Ватан ифтихори ман аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 1 445
Зарур аст, ки дар зеҳну шуури афроди ҷомеа сатҳи мувофиқ ва муассири масъулияти иҷтимоӣ тарбия карда шавад, то ҳар фард дар назди Ватан ва сарнавишти он барои иҷрои қарзи фарзандии худ ҳамеша омода бошад».
Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои худ чунин қайд карда буданд: «Истиқлолияти давлатии тоҷикон, ки ба мардуми мо дар даҳсолаи охири садаи бистум муяссар гардид, дар таърихи давлатдорӣ ва сарнавишти халқамон гардиши куллӣ ба вуҷуд овард ва ба марҳалаи сифатан нави рушди кишварамон оғоз бахшид. Бешубҳа, ин бузургтарин дастоварди миллати куҳанбунёди тоҷик дар тӯли асрҳо ва неъмати бебаҳо барои наслҳои ояндаи халқи мост, ки ҷовидона соҳиби давлати миллии хеш хоҳанд буд».
Ватани маҳбубамон ва миллати куҳанбунёдамон дар арафаи таҷлили шоистаи яке аз ҷашнҳои бузурги миллӣ – 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ қарор дорад.
Мавриди зикр аст, ки 32 сол дар шоҳроҳи таърих он қадар муҳлати тӯлонӣ нест, аммо дар ин муддати кӯтоҳ Тоҷикистони соҳибистиқлол бо роҳбарии хирадмандонаи фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама ҷабҳаҳо, аз бунёди давлатдории навин то ба узви ҷомеаи ҷаҳонӣ баровардани кишвари тозаистиқлол, ба дастовардҳои бузург ноил гардид.
Дар зарфи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ хусусан, дар низоми сиёсии давлатдорӣ дигаргуниҳои куллӣ рӯйи кор омадаанд. Аз ҷумла, рамзҳои мустақилии давлат - Нишон, Парчам, Суруди миллӣ қабул ва тасдиқ гардиданд. Тавассути раъйпурсии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи имрӯза амалкунанда қабул карда шуд, ки дар радифи 5 конститутсияи демократитарини дунё ҷой гирифтааст.
Бояд қайд намуд, ки дар бунёд намудани низоми сиёсии давлатдории навин Иҷлосияи таърихии-XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши арзишманд гузошт. Баъди Иҷлосияи 16-уми таърихӣ бо роҳбарии Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо мустақилияти сиёсии худро ҳифз намуда, дар ҷодаи сиёсӣ ба комёбиҳо ноил гардид. Ба расмият шинохтани Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кулли давлатҳои ҷаҳон, ба узвияти Созмони Миллали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони ҳамкориву амниятии Шанхай ва чандин созмону ташкилотҳои байналхалқӣ пазируфтани Тоҷикистон аз зумраи муваффақиятҳои мо дар соҳаи дипломатия маҳсуб меёбанд.
Дар солҳои сипаришуда, бо роҳ Бояд тазаккур дод, ки яке аз арзишмандтарин дастоварди даврони Истиқлолият ин ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ - Ваҳдати миллӣ буд, ки 27 июни соли 1997 ба тавсиб расид. Сарвари давлат ҷасурона бо сари баланд барои мардуми кишвар сулҳи деринтизорро оварданд.
Дар даврони Истиқлолият давра ба давра дар тамоми фишангҳои ҳокимият, асосҳои сохтори конститутсионӣ, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар дигаргуниҳо таҳким ёфта, пули миллӣ ба муомилот баромада, шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Таъсиси Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои давлатдорӣ мебошад, ба ҳайси сипари боэътимоди ҳифзи Ватан яке аз дастовардҳои муҳими даврони Истиқлолият ба шумор меравад. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон таъкид менамоянд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони Истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Имрӯз дар раванди ҷаҳонишавии давлатҳои абарқудрат, доман паҳн намудани терроризм ва экстремизм, воридшавии фарҳанги бегона ба созмону ташкилотҳои тундраву ифротгаро ҷалб намудани ҷавонон ҳар яки моро, хусусан ҷавононро водор месозад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, маърифати ҳуқуқии худро мунтазам баланд бардоранд.
Дар зарфи 32 соли Истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати ҷумҳурӣ дар сиёсати иҷтимоии худ адолати иҷтимоиро дар ҷойи аввал гузошта, баҳри коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ, таъмин намудани зиндагии шоистаи мардум мунтазам барномаҳои гуногуни иҷтимоиро амалӣ месозад. Давра ба давра зиёд гардидани музди маоши кормандони соҳаи буҷетӣ, нафақапулиҳо, ёрдампулиҳо ва идрорпулиҳои донишҷӯён аз дастовардҳои соҳаи иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад. Аз ҷумла, бо чунин ташабусҳои созандаи худ Сарвари давлат аз 1-уми марти соли 2023 музди маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва аз 1 июли соли 2023 музди меҳнати кормандони муассисаҳои маориф, илм, тандурустӣ, соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, стипендияҳо, андозаи нафақаи заминавиро 20 фоиз зиёд намуданд. «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани соли 2018 ва татбиқи чорабиниҳои он барои муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ҳамчун кишвари сайёҳӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолӣ, рушди ҳунарҳои халқӣ ва дар маҷмӯъ барои боз ҳам боло рафтани сатҳи зиндагӣ мусоидат менамояд.
Имрӯзҳо мардуми сарбаланди мо ба пешвози ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаҷониба омодагӣ мебинанд. Корҳои ободонию созандагӣ аз ҳар як деҳа сар карда, то ҷамоатҳои деҳоту шаҳрак ва марказҳои шаҳру ноҳияҳо бомаром идома дорад.
Истиқлолияти давлатӣ, ин соҳиби Забон, Модар, Ватан, фарҳанг ва тамаддуни куҳанбунёд будан аст ва неъмати бебаҳои ҳар як миллату давлат ба шумор меравад. Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо расем, пайваста дар пайи ободию шукуфоии Ватани азизамон бошем.
Суҳроб САЛИМӢ,
прокурори калони шуъбаи назорати умумии прокуратураи вилояти Хатлон, мушовири адлияи дараҷаи 2
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...