Фардо чу садаф маро зи дарё ҷӯянд
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 507
Шеър асту суруд асту сухан болу пари мо,
Дар синаи мо меҳри Ватан бому дари мо.
Дар рушду нумуи адабиёти бадеӣ дар баробари қаламкашони марказҳои адабӣ эҷодкорони ҳавзаҳо ва доираҳои адабии минтақаҳо низ саҳми муносиб доранд. Қаламкашони ҳавзаҳо ва доираҳои адабии берун аз маркази Тоҷикистон чун анъанаи неки ниёгони баруманд дар ҳаёти фарҳангӣ ва иҷтимоии ҷомеа ширкати фаъолона дошта, бо асарҳои худ ба хонандагон масъулияти ватандорӣ, ифтихори миллӣ, зиндагишиносӣ ва зебоиписандӣ илқо менамоянд. Баъзан адабиётшиносон ва мунаққидони тоҷик адибони соҳибистеъдодро танҳо аз маркази ҷумҳурӣ ҷӯё мешаванд. Раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим ба ин ақидаи ғалат чунин эрод гирифтааст: «Албатта, нақши муҳит бузург аст, лекин агар истеъдоду омӯзишу маҳорат бошад, дар «ноҳия» ҳам «ҳама чиз шудан» (агар мақсад шоири хубу манзури алоқамандони шеър шудан бошад) мумкин аст. Мисоли равшан – Фарзона, Муродӣ, Озар, Озарахш ҳам инро исбот кардаанд».
Яке аз шоироне, ки 100 сол пеш аз ин (моҳи марти соли 1922) дар деҳаи Амринги ноҳияи Даштиҷум (ноҳияи Шамсиддин Шоҳини имрӯза) ба дунё омада, баъди хатми омӯзишгоҳи омӯзгорӣ ва Институти муаллимтайёркунии шаҳри Кӯлоб аввал дар минтақаи Кӯлоб ва баъд дар Вахшонзамин ба фаъолияти муаллимӣ ва рӯзноманигорӣ мепардозад, Ғафур Мулло мебошад. Айёми бачагӣ ва наврасии шоири оянда, чи хеле ки аз шеърҳои «Бачагӣ» ва «Хаёли бачагӣ» бармеояд, бо душвориҳо ва маҳрумиятҳои ятимӣ сипарӣ шудааст:
Дар пайраҳаи адир танҳо
Раҳгумзада беназора будам.
Ман сер надида рӯйи модар
Бишкастадилу сағера будам.
Ғафур Мулло ҳанӯз ҳангоми таҳсил дар омӯзишгоҳи омӯзгорӣ машқи шеър мекард ва баъдтар дар маҳфилҳои адабӣ фаъолона ширкат варзида, дар доираҳои адабии Кӯлоб ва Вахшонзамин чун шоири ҳунарманду рангинхаёл эътибор пайдо намуд.
Фаъолияти рӯзноманигорӣ, ошкорбаёнӣ ва фош намудани ғаразҳо ва мақсадҳои нопоки ҳаннотону манфиатпарастони ноинсоф, ки баъзан ба мансабҳои баланд соҳиб шуда, садди роҳи рушди ҷомеа мегардиданд, ба зинагии шоири якрӯю якзабон таъсир расонда, душвориҳо меоварданд. Ин тоифаи худкома бо ҳар роҳу восита ба роҳи қаламкашии Ғафур Мулло монеа мешуданд ва ҳатто ба он ноил гардиданд, ки шоирро 7-уми ноябри соли 1968 бе ҳеҷ далелу санад ба маҳкама кашанд ва ӯ як соли умри азизро дар ҳабс сипарӣ намояд.
Нотавонбинони кинахоҳ ҳамеша дар камин буданд ва ба ҳар восита ба адиб озори рӯҳӣ мерасониданд. Ин ғояти ноодамиро боз аз он ҳам дарк кардан мумкин аст, ки аввалин маҷмуаи ашъори шоир бояд соли 1963 бо дастгирии устод Мирзо Турсунзода ба табъ мерасид, вале мухолифон то тавонистанд ба чопи он монеъ шуданд ва танҳо соли 1987, баъди 20 сол, дар айёми бозсозии горбачёвӣ, дар синни 67-солагии шоир, маҷмуа бо номи «Шадда» ва сарсухани шоири хушбаён Ашӯр Сафар аз тариқи нашриёти «Адиб» дастраси хонандагон гардид. Ин аст ки Ғафур Мулло айёми бозсозиро гарму ҷӯшон пешвоз мегирад ва онро «Инқилоби бозсозии бузург» ном мебарад. Шоир дарҳол бо рӯҳи болида маҷмуаи дувуми ашъорашро тайёр менамояд, ки он бо номи «Ҳарфи дил» соли 1991 ба манзури хонандагон пешниҳод мешавад. Ба гуфти зиндаёд Ҳасани Муродиён, «аммо рӯҳи шоири ҳақиқатҷӯй лаҳзае шикаста намешавад ва як нафас аз роҳи мубориза ба қаллобону хушомадгӯёну ҳаромхӯрон барнамегардад».
Рӯҳи шикастнопазири шоир ва сари таъзим фуруд наовардан назди мунофиқони ҳақношинос дар шеъри «Туро бо шеър хоҳам кушт» басо возеҳу равшан ҳувайдо мегардад. Ҳамчунин, Ғ. Мулло ба мухолифони худ:
Шуҳратталабон, чаро ба ман санг занед?
Бар домани поки ман чаро чанг занед?
Фардо чу садаф маро зи дарё ҷӯянд,
Чун доси шикастае шумо занг занед,
гӯён онҳоро аз мақсадҳои нопокашон боз доштанӣ мешуд, вале вазъи сиёсии кишвар дар замони Шӯравӣ ба шоир мусоидат накард.
Мутаассифона, айёми фирӯзиву болидарӯҳии Ғафур Мулло, ки айёми бозсозӣ ба ӯ ҳадя намуда буд, дер давом намекунад ва ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба ҷисму ҷони ин шоири ҳассоси рӯзгордида таъсири бад мерасонад. Ӯ, ки аз соли 1970 боз дар водии Вахш зиндагӣ ихтиёр карда, акнун дар маркази даргириҳои ҷанги бародаркуш қарор гирифта буд, ин воқеаи нангини ба сари халқу Ватани азизаш омадаро таҳаммул карда натавонист ва охирҳои октябри соли 1992 аз ин дунёи барояш ногувор абадӣ рахти сафар баст.
Ғафур Мулло аз файзи Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бархӯрдор нашуд, вале дар айёми Тоҷикистони соҳибистиқлол номи ӯ чун шоири хушзавқу рангинхаёл ба сокинони кишвар ва ватаниву хориҷ аз он беш аз пеш муаррифӣ гардид. Соли 2014 номи Ғафур Мулло дар китоби «Адибони Тоҷикистон» дохил гардид ва соли 2016 мунтахаби ашъори шоир бо номи «Соҳили дарёи дил» аз ҳисоби фонди захиравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зевари табъ расид.
Ҳамчунин, соли 2018 бо ибтикори адабиётшинос Ҳасани Муродиён ва шогирди ӯ Маҳмурод Раҳмонов бо истифода аз бойгонии Ғафур Мулло ашъори ҳаҷвӣ ва бачагонаи шоир бо номи «Булбул,
бисаро» дастраси алоқамандон гардид.
Дар айёми соҳибистиқлолӣ мероси адабии Ғафур Мулло таваҷҷуҳи адабиётшиносону суханварони ватаниву хориҷӣ, мисли Гулназар Келдӣ, Ҳасани Муродиён, Маҷид Салим, Усмон Билолӣ ва Алиризои Қазваро ба худ ҷалб намуд ва ниҳоят муҳаққиқи ҷавон Маҳмурод Раҳмонов ҳаёт ва эҷодиёти адибро мавриди таҳлилу таҳқиқи густурда қарор дод. Шоир ва адабиётшиноси эронӣ Алиризои Қазва дар «Хуршедҳои гумшуда. Осори сад шоири тоҷик аз сад соли охир» ном асараш Ғафур Муллоро аз беҳтарин шоирони даврони шӯравии тоҷик ном бурда, афсӯс мехӯрад, ки ин шоир ҳоло ҳам дар шеъри давраи нави тоҷик шинохта нашудааст: «Ҳанӯз дар қатори номи Ҳабиб Юсуфӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ ва Мирсаид Миршакар наметавон шеъри шоири дардкашида ва гумном чун Ғафур Муллоро овард».
Ғафур Мулло ба ашъори суннатӣ таваҷҷуҳи хоса дорад ва осори ӯ ба навъҳои ғазал, маснавӣ, рубоӣ, дубайтӣ, манзума, мустазод, мусаммат ва ҷаҳорпора эҷод гардидаанд. Дар ғазал ва рубоӣ Ғ. Мулло худро пайраву шогирди Рӯдакӣ, Умари Хайём, Саъдӣ, Ҳофиз, Камоли Хуҷандӣ барин бузургони шеъру адаби форс-тоҷик медонад ва аксари ғазалҳояш дорои тахаллус мебошанд:
Субҳро дар пираҳан ман дидаам,
Наргиси шаб партавафкан дидаам.
Дар қади субҳонии болобаланд
Мӯйи шаб андар шикастан дидаам.
Дар мизони нуқтаи шеъри Ғафур
Нуктасанҷӣ дар ғазал ман дидаам.
Нисбат ба ғазал дар эҷодиёти Ғ. Мулло рубоӣ ва дубайтӣ мавқеи назаррас доранд ва шоири муосир агар дар эҷоди ғазал «Ринди сармастам, бидеҳ Ҳофиз, дуо, Ҳофизи дилро ғазалхон кардаам» гӯён пайрави Ҳофиз буданашро таъкид намояд, пас дар рубоӣ аз Умари Хайём зиёда истиқбол мекунад:
Бо чашми хирад мо назар андӯхтаем,
Аз сӯзиши ҳар дил шарар афрӯхтаем.
«Хайём, ки хаймаҳои ҳикмат медӯхт»,
Дар хаймаи ӯ нақши ҳунар дӯхтаем.
Таваҷҷуҳ ба зиндагии рӯзмарра ва ҳаёти иҷтимоии ҷомеа Ғ. Муллоро водор мекунад, ки аз устодони адабиёти давраи нав, чун Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ ва осори шифоҳии халқ бештар истиқбол намояд ва ба ашъори онҳо назираҳо суруда, тазминҳо бандад. Шеъри «Забонгумкардаҳо»-и Ғафур Мулло назираи хубест ба шеъри «Забонгумкарда»-и устод Лоиқ Шералӣ:
Нокасе, ки ӯ забон гум кардааст,
Мазҳабаш ӯ ройгон гум кардааст.
Шири модар оқибат кӯраш кунад,
Аллаҳояш зиндадаргӯраш кунад.
Ғафур Мулло ба навъҳои дигари шеъри суннатӣ, аз ҷумла дар эҷоди фардиёт низ муваффақ аст. Байтҳои барҷастаи шоир ҷанбаи амиқи пандуахлоқӣ дошта, басо равону дилчасп мебошанд ва хонандаро ба ахлоқи ҳамида раҳнамун месозанд:
Ҳар нуктаро ҳадду сарҳаде мебояд,
Ҳар ҷома муносиби қаде мебояд.
Ғ. Мулло ба зиндагӣ диди фарох дорад ва қариб дар ҳаёти воқеӣ ҷанбае нест, ки мавриди тасвири бадеии шоир қарор нагирифта бошад. Махсусан мавзуъҳои Ватану ватандорӣ, сулҳу ваҳдат, хонавода ва оиладорӣ, ишқу муҳаббат, ба касбу кор ва панду ахлоқ бахшида дар ашъори шоир ҷойгоҳи муносиб доранд. Дар шеърҳои «Тоҷикистон», «Меҳри Ватан», «Душанбе», «Шоми Душанбе», «Хатлон», «Дастагул аз Даштиҷум», «Деҳа» мулки тоҷикон ва шаҳру деҳоти он чун гулистон, макони обҳои мусаффову табиати сарсабз ва кӯҳҳои сар ба фалак васф гардида, тасвир бо ҷанбаи таърихӣ ва фарҳангии худ ба хонанда ифтихори миллӣ ва эҳсоси форами ватандорӣ мебахшад:
Лабханди лабаш нақши Бухорои ниёгон,
Шуд шеъри Аҷам боз дар ин шаҳр парафшон,
Хуршед хӯрад шом чу як фарди пурармон,
Завқе барад аз шаъшааи шоми Душанбе.
Дар даврони Шуравӣ дар адабиёти бадеӣ, аз ҷумла адабиёти тоҷик, одатан, асосгузорони ғояи коммунистӣ ва давлати Шӯравӣ чун симоҳои ҷовид ҳамвора васф мегардиданд. Дар тасвири шоироне чун Ғафур Мулло бошад, симоҳои ҷовид, халқи бузургвор ва қишрҳои меҳнативу муҳофизатии ҷомеа ба шумор мераванд, зеро онҳо кафили осудаҳолӣ ва сарсабзиву боигарии ҳамватанони хурду бузург мебошанд.
Ҳамин тариқ, ашъори Ғафур Мулло бо мазмуну муҳтавои фарогир, забони фасеҳу ширадор ва ҷанбаи марғуби нигориш дар назми тоҷики баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳиссаи муносиб ҳамроҳ карда, ба наслҳои гуногуни хонандагони давраи истиқлол низ ҳушёрӣ, эҳсоси хештаншиносӣ ва масъулияти ватандорӣ талқин менамояд. Рӯҳаш шод бошад.
Аламхон Кӯчарзода,
профессор
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00