Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » БУНЁДИ 5О ГЕКТАР БОҒИ ХУЧ ФАРХОР


БУНЁДИ 5О ГЕКТАР БОҒИ ХУЧ ФАРХОР



Аз Маркази матбуоти ноҳияи Фархор ба рӯзномаи "Хатлон" хабар доданд, ки бо дастгирии роҳбари Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали ноҳия Ятимов Абдулмуъмин, дар мавзеи Кокули Ҷамоати деҳоти "Хутан"-и ноҳия дар масоҳати 50 гектар замин боғи хуч бунёд гардид.

Дар ҳашари ниҳолшинонӣ раиси ноҳияи Фархор Зариф Назирӣ иштирок намуда, барои нигоҳубини дурусти ниҳолҳои шинонидашуда ва минбаъд васеъ намудани майдони боғи мазкур ва рушд додани истеҳсоли хуч ба масъулин ва кишоварзони ноҳия маслиҳатҳои муфид дод.

Иттилоъ дода шуд, ки ин мавзеъ барои парвариши ниҳоли хуч мувофиқу муносиб буда, тибқи баҳогузории мутахассисони соҳа аз ин қитъа метавон ҳосили хуб ба даст овард.

Ҷаҳонгиршоҳ Рустамшоҳ, "Хатлон"

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода