К. Назирзода: “Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дониста мешавад”
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 641
Тайи солҳои охир масъалаи тағйирёбии иқлим ба мушкилоти ҷаҳонӣ табдил ёфта, башариятро дар рӯ ба рӯи хатарҳои зиёд қарор додааст. Ин тамоюл ба сифати яке аз мушкилоти муосир, боиси баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин, обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби дарёҳо, омадани сел ва бештар аз ҳама, норасоии оби тозаи ошомиданӣ гардида истодааст.
Вобаста ба ин мавзуъ мусоҳибае доштем бо Камолиддин Назирзода, муовини сардори Маркази яхшиносии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фишурдаи он манзури хонандаи рӯзномаи «Хатлон» мешавад.
- Чанде пеш дар Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо ризоияти якдилона Қатъномаи пешниҳодкардаи Тоҷикистонро дар бораи эълон кардани “Соли 2025 - Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва “21 март - Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо” қабул кард. Тибқи ин қатънома, дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масоили ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, соли 2025 дар шаҳри Душанбе конфронси сатҳи баланди СММ дар ин мавзуъ баргузор мешавад. Шумо ҳамчун коршинос аҳамияти ин ибтикорро дар пешгирӣ ва ҳалли яке аз масоили муҳими ҳифзи муҳити зист чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Маврид ба ёдоварист, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи даҳсолаҳои охир дар масъалаҳои обу иқлим дар арсаи байналмилалӣ ташаббусҳои Соли оби тоза - соли 2003, Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт, солҳои 2005 - 2015”, Соли ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи об (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” пазируфта шудаанд, ки барои ҳалли проблемаҳои об ва иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳандозӣ гардиданд.
Аз ҷумла, соли 2022 ташаббуси навбатии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо тарафдории 153 кишвари узви СММ дар бораи эълон намудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо пазируфта шуд, ки дар заминаи он СММ 21 мартро Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намуда, Фонди боварии байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳоро таъсис дод. Ин ташаббуси сатҳи ҷаҳонӣ барои амалисозии тарҳҳои корурдӣ ҷиҳати пешгирӣ аз асароти манфии тағйири иқлим басо муҳим мебошад.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми ду даҳсола масъалаҳои марбут ба обро дар доираи Созмони Милали Муттаҳид фаъолона пешбарӣ менамояд. Шурӯъ аз соли 2000-ум инҷониб, бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 8 қатъномаро вобаста ба ҳалли масъалаҳои об қабул намуд, ки ин иқдоми бузург дар боло рафтани нуфузу эътибори байналмилалии Тоҷикистон заминаи мусоид фароҳам овард. Нақши Тоҷикистон дар ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба тағйирёбии иқлим бар чӣ асос меёбад?
- Тавре ки маълум аст, саҳми Тоҷикистон дар тағйирёбии иқлим ночиз аст, вале Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарки амиқи моҳияти проблемаи мазкур ва оқибатҳои манфии он барои инсоният дар чорабиниҳои байналмилалие, ки барои ҳаллу фасли ин масъала нигаронида шудаанд, яке аз кишварҳои ташаббускор ва пешқадам дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим дониста мешавад.
Дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон Раванди оби Душанбе рӯйи кор омада, аксари проблемаҳои обу иқлим дар доираи ин раванди сиёсӣ ҳаллу фасл мегарданд. Чуноне, ки маълум аст, соли ҷорӣ конференсияи оби СММ-2023 бо ташаббускории ҷониби Тоҷикистон ва ҳамраисии Тоҷикистону Нидерландия баргузор мегардад.Ҳамаи ин ташаббусҳо барои баррасӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои бештари мусоид ва оқилонаи ҳалли мушкилоти марбут ба захираҳои об нигаронида шудаанд.
Заминаи асосии ҳамаи ин ташаббусҳо, ин бо сабаби афзоиши тадриҷии аҳолӣ, талаботи рӯзафзуни рушди саноат, густариши пайвастаи масоҳати заминҳои обӣ, коҳиш ёфтани ҳаҷми захираҳои обӣ, норасоӣ ба оби ошомидании аз ҷиҳати санитарӣ тоза, фарсуда гардидани шабакаҳои обёрӣ, истифодаи ғайрисамараноки захираҳои об ва нокифоя будани имкониятҳо барои пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири офатҳои табиӣ бо назардошти ҳолати кунунии вазъи муҳити зист, ки чораҳои қатъиро талаб мекунад, дониста мешавад.
Дар ин ҷода, Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастрасӣ ба ҳадафҳои ҳамоҳангшудаи ҷомеаи байналмилалӣ дар ростои тағйири иқлим бо дарназардошти имкониятҳои молиявию иқтисодии худ ва дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳми худро гузошта истодааст.
- Тағйирёбии глобалии иқлим ба сифати яке аз мушкилоти муосир, баландшавии бесобиқаи ҳарорати миёнаи кураи Замин ба обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии оби ошомиданӣ ба шумор меравад, чӣ тавр таъсир мерасонад?
- Натиҷаи тадқиқотҳои бисёрсолаи мутахассисони соҳа дар сатҳи байналмилалӣ муайян намудааст, ки сабаби асосии бо суръат коҳишёбии пиряхҳои сайёраи Замин ин баландшавии ҳарорати миёнаи ҳаво мебошад. Ҷараёни босуръати обшавии пиряхҳо дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши бесобиқаи офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардидааст, ки ин падида ҳар сол ба иқтисоди кишварҳо садҳо миллион доллар хисорот ворид карда, дар бисёр ҳолат боиси талафоти ҷонӣ низ мегарданд.
Натиҷаи мушоҳидаҳои бисёрсола нишон медиҳад, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба тамоми пиряхҳои ҳудуди ҷумҳурӣ ба таври назаррас аён мебошад. Давоми солҳои охир бештари пиряхҳои ҳаҷман 0,1км2 хурд пурра нобуд гардида, кандашавии шохаҳои пиряхҳо аз танаи пиряхҳои асосӣ низ ба қайд гирифта шудаанд.
- Дар шароити раванди номатлуби тағйирёбии иқлим ҳифзу нигоҳдории пиряхҳо бисёр мушкил аст. Бо вуҷуди ин, эмин нигоҳ доштани пиряхҳо аз таъсири тағйирёбии иқлим хеле муҳим ва зарур мебошад. Дар робита ба ин, Шумо ҳамчун сохтори масъули ин масъала, доир ба мониторинг ва омӯзиши пиряхҳо чӣ тадбирҳоро андешида истодаед?
- Бо мақсади мониторинги пиряхҳо ва ҳифзу нигоҳдории онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Барномаи давлатӣ оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030” қабул гардидааст, ки тибқи нақшаи чорабиниҳои он мониторинги пайвастаи ҳолати пиряхҳо, захираи барф, кӯлҳои пиряхӣ ва рахнашаванда гузаронида мешавад. Дар доираи барномаи мазкур соли 2014 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи шуъбаи гидрографӣ - экспедитсионӣ дар назди Агентии обуҳавошиносӣ Маркази яхшиносӣ таъсис дода шуд.
Бояд ёдрас намуд, ки мониторинги доимии пиряхҳо дар Агентии обуҳавошиносӣ аз соли 1956 то инҷониб пайваста гузаронида мешавад. Фаъолияти ин бахш ба корҳои омӯзишӣ нисбати пиряхҳо, қабати барф, тарма, сел, кӯлҳои рахнашаванда ва кӯлҳои пиряхӣ равона гардидааст. Барои таҳлил ва баҳо додани ҳолати кулли пиряхҳои кишвар, мутахассисон дар давоми фаъолияти худ дар ҳама ҳавзаҳои калидии кишвар як қатор пиряхҳоро ҳамчун пиряхҳои назоратӣ интихоб намудаанд, ки дар назди онҳо нуқтаҳои назоратӣ (репер) ташкил дода, дар шиносномаи пиряхҳо тасдиқ шудааст, ки барои муайян кардани ҳолати обшавии пиряхҳо ҳамчун нуқтаи калидӣ то ба ҳол хизмат мекунанд.
Инчунин, Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҳамасола бо истифода аз чархбол дар ҳудуди ҳавзаи дарёҳои ҷумҳурӣ бо мақсади муайян намудани захираи барф ва ҳолати ташаккулёбии пиряхҳо, инчунин пешгӯӣ кардани сатҳи оби дарёҳо дар давраи мавсимӣ мушоҳидаҳои аэровизуалӣ мегузаронад.
- Тибқи таҳлилҳои оморӣ, то имрӯз зиёда аз 1000 пиряхи хурду миёна дар Тоҷикистон пурра об шуда, ҳаҷми умумии пиряхҳо қариб се маротиба кам гардидааст. Мусаллам аст, ки чунин ҳолат на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба дигар кишварҳои минтақа низ таъсири манфӣ мерасонад. Шумо дар ин бора чӣ назар доред?
- Таъсири раванди тағйирёбии иқлим хеле гуногун аст: аз обхезии харобиовар дар Покистон то афзоиши норасоии оби ошомиданӣ дар Осиёи Марказӣ.
Дар мисоли Осиёи Марказӣ бештар таъсири раванди тағйирёбии иқлим дар пиряхҳои минтақа баръало мушоҳида карда мешавад, ки дар давоми 50-60 соли охир дар натиҷаи тағйирёбии шароити иқлим, масоҳати болои пиряхҳо тақрибан 30% коҳиш ёфтааст.
Ҳамзамон, обшавии қабатҳои барфӣ дар якҷоягӣ бо афзоиши шиддатнокии ҳодисаҳои обу ҳаво боиси сар задани офатҳои табиӣ, аз қабили тарма, обхезӣ ва ярчҳо гардид, ки торафт бештар ба амал меоянд.
Натиҷаи тадқиқоти бисёрсолаи мутахассисон нишон медиҳанд, ки бар асари гармшавии иқлим то соли 2050 ҳаҷми об дар ҳавзаҳои Сирдарё ва Амударё, ки манбаи муҳими об барои кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, аз 10 то 15% коҳиш хоҳад ёфт. Ин нишондод то солҳои 2050-2100 дар ҳавзаи дарёи Сирдарё ба 30% ва дар ҳавзаи дарёи Амударё ба 40% метавонад кам шавад, ки ин масъалаи ҳамкории кишварҳоро барои таъмини идоракунии устувори захираҳои об дар минтақа боз ҳам муҳимтар мекунад.
Ин ду шохоби бузурги минтақа манбаи асосии ғизогирии баҳри Арал дониста мешаванд ва ҳолати кунунии баҳри Арал натанҳо мушкилоти минтақаи Осиёи Марказӣ аст, балки хушкида аз байн рафтани он барои иқлими тамоми сайёра оқибати ногувор дошта, таъсири он батадриҷ ба тамоми сайёра мерасад. Хушк шудани баҳри Арал ба тағйирёбии иқлим таъсири воқеӣ дорад. Коршиносон муайян намудаанд, ки хушкшавии баҳри Арал хусусан ба шиддати обшавии пиряхҳо то андозаи муайян мусоидат намудааст. Тибқи назари коршиносон ҳамасола миллионҳо тонна чанг ва намакҳои қаъри баҳри хушкшуда тавассути шамоли сахту тӯфонҳо ба ҳаво бархеста, ба масофаи дур паҳн мегардад, ки дар натиҷа як қисми ин намакҳо ба пиряхҳои Помиру ТянШон нишаста, обшавии онҳоро метезонад. Бо назардошти ин, масъалаи пешгирӣ аз хушкшавии баҳри Арал метавонад дар пешгирӣ аз тағйирёбии иқлим то андозае нақши ҳалкунанда дошта бошад.
Дар ин замина бо мақсади рафъи буҳрони экологӣ ва беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳавзаи Баҳри Арал, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун яке аз бузургтарин офатҳои асри ХХ эътироф шудааст, соли 1993 аз ҷониби сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ - Бунёди Байналмилалии Наҷоти баҳри Арал таъсис дода шудааст. Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Соли 1993 Фонди Байналмилалии наҷоти Арал (ФБНА)-ро таъсис дода, Низомномаи ФБНА-ро тасдиқ карданд, ки вазифаи асосии он ин маблағгузорӣ ва қарздиҳии барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки байнидавлатии экологӣ ва илмию амалӣ, ки ба наҷоти баҳри Арал ва солимгардонии вазъи экологӣ дар минтақаҳои зери таъсири фалокати Арал қарордошта, барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак оид ба ҳифзи ҳавзи ҳавоӣ, захираҳои об ва замин, олами набототу ҳайвонот ва ғайра иборат мебошад.
Аз ин гуфтаҳо чунин хулоса бармеояд, ки таъсири раванди тағйирёбии иқлим ба ҷаҳони мо, бахусус дар Осиёи Марказӣ, ки яке аз минтақаҳои осебпазири ҷаҳон ба шумор меравад, таъсири рӯзафзун дорад ва ҳарчи зудтар дарёфти тадбирҳо ҷиҳати пешгирии раванди тағйирёбии глобалии иқлим ва обшавии пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ аввалиндараҷа мебошанд.
- Ба андешаи Шумо, барои роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳои кишвар аз таъсири тағйирёбии глобалии иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ кадом тадбирҳо аввалиндараҷа мебошанд?
- Дар шароити имрӯзаи глобалӣ ҳаллу фасли мушкилоти мавҷуда дар самти кам кардани оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим ва ҳифзи захираҳои обӣ, аз ҷумла пиряхҳо аз ҳамаи мо талошҳои ҳарчи бештари дастаҷамъона, андешидани тадбирҳои фаврӣ ва дарозмуҳлатро тақозо дорад.
Яъне фароҳам овардани шароити мусоид барои ба роҳ мондани корҳои илмӣ-тадқиқотии милливу байналмилалӣ ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқи баландсифат тадбири аввалиндараҷа дониста мешавад, ки ташаббусҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба амалигардии ин тадбирҳо даъват менамояд.
Дар сатҳи миллӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳоро амалӣ намуд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои обу иқлим қонунгузории кишвар ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ мутобиқ гардонида шуд.
Яке аз чорабиниҳои муҳим ҷиҳати пешгирии таъсири тағйирёбии иқлим, ин бунёди ҷангалзорҳо маҳсуб мегардад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин замина чорабиниҳои мушаххасро рӯйи кор гирифтааст, ки дар давоми дусолаи охир аз ҷониби Кумита дар саросари ҷумҳурӣ садҳо ҳазор дарахт шинонида шуда, садҳо гектар токзор ва ҷангалҳо бунёд ва барқарор шудаанд. Аз нигоҳи коршиносони ҷаҳонӣ, барои ҳифзи захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо бунёд намудани обанборҳо муҳим мебошад.
Яъне, бунёди обанбор дар қисмати наздик ба минтақаи ташаккулёбии захираҳои об имконият фароҳам меоварад, ки ҷараёни обӣ танзим гардида, аз эрозияи замин пешгирӣ карда шавад ва ҳолатҳои фавқулодаи марбут ба об танзим ва ё хисороташон кам гардад.
Дар ин раванд нақши обанборҳои ҷумҳурӣ, ки сарчашмаи истеҳсоли неруи барқӣ аз ҷиҳати экологӣ тозаанд, дар раванди ташаккулёбии протсесҳои гидрометеорологӣ муассир мебошанд.
Суҳбаторо Фаромӯз Бобоев,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...