Зарафшон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 20 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 913
Пиряхи Зарафшон - яке аз калонтарин пиряхҳои Осиёи Миёна, ибтидои худро аз сарбастшавии се қаторкӯҳ-қаторкӯҳҳои Туркистон, Зарафшон ва Олой мегирад. Гурӯҳи пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон соли 1959 аз 21 пирях иборат будааст, ки масоҳати умумиашон ба 132,6 км2 баробар буда, ҳамзамон он 14,85 км3 яхро дар бар мегирифт. Масоҳати пиряхи асосии Зарафшон бошад, 38,7 км2-ро ташкил дода, дарозии он 27,8 км, масоҳати захиравии (аккумулятсии) он бошад, 13 км2-ро фаро мегирад. Гарчанде ки ин пирях дароз ҳам бошад, бари он ҳамагӣ 1,6 км-ро ташкил медиҳад. Тамоилаш ором буда, 8о-ро ташкил медиҳад.
Аз соли 1932 шурӯъ карда, давраи нави омӯзиши пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон шурӯъ гардид.Ин амал бо барномаи II Барномаи байналхалқии яхшиносон дар ИҶШС робита дошт. Пас аз анҷоми корҳои барномаи II ББЯ, аз соли 1934 то соли 1946 пиряхҳои ҳавзаи дарёи Зарафшон амалан омӯхта нашуданд.
Пас аз таваққуфи тӯлонӣ солҳои 1961-1962 дар пиряхи Зарафшон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо аз тарафи Шуъбаи географияи Институти давлатии педагогии Ленинобод ба номи С. М. Киров (О.А. Дроздов) аз сари нав давом дода шуданд. Корҳои анҷомдода дар монографияи ӯ пурра дарҷ гардиданд.
Айни ҳол пиряхи Зарафшон дар давраи ақибнишинӣ қарор дошта, захираҳои яхи он коҳидааст. Ақибнишинии пирях бо маводи тадқиқотӣ ва нишондодҳои асбобҳои ченкунанда низ тасдиқ гардидааст.
То соли 1962 ҳавзаи пиряхи Зарафшон 21 адад пиряхҳоро дар бар мегирифт, ки аз он 8 пирях бевосита шохаҳои пиряхи Зарафшон буда, 10 пиряхи дигари он пиряхи овезон ба шумор мерафтанд, боқимонда 3 пиряхи дигар, пиряхҳои водигӣ буда, бо пиряхи асосӣ намечаспанд ва танҳо бо дарёчаҳо аз онҳо ҷоримешуда бо он пайваст мешуданд. Дар харитаи соли 1948-ум 9 пирях бевосита ба пиряхи асосӣ пайваст будаанд.
Таҳияи
Т. ТОЛИБЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...