Пешвои миллат - асосгузори сиёсати давлатии ҷавонон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 23 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 446
Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар бо сиёсати ҷавонпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти сиёсати давлатии ҷавонон ва дастгирии ин қишри ҷомеа таҳаввулоти ҷиддӣ ба вуқӯъ омад. Яъне татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ таҳти таваҷҷуҳ ва назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Ҳамин аст, ки Президенти мамлакат дар мулоқот бо ҷавонони кишвар чунин таъкид намуданд: “Мо хуб дарк мекардем, ки таваҷҷуҳ ба ҷавонон ғамхорӣ барои ояндаи миллати тоҷик ва таҳкими неруи давлати Тоҷикистон мебошад”.
Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба сиёсати давлатии ҷавонон, ҳамчун бахши стратегӣ диққати махсус зоҳир намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»-ро 13 майи соли 1992, №562 қабул кард. Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоию иқтисодии тарбия, ташаккул ва камолоти ҷавононро муқаррар намуда, принсипҳо ва тадбирҳои татбиқи сиёсати давлатро дар соҳаи истифодаи пурсамари неруи зеҳнӣ ва маънавии онҳо, ки ба манфиати ҷамъият равона мешавад, муайян мекунад.
Маҳз, таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баланд бардоштани нақши ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа, муҳайё сохтани шароити мусоид барои таълиму тарбияи онҳо, илму касбомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои муосири иттилоотию коммуникатсионӣ тамоми шароити зарурӣ муҳайё карда шудааст. Албатта, ҷалби ҷавонон ба илм ва азхудкунии техникаву технологияҳои муосир аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ буда, омили асосии рушди неруи инсонӣ ба шумор меравад.
Барои ҳалли мушкилоти ҷавонон, роҳандозии тадбирҳои амалӣ вобаста ба тақвияти фаъолияти онҳо дар ҷомеа, таъмин кардани иштироки фаъоли ҷавонон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар аз тарафи Ҳукумати мамлакат давра ба давра иқдомоти мушаххас амалӣ гардид. Роҳбари давлат зимни суханрониашон зикр доштанд: “Тайи қариб сӣ соли соҳибистиқлолӣ дар кишвари мо заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкиливу инфрасохтории сиёсати давлатии ҷавонон ташаккул ёфта, даҳҳо санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул ва маҷмӯи масъалаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ, ки бевосита ба ҷавонон дахл доранд, ҳаллу фасл карда шуданд”.
Ҳамзамон, бо мақсади баланд бардоштани шавқу завқи ҷавонон ба омӯхтани илму дониш, пеш аз ҳама, илмҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ, кашфиёту навоварӣ, тавсеаи ҷаҳонбинии онҳо ва ҳавасманд гардонидани ҷавонони болаёқату соҳибмаърифат, ки метавонанд, дар оянда барои пешрафти давлат ва ҷомеа саҳми босазо гузоранд, аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон, бевосита Роҳбари давлат стипендия ва ҷоизаҳои гуногун таъсис дода шуданд.
Таҳия ва қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқии татбиқкунандаи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҷавонон, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон барои то соли 2030, Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2019-2021, Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонон барои солҳои 2018-2022, таъсиси Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, стипендияи байналмилалии “Дурахшандагон”, стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои донишҷӯёну хонандагони аълохон, квотаи президентӣ барои таҳсили ҷавонони лаёқатманд дар муассисаҳои олии дохилу хориҷи кишвар аз тадбирҳои муҳими давлатие мебошанд, ки ба рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мамлакат равона гардидааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ чунин таъкид намудаанд: “Вақте мо ҷавононро умеди фардои кишвар, неруи созанда ва захираи стратегии давлату миллат меномем, ин суханон танҳо шиор набуда, балки маҳз ба ҷавонон вобаставу пайваста будани ояндаи давлату миллатро ҳамчун як воқеият баён менамоянд, зеро давлат ва миллате, ки дар бораи насли ҷавони худ андеша мекунад, дар асл ояндаи худро таъмин ва устувор месозад. Маҳз ба ҳамин хотир, дар яке аз суханрониҳоям гуфта будам, ки «Рӯ овардан ба ҷавонон – рӯ овардан ба оянда» мебошад”.
Яке аз иқдомҳои беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои ҷавонон ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар соли 2015 дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон таъсис дода шуд, ки моҳи майи соли 2016 ҷаласаи нахустини шӯрои мазкур баргузор гардид. Дар он масъалаҳои марбут ба ҳаёт ва фаъолияти ҷавонон, татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, рафъи камбудиҳои ҷойдошта, дастгирии соҳаи варзиш ва тарғиби тарзи ҳаёти солим баррасӣ шуданд.
Мавриди зикр аст, ки нақши ҷавонони кишвар дар таҳкими ҳокимияти давлатӣ беназир мебошад. Ҳоло дар дастгоҳи давлатӣ, алалхусус дар ҳокимияти иҷроия, қонунгузор ва судӣ ҷавонони кишвар кор ва фаъолият намуда истодаанд. Имрӯзҳо дар Суди вилояти Хатлон бештар кормандони ҷавон ба чашм мерасанд, ки ин, бешубҳа, дастгирии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷавонон мебошад.
Ҷавобан ба ҳамаи ин ғамхориву дастгириҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷавонони моро зарур аст, ки бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ дар ҷаҳони пуртазоди муосир Тоҷикистони соҳибистиқлол ва манфиатҳои давлату миллатро ҳифз намоянд. Ҳамчунин, онҳо фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.
Неъмат МИРЗОЗОДА,
Баҳром ГАДОЗОДА,
Маҷид АҲМАДЗОДА,
судяҳои Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...