Неруи муқтадири афкорсоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 352
Мулоҳизаҳо дар бораи имрӯзи матбуоти даврии вилояти Хатлон
Матбуоти тоҷик дар замони Истиқлолияти давлатӣ марҳилаҳои гуногуни рушдро тай намуда, имрӯз ба як неруи муқтадири афкорсоз ва пешбарандаи ҷомеа мубаддал гаштааст.
Бо мақсади таъмини пешбурди сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иттилоот айни замон дар фазои иттилоотии вилояти Хатлон беш аз 60 воситаи ахбори омма фаъолияти пурмаҳсул анҷом медиҳанд. Дар баробари шабакаҳои телевизионию интернетӣ ва матбуоти даврии ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар вилоят инчунин 4 шабакаи телевизионии маҳаллӣ - шабакаҳои телевизиони вилоятӣ ТВ «Хатлон», ТВ «Кӯлоб», телевизионҳои мустақили шаҳри Бохтар «ТВ Қӯрғонтеппа» ва «Мавҷи озод»-и ноҳияи Восеъ, радиои вилоятии «Радиои Хатлон», радиои «Кӯлоб» рӯйи мавҷ баромада, 54 нашрияи расмӣ (49 нашрия ва 5 маҷалла) ба чоп мерасанд.
Дар баробари фаъолияти шабакаҳои телевизион ва радиои маҳаллӣ дар вилояти Хатлон наздик ба 50 сомонаи расмии ташкилоту муассисаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ фаъолият мекунанд, ки ҳамарӯза аз соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи вилоят хабару гузоришҳо омода намуда, дастраси хонандагон ва тамошобинону шунавандагон мегардонанд.
Матбуоти даврии вилоят бо фарогирии мавзуъ, ба суроғи аудиторияи мушаххас нигаронида шудани мазмуну муҳтаво, услуби хоси фаъолият ва нигориш симои худро пайдо кардааст.
Матбуоти маҳаллии мо имрӯз, бо вуҷуди мушкилоти муайяни молиявӣ ва техникӣ доштан, мувоҷеҳ ба тағйироту таҳаввулот мебошад. Дар рақобатҳо фаъол гаштани он ногузир буда, вазифаи муҳимму асосии матбуоти маҳаллӣ иттилоъ, тафсир ва таҳлил аст. Табиист, ки иттилооте, ки аз роҳи журналистика, саҳеҳтараш матбуоти даврӣ, паҳн мегардад, мебояд барои аудитория аҳамияти баланди иҷтимоию гоҳе роҳнамоӣ дошта, афкор ва ҷаҳонбинии оммаро ташаккул диҳад, тавонад рӯйдодҳо, ҷараёнҳо ва тамоюли воқеияти замонро ҳамчунон зинда тасвир кунад, ки аудитория худро шоҳиди мустақим эҳсос намояд, дар бораи қонуниятҳое, ки рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, мазҳабӣ-идеологии ҳаёти ҷомеаро муайян мекунанд, маълумоти сареҳ бидиҳад. Манфиати хонандагон, хостаҳо ва интизориҳои онҳо аз ҳама чиз афзалтар аст.
Танҳо дар сурати эътирофи аудитория ва мавриди писанди умум қарор гирифтани маҳсули эҷодаш, журналист соҳибном шуда, ба дараҷаи баланди касбият мерасад, нашрия серхонанда мешавад, талабгори зиёд пайдо мекунад.
Сарфи назар аз рушди инструментҳои бозтоби рӯйдодҳо ва афзоиши шумораи ВАО-и электронию сомонаҳои гуногунмуҳтавои интернетӣ, ҳанӯз ҳам талабот ба матбуоти даврии анъанавӣ дар Тоҷикистон баланд буда, қариб нисфи аҳолӣ (47,7%) чун пештара нашрияҳои ватаниро барои мутолиа дастрас мекунанд. Тибқи таҳқиқоти сотсиологиии «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон... », ки Маркази сотсиологии «Зеркало» ва ташкилоти ҷамъиятии «Машварати расонавӣ» бо дастгирии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2022 анҷом додаанд, аз ҳама нашрияи пурхонандаи ҳукуматӣ дар вилояти Хатлон рӯзномаи «Хатлон» мебошад. Ин нашрияро, ки ҳар ҳафта ду маротиба – рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа бо теъдоди 14 ҳазор нусха нашр ва ба 25 шаҳру ноҳияи вилоят паҳн мегардад, 28,8%-и пурсидашудаҳо дастрас ва мутолиа мекардаанд. Ба раддабандии 15 нашрияи серхонанда дар вилояти Хатлон инчунин ҳафтаномаҳои «Навиди Кӯлоб» (2,3%, мақоми даҳум) ва «Пайк» (1,1%, мақоми понздаҳум) шомил шудаанд.
Мақомоти давлатӣ имрӯз хуб дарк мекунанд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ, афзоиши шумораи расонаҳо, вусъати интернет, пешрафти технологияҳои навин, вазъи матбуоти даврии маҳаллӣ, фаъолияти журналистон дар сатҳи маҳал беҳбудӣ мехоҳад.
Бо мақсади ба талаботи замони муосир мувофиқ кунонидани фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, таъминоти техникии идораи рӯзномаҳо, мустаҳкам шудани мақоми нашрияҳо дар шароити ҷаҳонишавӣ қарори раиси вилояти Хатлон таҳти №18 аз 29 январи соли 2021 ба тасвиб расид. Тибқи ин қарор, раисони шаҳру ноҳияҳо барои ба эътибор гирифтани тавсияҳои зерин вазифадор карда шудаанд:
1. Барои таъмин намудани рӯзномаи шаҳрӣ (ноҳиявӣ) бо бинои алоҳида ё таъмири асосии биноҳои мавҷудаи редаксияҳо чораандешӣ намоянд.
2. Барои муҷаҳҳаз гардонидани идораи нашрияҳо бо техникаву ҷиҳози зарурии корӣ, аз ҷумла хатти интернет мусоидат карда, ҳангоми интихоб ва таъин намудани сармуҳаррири нашрия ба ихтисосмандони соҳаи рӯзноманигорӣ афзалият диҳанд.
3. Ҷиҳати аз такмили ихтисос гузаштани сармуҳаррирон, кормандони эҷодӣ ва техникии нашрияи маҳаллӣ тадбир андешанд.
Ҳамчунин, бо мақсади беҳтар кардани шароити фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, вазъи биноҳо, таъминоти техникӣ ва кадрии нашрияҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят қарори дигари раиси вилояти Хатлон аз 26 майи соли 2020, №155 ба тасвиб расидааст, ки он ҳам барои беҳтар кардани шароити фаъолияти нашрияҳои маҳаллӣ, бо биноҳои алоҳидаи корӣ таъмин намудани идораи рӯзномаҳо, таъминоти техникӣ ва кадрии нашрияҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят пешбинӣ шудааст.
Дар чунин шароит аҳли қалами вилояти Хатлон бояд фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи замон ба роҳ монда, завқу салиқа, дархосту интизориҳои хонандагону шунавандагон ва бинандагонро ба инобат гиранд, аз усулҳои муосири фаъолияти журналистӣ истифода баранд. Матбуоти даврии маҳаллӣ бояд бозоргир шавад, аз қолабҳои куҳна, чопи маводҳои дилгиркунанда худдорӣ намояд. Талаботи аудиторияи замони навро бояд ба назар гирифт.
Дизайни саҳифаҳо муосир, чашмрас, диққатҷалбкунанда шаванд. Хулоса, муҳаррирон ва ҳайати эҷодӣ бояд тавре корро ба роҳ монанд, ки шумораи обуначиён афзояд, хонанда матлабҳои табъи дилашро дар саҳифаҳои матбуоти даврии маҳаллӣ пайдо намояд. Таҷрибаи бисёр таъсирбахши “мактаби устоду шогирд” имрӯзҳо дар идораҳои нашрияҳо ба таври лозимӣ ба кор бурда намешавад.
Дар саҳифаҳои нашрияҳо баъзе нуқсонҳои забонӣ ба мушоҳида мерасанд, ки ба мазмуни мақолаҳо халал ворид насозанд ҳам, метавонад хонандаро нороҳат кунанд. Мутаассифона, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сатҳу сифати маводҳои журналистӣ яксон набуда, дар миёни маводҳои хубу касбии расонаҳои маҳаллӣ, инчунин, маводҳое ба чашм мерасанд, ки такрорӣ, ғайриҳирфаӣ, бе таҳлили амиқу возеҳи масъалаҳо омода шудаанд.
Эҷодкорӣ дар матнҳо, мақолаҳои матбуоти даврӣ кам ба назар мерасад. Ин ҳамаро хонандаи закӣ хуб ҳис мекунад ва ба фаъолияти журналистон, касбияту маҳорати эҷодкории онҳо баҳои худро медиҳад.
Журналисти замони муосир акнун танҳо бо навиштани матн набояд иктифо кунад, балки ҳамзамон аксу навор гирад, таҷҳизоти техникиро идора карда тавонад, суханвару забондон бошад.
Ҳоло интернет имкониятеро фароҳам сохтааст, ки агар тиражи газета ҳазор нусха ҳам бошад, тавассути таъсиси сомонаи интернетӣ ва кушодани саҳифаю гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ метавон доираи аудиторияро ҳазорҳо нафари дигар афзуд. Агар худи газетаро дар доираи як шаҳр ё ноҳия хонанд, бо мазмуну мундариҷаи ин газета хонандагон аз дилхоҳ нуқтаи ҷумҳурӣ ва ҷаҳон тариқи сомонаи он шинос шуда метавонанд.
Таҷрибаи рӯзномаи вилоятии “Хатлон” нишон дод, ки ҳарчанд теъдоди нашри як шумораи он 14 ҳазор нусха аст, ҳисоби умумии хонандагони ин нашрия бо назардошти сомонаи интернетӣ, саҳифаҳояш дар фейсбук, инстаграм, одноклассники, телеграм ва ютюб дар моҳи феврали соли 2022 ба беш аз ним миллион нафар расидааст. Аз ин ҳисоб ҳудуди 10-15%-и хонандагони варианти электронии рӯзномаи “Хатлон” аз хориҷи кишвар, асосан Россия, Ӯзбекистон ва Қазоқистон будаанд. Яъне, дигар нашрияҳо низ барои муаррифии маводи эҷодии худ аз ин имкониятҳо истифодаи пурсамар карда метавонанд.
Имрӯз ба хотири нигоҳ доштани мавқеъ дар майдони матбуоти тоҷик, инчунин дар шароити муборизаҳои геополитикӣ ва иттилоотӣ, ки аз рукни раванди ҷаҳонишавӣ маҳсуб меёбанд, нашрияҳо ва шабакаҳои телевизионии маҳаллиро мебояд, ки аз инструментҳои медиаи нав фаровон истифода кунанд ва бо роҳу василаҳои мухталафи иттилоърасонӣ аз арзишҳои миллию давлатдорӣ ҳимоя намуда, эҳсоси ифтихори ватандории аудиторияро ташаккул диҳанд, ҳарфашон барои хонанда ва бинанда қурбу эътибор пайдо кунад. Ба ин маънӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид кардаанд: “Махсусан, дар шароити мураккаби ҷаҳонишавӣ вазифаҳои шабакаҳои иттилоотӣ зиёд гардида, масъалаҳои тарғиби фарҳанги миллӣ, расму оинҳои мардумӣ, ташвиқи андеша ва тафаккури миллӣ, тарбияи насли ояндасоз, риояи меъёрҳои забони давлатӣ ва ҳифзи асолату тозагии он рисолати муҳимми воситаҳои ахбори омма ба ҳисоб меравад”.
Носирҷон Маъмурзода,
номзади илмҳои филологӣ
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00