Дар тарбияи фарзанд ҳама масъулем
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 26 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 960
Фарзанд барои инсон неъмати бебаҳо буда, дуруст таълим додан ва тарбия намудани он барои падару модар шарт ва зарур аст. Дар рӯҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намудани фарзандон дар ҷомеаи мутамаддин аз бисёр ҷиҳат манфиатбахш аст. Ҳоло, ки раванди босуръати ҷаҳонишавӣ тамоми кишварҳоро фаро гирифтааст, мо бояд фарзандони худро беназорат ва бемаълумот нагузорем.
Таълиму тарбияи фарзанд мушкилиҳои зиёд дорад. Бо вуҷуди ин, фарзанд чун пораи ҷигарамон асту Худованд меҳри падариву модариро ба мо насиб гардонидааст, аз ҳамаи душвориҳо наҳаросида, баҳри дар ҷомеа тарбияи дурусти фарзандамонро ба роҳ мондан саъю кушиш менамоем. Бисёрҳо мушоҳида мешавад, ки падару модарон кӯдакони худро зери назорат намегиранду ба дигар корҳо машғул мешаванд, ки ин барои фарзанд шароит фароҳам меоварад, то ба ҳар гуна корҳои зишт даст занад. Беназорат гузоштани фарзандони хурдсол ва бе ҳамроҳии нафаре ба кӯчаю хиёбонҳои шаҳр равон намудани онҳо боиси нигаронист. Ин амал метавонад аксар вақт ба нохушӣ анҷомад. Аз ин рӯ, дар даромадгоҳи шаҳри Кӯлоб дар болои бинои баландошёнаи истиқоматӣ навиштаҷоти “Бачагонро бе назорат нагузоред!”-ро дидан мумкин аст, ки он як навъ таъкид ба падару модарон аст.
Дар фаъолияти ҳаррӯзаамон бо бисёр ҳодисаҳое рӯ ба рӯ мешавем, ки аз сабаби беназорат гузоштани фарзандон аз ҷониби падару модарон онҳо ба ҳар гуна ҳаракату ташкилотҳои ғайриқонунӣ шомил мешаванд, ё ин ки ба садамаҳои нохуши нақлиётӣ дучор мешаванд. Бинобар ин, зарурат пеш омад, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қабул карда шуд.
Мақсади қонуни мазкур, пурзӯр намудани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои фарзанд мебошад.
Дар моддаи 8-и қонуни мазкур, ки бо унвони “Уҳдадориҳои падару модар дар тарбияи фарзанд” номгузорӣ шудааст, чунин омадааст: “Бе ҳамроҳии шахси болиғ гаштугузор кардани фарзанди то шонздаҳсоларо дар ҳудуди биною иншооти техникӣ, таҳхонаҳо ва болохонаҳои биноҳои истиқоматӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, дигар ташкилотҳо, ҳудуди нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ, саристгоҳҳои роҳи оҳан, фурудгоҳҳо ва саристгоҳҳои нақлиёти мусофирбар манъ намоянд”.
Аз мавриди истифода қарор гирифтани қонуни мазкур ҳарчанд 13 сол сипарӣ шуда бошад ҳам, аммо ҳастанд нафароне, ки бо вуҷуди он аз уҳдадориҳои худ сарфи назар намуда, таълим ва тарбияи фарзандони ноболиғи худро ба зиммаи муассисаҳои таълимӣ мегузоранд, ки ин амали онҳо оқибат ба пушаймонӣ оварда мерасонад. Моддаи 6-и қонуни номбурда бознигари масъалаи мавриди назар аст: “Падару модар, новобаста ба он ки якҷоя ё ҷудо зиндагӣ мекунанд, дар таълиму тарбияи фарзанд ҳуқуқ ва уҳдадориҳои баробар доранд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон”. Дар сурати иҷро накардани талаботҳои қонун падару модар тибқи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. Ҳамин тариқ, як нафар сокини ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон Б. М. Бурихонов моҳи октябри соли 2007 бо шаҳрванд Шарипова Бибихол оила барпо намуда, аз зиндагии якҷоя соҳиби 4 фарзанд гардиданд.
Онҳо беназоратиро ихтиёр намуда, рӯзи 16 июли соли 2019 се фарзанди ноболиғашонро дар соҳили дарёи Тоҳирсӯйи Ҷамоати деҳоти “Ҳусайнобод”, деҳаи Қарақамиши ноҳияи Темурмалик, ки аз тарафи “Кооперативи роҳсозӣ ва кӯпруксозии Хитой” истеҳсоли сангу шағал канда ва коркард карда шудааст, аз беэҳтиётӣ дар чуқурии ин мавзеъ афтида, ба ҳалокат расиданд. Шаҳрванд Бурихонов ҳамаи мушкилотро бо айби ҳамсараш маънидод намуда, ӯро пайваста зери лату кӯб қарор медиҳад ва ин боиси ба худкушӣ даст задани ҳамсараш мегардад.
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Хатлон 14 декабри соли 2022 дар шаҳри Кӯлоб ҳукми суди ноҳияи Темурмаликро аз 28 сентябри соли 2022, ки бо он Бурихонов Б.М. бо моддаи 109 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкушӣ оварда расонидан) ва моддаи 170 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (дузанагӣ) ба муҳлати 6 солу 8 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр маҳкум карда буд, бетағйир монд. Кӯдаки ноболиғи дигари онҳо Бурихонов С.Б., соли таваллудаш 24 августи 2008, бе сарпаноҳ монд.
Беназоратӣ ва бетарафӣ зоҳир намудан нисбати фарзандони ноболиғи худ боиси гирифтор шудан ба ҷазоҳои маъмурӣ, ҳатто амалҳои ҷиноятӣ шуданаш мумкин аст. Як ҳолати беназорат мондани фарзандон бинед, ки ба чӣ нохушӣ оварда расонд. Дар натиҷа, як оила вайрон ва се нафар ба ҳалокат, як нафар аз ҳаёт маҳрум, як нафар маҳбас ва як ноболиғи дигар бесарпаноҳ монд.
Мо-падару модарон, бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, то фарзандони мо бо омӯхтани илму дониш роҳи худро мунаввар намоянду парчами ватанамонро баланд бардоранд. Дар таълиму тарбияи фарзанд масъул ва аз рафти тадриси ӯ огоҳ бошем. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” низ омадааст: “ Боварӣ дорем, ки минбаъд падару модарон ба таълиму тарбияи фарзандонашон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва бо ин роҳ ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ ва корҳои ношоиста хотима мегузоранд”.
А. Ашӯрзода,
судяи Суди вилояти Хатлон,
С. Умаров,
омӯзгор, машваратчии
халқии Суди вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...