Истиқлолият ва рушди муассисаҳои фарҳангӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 03 апрел, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 518
«Истиқлолият нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва шарти бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад».
Ин суханони хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар яки моро водор месозад, ки Истиқлолияти давлатиамонро чун гавҳараки чашм азизу муқаддас шуморем. Истиқлолият ба маънои томаш озодӣ, тавоноию комилҳуқуқӣ мебошад. Ин маҳфуми арзишмандро сокинони кишвар дар даврони давлатсозии навин амиқ дарк кардаву дар устуворию пойдории он ҳамарӯза кӯшиш доранд.
Дар солҳои истиқлолият дар ҳама соҳаҳо, аз ҷумла соҳаи фарҳанг низ пешравиҳои чашмрас дида мешавад. Махсусан аҳли фарҳанги шаҳру навоҳии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон аз дастовардҳои замони истиқлол рӯҳбаланд буда, дилгармона дар рушди ин соҳа ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Дар тарғибу ташвиқи сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 399 муассисаи фарҳангӣ, аз ҷумла 215 китобхона, 133 муассисаи клубӣ, 14 мактаби санъат ва рассомии бачагона, 1 театри касбӣ, ансамбли «Фалак», 2 театри халқӣ, 2 филармонияи халқӣ, 7 ансамбли тарона ва рақс, 11 осорхона, 9 боғи фарҳангу фароғат ва 4 гулгашт фаъолият мекунанд. Муассисаҳои фарҳангии минтақаи Кӯлоб дар соли 2023 баҳри амалисозии сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фазои ягонаи фарҳангӣ фаъолияти хешро равона намуда, дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон , вазифаҳои дар Паёми Сарвари кишвар ироагардидаро мав-
риди иҷро қарор дода истоданд.
Ҳадафи асосии чорабиниҳои сиёсию фарҳангиро тарбияи худшиносии миллӣ, ватандӯстӣ ва муаррифии анъанаҳои бойи таърихию фарҳангии миллати тоҷик ташкил дода, дар муассисаҳои фарҳангӣ бахшида ба санаҳои таърихию фарҳангӣ, иду ҷашнҳо, аз қабили Иди Сада, Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Рӯзи фарҳанг, Наврӯзи байналмилалӣ, Рӯзи Ғалаба, Рӯзи Шашмақом ва Рӯзи Фалак силсилаи чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, мулоқоту вохӯриҳо, конференсияву семинарҳо, мизи мудаввар, фестивалу озмунҳо, маҳфилҳои адабӣ-бадеӣ, намоишҳои китобӣ, ҳунарҳои бадеии халқӣ, намоиши осори рассомон ва барномаҳои консертию театрикунонидашуда баргузор мегарданд.
Фаъолияти муассисаҳои фарҳангии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар тарғиби ҳамаҷонибаи сиёсати давлату Ҳукумати кишвар доир ба созандагию бунёдкорӣ, рушду инкишофи фарҳанги миллӣ ва тарбияи худшиносию ватандӯстии хонандагон, ташаккули афкори омма ба ҳисоб меравад.
Истиқлолият ин ифтихори ватандорӣ буда, садоқат ва худогоҳии ҳамватанонро тақвият бахшида, уфуқҳои тозаеро барои рушди бардавом боз менамояд. Аз ин лиҳоз, ҳар яки мо бояд барои боз ҳам ободу зебо гардонидани Ватани азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба воситаи донишу малака дар байни омма тарғиб намуда, дастаҷамъона саъю кӯшиш намоем.
Муҳаммадтоҳир ИСКАНДАРЗОДА,
мутахассиси пешбари бахши Раёсати фарҳанги МИҲ Д-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00