Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Ҳифзи пиряхҳо вазифаи шаҳрвандист


Ҳифзи пиряхҳо вазифаи шаҳрвандист



Солҳои охир тағйирёбии иқлим тамоми ҷомеаи ҷаҳон, созмонҳои бунуфуз, аз ҷумла Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ташвиш оварда, аз тарафи олимону коршиносони соҳа таҳқиқотҳои гуногун ҷиҳати муайян кардани сабабу омилҳои таъсиррасон дар ин самт ҷараён дорад. Дар ин замина, бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба нигоҳдорӣ ва омӯзиши пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030» аз ҷониби Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, дар ҳамбастагӣ бо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ва Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз мекунем» дар сатҳи баланд ташкил ва гузаронида шуд.

Дар ин ҳамоиш сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон Ҷӯрабек Мирзохонов зикр дошт: «Мақсади асосии ташкил ва гузаронидани ҷамъомад баланд бардоштани донишҳои экологии сокинон, ҳифзи пиряхҳо ва омӯзиши дурусти сабабу омилҳои тағйирёбии иқлим мебошад. Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз сабабҳои асосии тағйирёбии иқлим раванди босуръати обшавии пиряхҳо мебошад. Хушбахтона, дар сатҳи байналмилалӣ чор ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро СММ оид ба масъалаҳои об ба хуби қабул намуд, ки ҳоло онҳо дар беш аз 190 давлати ҷаҳон амалӣ шуда истодаанд».

Ба иттилои донишмандони соҳа, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз лиҳози мавҷудияти манбаъҳои бузурги табиӣ, аз қабили пиряхҳо, кӯлу дарё ва дар маҷмӯъ, обҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза дар миёни кишварҳои Осиёи Миёна ҷойи намоёнро ишғол мекунад. Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонист, аз тағйирёбии иқлим, хоса обшавии пиряхҳо дар канор буда наметавонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки имрӯзҳо аз ҷониби давлатҳои бузурги саноатӣ партовҳои зиёди зараррасон ба табиат ирсол карда мешаванд, ки ин ҳама ба дигаргун шудани муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад ва боиси ба вуҷуд омадани ҳар гуна ҳодисаҳо, аз қабили гармии аз меъёр зиёд, обшавии пиряхҳо, баланд шудани сатҳи оби уқёнусу дарё ва кӯлҳо, фаромадани ярчу обхезиҳо ва амсоли он мегардад. Ҳамчунин ин гуногуниҳо ба экосистема ва олами зинда таъсири ҷиддӣ мерасонад.

Дар робита ба ин дотсенти кафедраи экологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Ҷумъа Бердиев чунин қайд намуд: «Олимон исбот кардаанд, ки дар рӯи замин ҳарорати ҳаво ҳар сол дудараҷа гарм мешавад. Аз гармшавии ҳарорати ҳаво об шавии пиряхи бузурги Гренландия хеле афзудааст. Дар садсолаи охир аз яхҳои обшудаи ин ҷазираи яхин сатҳи оби уқёнуси ҷаҳон 50 миллиард тонна зиёд шуд. Ҳар сол ин ҷазира 17, 6 километри квадратӣ болопӯши яхини худашро аз даст медиҳад. Дар ин ҳолат ба аҳолии хатари обхезӣ таҳдид мекунад. Ин хатар, пеш аз ҳама, ба Ҳолланд, Белгия, Олмон, Фаронса, Покистон, Бангладеш, Ҷазираҳои уқёнуси Ором таҳдид мекунад. Гармшавии ҳаво ба кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон низ бетаъсир намемонад. Дар назар дошта шудааст, ки ин тағйирёбии иқлим дар солҳои наздик ба нобудшавии даҳҳо намуд ҳайвонҳои хоси ин минтақа, аз қабили моржҳо, тюленҳо ва хирси сафед зарар мерасонад».

Маҳз дар ин замина, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мавзӯи омӯзиши сабабу омилҳои обшавии пиряхҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ намуда, дар Паёми соли гузаштаашон зикр дошта буданд, ки: «Тибқи маълумот аз 14 ҳазор пиряхҳое, ки дар кишвари мо ба қайд гирифта шудааст, дар давоми 40 соли охир бо сабаби гармшавии иқлим ҳазор пирях аз байн рафтааст ва ин раванд солҳои охир босуръат идома дорад. Бо назардошти чунин вазъ, Академияи илмҳо дар сохтори худ Маркази омӯзиши пиряхҳоро таъсис дода, бо нишонгирии доимии пиряхҳо ва дигар сарчашмаҳои обии кишварро ба роҳ монад».

Ҷомеаи имрӯзаи ҷаҳониро лозим аст, ки оид ба тағйирёбии иқлим, ки асоси он ба обшавии аз ҳад зиёди пиряхҳо вобаста аст, симпозиуму конфронсҳои сатҳи байналмилалӣ баргузор ва дар ин самт тадбирҳои судмандро ҳарчи бештар амалӣ намоянд. Муҳаққиқи соҳа саромӯзгори кафедраи экологияи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав Дилором Давлатова иброз дошт: «Баланд бардоштани маърифати экологии сокинон дар пешгирии тағйирёбии иқлим, хусусан аз ҳад зиёд обшавии пиряхҳо таъсири хуб мегузорад. Пиряхҳо сарвати бебаҳои миллату давлат мебошанд ва бояд онҳо оқилона истифода бурда шаванд. Ҳама гуна сарвати табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо ба ҳифз ниёз доранд. Дар ин самт гузаронидани чунин чорабиниҳо, аз қабили аксияи «Пиряхҳои худро ҳифз намоем» аҳамияти махсус касб мекунад. Бояд ҳамаи мо дар ҳифзи захираҳои табиӣ, аз ҷумла пиряхҳо саҳмгузор бошем».

Сангимурод ШАРИФОВ,
рӯзноманигор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода