои синну сол яке аз давлатҳои ҷавон ба ҳисоб рафта, фоизи беши сокинони мамлакатамонро кӯдакону наврасон ташкил медиҳанд. Онҳо таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсияи худ давлати иҷтимоист ва барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла гурӯҳҳои ниёзманду камбизоати аҳолӣ, вазифадор мебошад. Инчунин ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, барои табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти кишвари мо ба таҳсил фаро гирифтани кӯдакону наврасон мебошад. Давлат таълими умумии асосии ҳатмии ройгонро дар муассисаҳои таҳсилоти давлатӣ кафолат медиҳад.

Имрӯзҳо бо дастгирии Ҳукумати Тоҷикистон ва ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти кӯдакон, наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ  гарданд.

Ҳамасола садҳо адад муассисаҳои таълимӣ аз таъмири хушсифат бароварда шуда, даҳҳо мактабҳои замонавии муҷаҳҳаз бо воситаҳои муосири таълимӣ бунёд ёфта, зербинои моддию таълимии муассисаҳои таҳсилоти умумӣ рӯз то рӯз мустаҳкамтар гардида, таъминоти онҳо бо мизу курсӣ, асбобу ашёи таълимӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамони техникӣ ҳалли худро ёфта истода, баҳри беҳдошти вазъи таълиму тарбия заминаҳои хуб  фароҳам оварда истодаанд.

Эътибори ҷиддӣ додан ба бачагони болаёқат, муҳайё намудани шароити мусоид барои таълиму тарбияи босифати онҳо низ аз масъалаҳои бағоят муҳими рӯз ба ҳисоб меравад, ки дар мадди назари Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят қарор дорад. Ҳамзамон, ғамхорӣ намудан ба кӯдакони ятиму бепарастор, дастгирии иҷтимоии кӯдакони маъюб ва оилаҳои камбизоат яке аз самтҳои асосии фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ба ҳисоб меравад.

Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шуда, ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявӣ, олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ оид ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баргузор мегардад, ки ғолибони озмунҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ аз лиҳози моддиву маънавӣ қадрдонӣ ва ҳавасманд гардонида мешаванд. Ҳамаи ин боиси тадриҷан рушд ёфтани сифати таҳсилот, ба тадриҷ боло рафтани донишандӯзии хонандагон гардида, имкон медиҳад, ки хонандагон ба як қатор комёбиҳо ноил шаванд. Қобили қайд аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» маҳз барои тарбияи инсон, ба хотири тақвият бахшидани сармояи зеҳнии фарзандон ва рушди захираҳои зеҳнии инсон таҳия шудааст. Дар шароити раванди босуръати тараққиёти ҷомеа, бесобиқа рушд намудани технологияи муосир тақвият бахшидани корҳои тарбиявӣ барои баланд бардоштани сармояи зеҳнӣ ҳамчун махзани истифодаи мақсадноки захираҳои инсонӣ нақши калидӣ дорад.

Бо ташаббуси бевоситаи Пешвои муаззами миллат баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ва «Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» ҷиҳати баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, рушди тафаккури техникӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвастани илм ба истеҳсолот нақши бузурге доранд.

Боварӣ дорам, ки фарзандони мо, насли навраси имрӯза аз ин сулҳу субот ва неъматҳои даврони соҳибистиқлолӣ сипосгузорӣ намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро ба таҳсил ва омӯхтани илму ҳунар ва фарҳанги муосир равона намуда, дар таҳкими истиқлолияти комили кишвар, рушди босубот ва шукуфоии Тоҷикистони азизамон нақши арзанда мегузоранд.

Бо истифода аз ин фурсати муносиб Шумо - дӯстони хурдсол, устодон, падару модарон ва дар симои шумо кулли насли навраси вилоятро ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик гуфта, ба шумо тани сиҳат, дониши хубу аъло ва дар кору зиндагиатон барору комёбиҳоро таманно менамоям.

Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборак, ҳамдиёрони азиз!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода