Майдони кишти зироати равғандеҳ зиёд мешавад
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 424
Дар хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии ҷумҳурӣ соли 2023 дар майдони 26936 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, ки нисбат ба соли сипаригардида 1451 гектар зиёд мебошад.
Соли 2022 дар майдони 25 485 гектар зироати равғандиҳанда кишт ва 41 716 тонна ин навъи зироат истеҳсол карда шуд. Ҳоло талаботи бозори истеъмолии мамлакат аз ҳисоби равғани истеҳсоли ватанӣ ҳамагӣ 22 фоиз таъмин гардида истодааст.
Асосан дар Тоҷикистон панҷ зироати равғандиҳанда кишт ва парвариш карда мешавад, аз ҷумла зағир, офтобпараст, кунҷит, чормағзи заминӣ ва маъсар, ки дар таркиби донашон аз 30 то 60 фоиз равған доранд. Ба ақидаи мутахассисон, заминҳои лалмии минтақаҳои вилояти Хатлон барои парвариши зироати равғандиҳанда созгор мебошанд.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...