Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ОБ – МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЗАМОНИ МУОСИР


ОБ – МУШКИЛОТИ ГЛОБАЛИИ ЗАМОНИ МУОСИР



Об манбаи ҳастии ҳамаи мавҷудоти олам буда, ҷаҳону зиндагониро таровату зебоӣ ва сарсабзиву озодагӣ мебахшад. Модоме ки асоси зиндагии ҳамаи мавҷудоти олам об аст, пас мо вазифадорем, ки ин маъхази бузургро чун асоси ҳастӣ, чароғи равшандиҳандаи созгори дунёи ҳастӣ эҳтиром намоем ва тозаву озода нигоҳ дорем. Тоҷикистон аз захираи об бой буда, қариб 7000 пирях, 155 кӯли гуногунҳаҷм, даҳҳо ҳазор чашмаоби одию маъдании бешумор дорад. Перомуни ин масъала Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштаанд: «Тоҷикистон, алҳақ, як неъмати Худодод, як муъҷизаи табиат, як пора биҳишти рӯи Замин аст. Мисли сарзамини мо табиати нотакрор, оби софу зулол, чашмаҳои ширин, кӯҳҳои зебову сарбаланди дорои сарватҳои бойи зеризаминӣ дар ягон гӯшаи олам вуҷуд надорад. Пас месазад, ки бо чунин диёри зебоманзар ифтихор намоем ва шукри ҳар пора замину ҳар қатра обаш бикунем, ин ҳама дороиашро, ки сарчашмаи ҳаёти мост, тозаю озода нигаҳбон бошем».

Имрӯз ҳарчанд об дар сайёраи мо хеле зиёд аст, бо вуҷуди он дар бисёр минтақаҳои сайёраамон одамон аз нарасидани оби тозаи ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Солҳои охир дар натиҷаи муносибати нодуруст ба табиат мувозинати муҳити зист номураттаб гардид ва офатҳои гуногуни табиӣ афзуданд. Сол то сол хушксолиҳои харобиовар бештар рух дода, обхезиҳо мудҳиштар мешаанд ва масъалаи таъмини аҳолӣ бо озуқаворӣ мушкилтар мегардад.

Бо зиёдшавии муассисаҳои истеҳсолӣ ва воситаҳои техникӣ иқлим гарм шуда, боиси хушкшавии дарёҳо ва аз меъёр зиёд об шудани пиряхҳои кӯҳӣ ва материкӣ гаштааст. Агар ин раванд давом кунад, баъди 100-150 сол 90%-и ҳудуди Африқо ба биёбон табдил ёфта, 5 миллиард нафар дар тамоми кураи Замин аз истеъмоли об маҳрум мешаванд.

Моҳияти ин масъаларо Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарк намуда, ҳанӯз соли 1999 дар ҷаласаи 54-уми СММ пешниҳод намуд, ки соли 2003 «Соли байналмилалии оби тоза» эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфт. Ҳадафи асосии ин пешниҳод ҳалли проблемаи об дар рӯи Замин буд. Соли 2003 дар Симпозиуми байналмилалие, ки дар шаҳри Токио бахшида ба «Соли оби тоза» гузашт, бо пешниҳоди Президенти Тоҷикистон солҳои 2005-2015 Даҳсолаи амалиёти «Об барои ҳаёт» эълон карда шуд.

Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳои бузург воқеъ буда, дорои захираҳои фаровони обӣ мебошад. Аз рӯи захираи оби тоза дар ҷаҳон дар ҷои 7-ум ва дар ИДМ дар ҷои 2-юм қарор дорад. Захираи умумии обии Тоҷикистон 88,6 миллиард м3- ро ташкил медиҳад, ки ин зиёда аз 60%-и захираи обии Осиёи Миёна мебошад.

Мутаассифона, қисми зиёди обҳои ҷумҳурӣ тавассути дарёҳо ба ҳудуди дигар кишварҳо ҷорӣ шуда, заминҳои давлатҳои ҳамсояро шодоб менамоянд. Анқариб 70%-и оби дарёҳои бузургтарини Осиёи Миёна, яъне Сирдарё ва Амударё дар ҳудуди Узбекистон ва Туркманистон истифода мешавад. Гарчанде Тоҷикистон дар саргаҳи дарёҳо воқеъ аст, вале садҳо ҳазор гектар заминҳо ҳамчун заминҳои лалмӣ боқӣ монда, обёрӣ намешаванд.

Яке аз проблемаҳои экологии минтақавӣ ин муаммои баҳри Арал мебошад. Вобаста ба он ки солҳои охир оби Амударё ва Сирдарё қариб пурра дар заминҳои Узбекистону Туркманистон барои обёрӣ истифода шуда, ба баҳри Арал об хеле кам ҷорӣ мешавад, бухоршавии об дар ин баҳр хело ҳам зиёд аст.

Мувофиқи маълумоти оморӣ баҳри Арал дар масоҳати 30000 км2 хушк шудааст ва он бо суръати тез идома дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаи умумии Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи умумии СММ махсусан қайд карданд, ки: «Аз ин минбари баланд мехоҳем масъалаи марбут ба хушкнашавии баҳри Аралро хотирнишон созем. Сабаби асосии ин фоҷеаи экологӣ азхудкунии миқёсан зиёди замин барои зироатҳои обталаб ба монанди пахта ва шолӣ мебошад. Дар айни ҳол раҳоӣ аз вазъи баамаломада, ки мӯҷиби шӯра задани заминҳо ва аз 30 то 60 фоиз талаф шудани об мегардад, аз ҷониби мамлакатҳои минтақа андешидани тадбирҳои мушаххас доир ба сарфаи об тавассути барқарорсозии шабакаҳои обтаъминкунӣ ва замин, ҷорӣ кардани технологияҳои навини обёрӣ, ки ба ҳалли масъалаҳои марбут ба буҳрони озуқаворӣ низ мусоидат хоҳад кард».

Воқеъан ҳам об яке аз сарватҳои бебаҳои табиат буда, сарсабзию шукуфоӣ ва пойдории олам ба он сахт марбут аст. Бешубҳа, дар он ҷое, ки об вуҷуд дорад, нишонаи ҳаёти зинда, абадӣ ва хушбахтиву комронӣ низ дида мешавад. Об дар ташаккули ҷинс нақши муҳим дошта, маҳз ба василаи он мубодилаи моддаҳо ба амал меоянд. Дар курраи Замин 3 ҳисса обу 1 ҳисса хушкист. Вале қисмати зиёди ин об шӯру талху корношоям ва ба талаботи экологӣ ҷавобгӯй нест. Танҳо як фоизи он ширин буда, ба эҳтиёҷоти ошомиданиву кишоварзӣ ва истеҳсолии ҷаҳониён ба кор бурда мешавад. Ва ин ҳам дар қисматҳои курраи арз нобаробар ҷой гирифта.

Хушбахтона, Тоҷикистон аз дороии захираҳои об яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд. Эҳёи ҳар қатра оби мусаффои кишвар шоиста буда, далели рисолати тафаккури аҷдодист. Агар мо обро самаранок мавриди истифода қарор дода, софии онро таъмин созем, ҳеҷ гоҳ ба касалиҳои гуногун дучор нахоҳем шуд. Тарзи солимии зиндагӣ ба маданияти баланди худи инсон вобаста аст. Инчунин рангорангии табиати сеҳрангез, хандаи гулҳои тар, сарсабзии растанӣ, навои обшор, мавҷи сабзи талу теппаҳо ба шарофати ин неъмати беназир ба амал меояд.

Обро мардуми тоҷик муқаддас мешуморад, ки ин нуқта ҳам аз Қуръон ва ривоёти исломӣ сарчашма мегирад. Мо низ чун узви комилҳуқуқи ҷомеа бояд оби чашмаву дарёҳоро пок нигоҳ дорем. Дар поку беолоиш нигоҳ доштани онҳо саҳмгузор бошем. Фаромӯш набояд кард, ки оби тоза асоси ҳаёти солим ва неъмати бебаҳои худододро поку беолоиш нигоҳ доштану ба ояндагон мерос мондан қарзи ҳар як инсон аст. Ба эътирофи ҷомеаи байналмилалӣ дар давоми бист соли охир Тоҷикистон ташаббускори ҷаҳонии ҳалли масоили ҷаҳонӣ дар соҳаи об эътироф гардид. 

Чи тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ ва кулли мардуми Тоҷикистон қайд намуданд: “Мо татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро василаи воқеии ҳалли мушкилот дар ин самт дониста, дар даҳсолаи оянда низ иҷрои ин нақши пешбарро идома хоҳем дод”.

Соли 2018 дар айёми таҷлили ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва Рӯзи ҷаҳонии об – 22 март раванди татбиқи ташаббуси нави глобалии мо – Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор 2018-2028» расман оғоз гардид. Вобаста ба ин, дар мамолики гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла кишвари мо чорабиниҳои муҳим баргузор гардиданд. Аз ҷумла, баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” аз обрӯи сатҳи байнамилалии Тоҷикистон шаҳодат медиҳад.

Комрон Бобоев,
докторанти Институти химия ба
номи В.И. Никитини Академияи
миллии илмҳои Тоҷикистон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода