Иштироки 66 соҳибкор дар даври вилоятии озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 май, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Хабарҳо, Боздид 443
Дар шаҳри Бохтар озмуни «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» баргузор шуд.
Дар баргузории озмун маҳсули корхонаҳои саноатӣ, аз ҷумла маҳсулоти ширӣ, гӯштӣ, шириниҳо, масолеҳои сохтмонӣ, дӯзандагӣ ва инчунин дигар маҳсулоти коркарди саноатӣ ба намоиш гузошта шуд.
Муовини раиси вилоят Заробиддин Файзуллозода бо меҳмонон аз намоиши маҳсули корхонаҳои саноатӣ дидан намуда, бо фаъолони корхонаҳо оид ба истеҳсоли маҳсулот ҳамсуҳбат шуданд.
Иброз гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, пайваста аз ташаббусҳои соҳибкорони мамлакат ҷонибдорӣ менамояд. Маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ соҳибкорӣ рушди тоза ёфта, дар мамлакат садҳо коргоҳу корхонаи истеҳсолӣ бунёд ёфт.
Вобаста ба эълон гардидани Солҳои рушди саноат (2022 – 2026) дар вилояти Хатлон корхона ва коргоҳи нави саноатии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфта, истеҳсолотчиёни ватанӣ ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, ивазкунандаи воридот, муаррифии давлату миллати тоҷик комёб шуда истодаанд.
Воқеан, саноат муҳаррики асосии иқтисодиёт маҳсуб мешавад. Тавре Президенти мамлакат борҳо таъкид намудаанд, «рушди соҳаи саноат ба таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии маҳсулот замина мегузорад».
Аз ин нигоҳ, имрӯз соҳибкорони мо супоришу ҳидоятҳои созандаи Президенти мамлакатро сармашқи кори худ намуда, азму талоши комил доранд, ки бо бунёди коргоҳу корхонаҳои нави саноатии бозгӯ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ маҳсулот истеҳсол кунанд, рушди босуръати саноатро таъмин намоянд, бо маҳсулоти ватанӣ давлату миллати тоҷикро дар ҷаҳон муаррифгар бошанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ва зерсохторҳои он дар вилоят ба рушди соҳибкорӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазиру воридотивазкунанда мусоидат менамоянд ва таваҷуҳи хосса доранд.
Хатлонзамин дорои маконҳои таърихӣ буда, диёри сайёҳӣ маҳсуб мешавад ва маҳсули дасти занони тоҷик, бахусус ҳунарҳои мардумӣ тариқи сайёҳон дар дунё муарифи фарҳангу ҳунари сокинони вилоят гардидааст.
Ба даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматрасонии беҳтарин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 66 соҳибкор аз рӯи панҷ номинатсия — маҳсулоти хӯрокворӣ – 23 дархост, маҳсулоти саноатӣ – 11, ҳунарҳои мардумӣ – 12 дархост, хизматрасонии хӯроки умумӣ – 14 ва хизматрасонии меҳмонхонаҳо – 6 дархост ба комиссияи вилоятии ин озмун пешниҳод гардида буд, ки ғолибон бо Ифтихорномаву Сипоснома қадрдонӣ карда шуданд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...