Сарҳадбон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 582
Ду ҷавон дар боғи истироҳатӣ ин тарафу он тараф мегаштанду мисли оне, ки бори аввал чунин манзараро медида бошанд, гаштаву баргашта акс мегирифтанд, диққати дигар ҳозирини боғистироҳаткунандагонро ба худ ҷалб намуданд. Билохира, тоқати яке аз истироҳаткунандагон тоқ шуду бо онҳо ҳамсуҳбат гардид ва маълум шуд, ки сарҳадбон будаанду дар рухсатӣ қарор доштаанд ва акнун ба тамошои боғ баромадаанд. Миш-миш миёни дигар истироҳаткунандагони боғ сар шуд. Боз ҳамон қазоват карданҳо...
-Инҳо чӣ хел сарҳадро бонӣ мекарда бошанд-а?
Фарбеҳиашонро бинед. Дуруст давида метавониста бошанд? Ақаллан машқ мекарда бошанд?
-Ана гапро бин. Наход “фарбеҳӣ” барои сарҳадбон айб бошад? Чаро барои раис айб набудааст, барои вазир айб набудааст, барои муаллим айб набудаасту барои сарҳадбон “айб” бошад? Табиист, ки вақте шароит хуб бошад, одам “тануманд ва солим” мешавад. Имрӯз дар қисмҳои низомӣ аскарбачаҳо шароити хуби хизматро доранд. Онҳо аз хӯрду хӯрок, ҷойи хобгоҳи замонавӣ ва толорҳои варзишӣ бархӯрдоранд. Аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта будан, ҳанӯз нишони фарбеҳӣ нест!
Як одами солхӯрдаи асабинамои дигар, ки гӯё дам мегирифт, бо иддао гуфт:
- Охир ҳамаи аскарбачаҳо дар хизмати ҳарбӣ ба варзиш бештар машғуланд, барои ҳамин онҳо “здоровый” мегарданд.
Бубинед, ки бо як баҳона, яъне фарбеҳии корманди ҳарбӣ чӣ қадар қазовату суханҳои пасту баланд шуд. Магар ин адолат аст?
Охир боре худи шумо ҳаётатонро бо ҳаёти сарҳадбонон муқоиса кардаед? Оё боре ба худ гуфтаед, ки сарҳадбон кист?
Сарҳадбон онест, ки рахти хобаш сангар аст, то хоби шумо рӯи болини пар бошад.
Сарҳадбон онест, шаб то саҳар чашм бар тарафи муқобил бедор аст, то чашмҳои шумо бехобӣ накашад.
Сарҳадбон онест, ки моҳҳо аз оилаи худ дур мегардад, то шумо бо оилаҳои худ сарҷамъ бошед.
Шумо шабу рӯз дар даст телефоне доред, ки вазифаи компютеру видеокамераву телевизиону радиоро иҷро мекунад ва бе он як лаҳзаи умратонро тасаввур намекунеду ҳар дақиқа мунтазири як хабари навед. Аз кулли навгониҳои илмиву адабиву фарҳангиву ҳаёти шахсии ситорагону блоггерон хабар доред. Аммо барои сарҳадбон манзари тамошо ҷуз симхорҳои печидаву кӯҳҳои наздисарҳадӣ ва ситораҳои то субҳ чашмакзананда, ки ӯро аз ғафлат нигоҳ медоранд, чизи дигаре нест ва ӯ мунтазири иҷрои фармонест, ки амнияти шуморо таъмин мекунад.
Бубинед, фарқият аз куҷо то куҷо. Ва шумо боз ҳам қазоват мекунеду қазоват мекунед...
Маҳҷуб , «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...