Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН – ИФТИХОРИ ҲАР ЯК ТОҶИК


ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН – ИФТИХОРИ ҲАР ЯК ТОҶИК



14-уми декабр Маҷмаи Умумии СММ зимни иҷлосияи 77-ум қатъномаи “Соли 2025 – Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”-ро, ки пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, қабул намуд.

Обшавии пиряхҳо яке аз оқибатҳои тағйирёбии иқлим аст. Ҳарорати миёнаи Замин тақрибан то 15 дараҷа боло рафтааст ва ин баландтарин нишондод дар 3 миллион соли охир аст. Ҳар рӯз беш аз 1 миллион тонна пирях об мешавад. Барои муқоиса, пирях ё ба истилоҳ айсберге, ки “Титаник”- ро ғарқ кард, ҳамагӣ 75 ҳазор тонна вазн дошт. Оқибати пурбори обшавии пиряхҳо ин тӯфонҳо, обхезиҳо, зери об мондани шаҳру кишварҳо, шадидан коҳиш ёфтани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар талафотҳои иқтисодӣ мебошад. Аз соли 1975 то соли 2019 пиряхҳои дар Помиру Олой ва Ҳимолой қарордошта чоряки вазни худро гум кардаанд ва
обшавии онҳо идома дорад.

Қуллаҳои баландтарини кӯҳ то ҳол зери барфу яханд, аммо аллакай дар баландии 5000 то 5500 метр растаниҳо пайдо шудаанд, ки қаблан бинобар паст будани ҳарорати ҳаво рӯидани онҳо ғайриимкон дониста мешуданд.

Олимон пешгӯӣ мекунанд, ки то соли 2100 аз сеяк то нисфи тамоми пиряхҳои дар силсилакӯҳҳои болозикр нест мешаванд.

Пиряхҳои Помиру Олой ва Ҳимолой то нӯҳ дарёи бузурги Осиёро об медиҳанд ва ба ин васила 2,5 миллиард нафарро бо об таъмин мекунанд. Нест шудани онҳо боиси норасогии об дар Ҳиндустон, Чин, Бангладеш, Покистон ва кишварҳои Осиёи Марказӣ мегардад.

Маҳсулоти хоҷагии қишлоқ хеле кам мешавад: ҷав, гандум, найшакар ва дигар зироатҳоро дар беобӣ ё камобӣ руёнидан душвор мешавад. Аз тарафи дигар, рахнашавии кӯлҳои аз оби пиряхҳо бавуҷудомада боиси обхезӣ ва зери об мондани маҳаллаҳои аҳолинишин шуда метавонанд.

Хулоса, мо гуфта наметавонем, ки комилан тамоми пиряхҳои сайёра об шуда истодаанд. Баъзе пиряхҳо рӯ ба афзоиш доранд, ки он ҳолати истисноӣ аст, на тамоюли мусбат. Захираи асосии пиряхҳо дар Арктика ва Антарктида буда, мунтазам кам шуда истодаанд. Аз ин рӯ, олимон барои наҷоти онҳо ақидаҳои гуногунро пешниҳод менамоянд:

-барқарор намудани пиряхҳои Арктика ва Антарктида бо истифода аз нассосҳои шамолдиҳанда, ки тавассути онҳо об ба сатҳи болои пиряхҳо бароварда шуда, шамол дод мешавад, чунки дар он ҷо тезтар ях мекунад;

-киштиҳои зериобии истеҳсолкунандаи айсбергҳо, ки дар қаъри уқёнус оби баҳрро ҷамъ мекунанд, онро аз намакҳо тавассути филтр тоза мекунанд ва онро ба пораҳои шашкунҷаи яхин табдил медиҳанд.

Пешниҳод карда мешавад, ки чунин яхпораҳои сунъӣ бо яхҳои  табиӣ васл карда шуда, ба зери пиряхҳо партофта шаванд;

-бо мақсади инъикос намудани нури офтоб пиряхҳоро бояд бо кӯрпаҳои сафед  пӯшонанд, то ки обшавии онҳо суст гардад.

Пиряхҳо ҳамчун ҷузъи таркибии даври гидрологӣ буда, обшавии босуръати онҳо ба иқлим, муҳити зист, саломатии инсон ва рушди устувори инсоният хатаровар аст. Бинобар ин ҳар як шахс бояд дар мубориза бар зидди гармшавии глобалӣ саҳми худро гузорад.

Баҳриддин МАҲМУДОВ,
номзади илмҳои иқтисодӣ

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода