Ҷалби 71 миллион $ сармояи хориҷӣ ба вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 13 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Иқтисоду тиҷорат / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 471
Дар давоми семоҳаи якуми соли 2023 барои ҷалби сармояи хориҷӣ тадбирҳо андешида, ба вилояти Хатлон 71 миллион доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки 60,8 миллион доллари онро сармояи мустақими хориҷӣ ташкил медиҳад. Дар ин бора муовини раиси вилояти Хатлон Акрам Сулаймонзода ба рӯзномаи "Хатлон" иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса нисбат ба соли 2021-ум 2,4 баробар ё ин, ки 43,2 миллион доллар зиёд мебошад.
Ба вилояти Хатлон аз 29 давлати хориҷӣ сармоя ворид гардида, бештари маблағҳо ба давлатҳои Россия (41,7%), Чин (33,1%) ва Эрон (19,1%) рост меояд.
Манбаъ афзуд, ки дар вилояти Хатлон 43 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ шуда, маблағи азхудшуда ба 863,0 миллион доллари амрикоӣ баробар мебошад.