Дар майдони журналистика кӣ ҷилва мекунад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт, Боздид 402
Журналист шудан кори ҳар кас нест. Журналистӣ касби пурмасъулият ва пурмашаққат мебошад. Дар ҳамаи донишгоҳҳои кишвар факултету кафедраҳои рӯзноманигорӣ фаъолият мекунанд, ки барои омода намудани кадрҳои нав дар ин соҳа машғуланд. Ҳамасола ба ин ихтисос довталабон дохил мешаванд, аммо тибқи таҳлилҳо дар соли хониши 2022-2023 ба ихтисосҳои соҳаи журналистика таваҷҷуҳ кам гардидааст. Сабаб дар чӣ бошад?
Сарсухан ё назаре ба рақамҳо
Дар самти интихоби касб, натанҳо дар соҳаи журналистика, балки дар тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии мардум, шахсони тасодуфиро вохӯрдан мумкин аст. Ин омил аз давраи ба фаъолият оғоз намудани ММТ бештар мушоҳида карда мешавад, ки довталабон тасодуфӣ вориди касб мешаванд.
Вобаста ба нақшаи қабул, факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли хониши 2022-2023 бояд 225 нафар донишҷӯ қабул мекард. Аммо тибқи иттилои Бахтиёр Қутбиддинов, декани факултети журналистикаи ДМТ соли равон 195 нафар донишҷӯ ба факултети мазкур ҳамчун донишҷӯ ворид шудааст. Ҳамин тариқ, дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки нақшаи қабули донишҷӯёни соҳаи журналистика 100 нафар аст, ҳамагӣ 78 нафар ба ин ихтисос дохил шудаанду халос. Дар соли таҳсили 2021-2022 хатмкунандагони ин ихтисос дар ДДБ ба номи Носири Хусрав ҳамагӣ 37 нафар буданд.
“Журналистика ҳангомасозӣ нест ” – мегӯяд, ҷомеашинос
“Журналистика низ дар баробари дигар ихтисосҳо шакл дигар мекунад. Майдонҳои нави журналистӣ пайдо мешаванд. Ҳатто назарҳое низ ҳастанд, ки самти хабарии журналистика аз байн меравад. Ин барои довталабон як нофаҳмиро ба вуҷуд меорад”, - қайд медорад фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ Раҷаб Мрзо.
Журналист бояд пеш аз ҳама ҳақиқатнигор бошад. Дар ҷодаи худ устувор ва комилан аз рӯи адолат кору фаъолият намояд. Ҷомеа бе журналист ва журналистика на фақат ба пеш намеравад, балки вуҷуд дошта низ наметавонад.
Абубакр Файзализода, ҷомеашинос, чунин иброз медорад: “Журналист барои диққати ҷомеаро ба худ ҷалб кардан, бояд доман фарохтар кунад ва ба маводҳои таҳлилӣ бештар таваҷҷуҳ намояд. Аксарияти журналистони мо мушкилот ё худ проблемаро нишон медиҳанд, аммо роҳи ҳалли масъаларо пешниҳод намекунанд. Ҳама мехоҳанд таҳлилгар бошанд, талош мекунанд, ки маводи таҳлилӣ нависанд, аммо на ба ҳама ин кор даст медиҳад. Матлаби таҳлилии журналист бояд созанда бошад, на сӯзанда. Имрӯз ҷомеа барои он ба журналистон кам эътимод мекунанд, ки баъзе рӯзноманигорон манфиати шахсии худро болотар аз манфиати ҷомеа мегузоранд.
Аслан сабабҳои кам таваҷҷуҳ кардан ба ин касб чанд омил дорад. Журналистика, пеш аз ҳама шавқ, маҳорат ва истеъдод мебошад. Барои ин зарурияти аввалин нест, ки хатмкардаи факултаи журналистика бошӣ. Аксарияти кормандони касбӣ дар ин ҷода таҳсилкардаи факултаҳои журналистика нестанд, балки онҳоро шавқ роҳбар шудааст. Дар солҳои охир таваҷҷуҳи довталабон ба ин касб кам нашудааст, балки истеъдодҳо кам гардидаанд. Алҳол журналистикаро ҷавонон ҳамчун як роҳ ва воситаи чеҳракушоӣ мебинанд, на кору фаъолияти пурсамар. Журналистика ҳангомасозӣ ва худнамоишдиҳӣ нест, ин талош, сӯхтан ва сохтан аст!”
“Фирори мағзҳо” ё аз касб гурехт ани мутахасс исони ҷавон
Ягон ҷои пӯшидааш нест, ки қисми зиёди донишҷӯёни соҳаи журналистика баъди хатми донишгоҳ ва гирифтани диплом, фаъолияти касбӣ намекунанд. Дар раванди таҳсил гузариш мекунанд, вале дар баробари ин, аксарияти донишҷӯёне, ки таҳсилро то охир идома додаанд, пайи касби худ намераванд. Ин боис мешавад, ки дар майдони журналистика кормандони ғайрикасбӣ ҷилва намоянд ва то ба андозае номи журналистӣ ва журналистикаро рахна кунанд.
Вазъи мазкур то ба ҳадде масъулинро нигарон намудааст. Ҳамчунин, дар ин самт гузариши донишҷӯёни соҳаи журналистика ба ихтисосҳои дигар бештар ба назар мерасад. Тибқи мушоҳидаҳо, донишҷӯёне, ки дар соли хониши 2020-2021 ба ихтисосҳои самти рӯзноманигории ДДБ ба номи Носири Хусрав дохил шуда буданд, 100 нафарро ташкил медоданд, аммо имрӯз аз он шумора ҳамагӣ 41 нафар боқӣ мондааст, ки аксарияти онҳо низ дар оянда хоҳиши фаъолияти касбӣ карданро надоранд. Дар ин бобат баъзе аз масъулон аз посух додан ба суолҳои мо худдорӣ намуданд.
Ан дешаи донишҷӯ ва волидайн Мо андешаи донишҷӯеро пурсидем, ки худ хоҳиши журналист шудан дорад, вале волидонаш иҷозаи ин корро намедиҳанд. Мавлуда Мамадҷонова, донишҷӯи курси 3-и факултети педагогика ва варзиши ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Айни ҳол дар ихтисоси омӯзгорӣ идомаи таҳсил карда истодааст. Ӯ чунин мегӯяд: “Ман аз овони кудакӣ мехостам дар касби журналистика ҳамчун як журналист кор ва фаъолият кунам, аммо ҳамеша волидонам зидди касби интихобкардаи ман буданд. Алъон бошад, дар ихтисоси омузгорӣ таҳсил мекунам, ҳарчанд ки ба ман ин касб писанд нест”.
“Аслан журналистӣ ва журналистика зеби духтар надорад. Мо имрӯз мебинем, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ бо журналист ва касби журналистика чӣ муносибату чӣ ақида доранд. Ҳамчунин, ӯ духтар аст, баъд аз оиладор шудан, шавҳараш ӯро дар ин касб кор кардан намегузорад. Он ҳама хондану дипломи гирифтааш барбод меравад”, - афзуд модари Мавлуда, Шарофат Мамадҷонова.
Назари мардум дар хусуси журналистика
Чун имрӯз фаъолияти журналистони касбӣ аз рӯйи принсипу дастурҳои қабулшуда ба роҳ монда шуда бошад ҳам, андешае ҳаст, ки журналистон аз рӯйи ҳақиқат кор намекунанд. Албатта, мақоли “гул бе хор намешавад” тасодуфӣ нест. Аз ин рӯ, мардум ба журналистон на он қадар эътиқод доранд. Вале фикр мекунам, ки ҳодисаҳои охир дар масъалаи марз ва ҷанги иттилоотӣ эътимоди аудиторияро ба журналистика то ба андозае боло бурд.
Вобаста ба масъалаи мазкур Қурбоналӣ Қурбонов, директори ФМД Телевизиони “Сафина” иброз медорад, ки мардум мехоҳанд ҳодисаву воқеоти навро ҳарчи зудтар аз расонаҳои давлатӣ ба даст оранд. “Имрӯз блогерон ва журналистони мустақил зиёд гардидаанд ва онҳо берун аз чаҳорчӯбаи қавоиди журналистӣ фаъолият намуда, таваҷҷуҳи мардумро ба худ ҷалб мекунанд. Дар ин сурат, аксарият фикр мекунанд, ки расонаҳои давлатӣ ҳақиқатро намегӯянд”.
Барои ба ин ҷодаи пурмасъулияту пуркор ворид шудан, аввал - хоҳиш, дувум - масъулият, севум - сареият ва чаҳорум ин аз журналистикаи рақамӣ хабардор буданро талаб мекунад. Яке аз рӯзноманигори дигар – Яҳё Маҳмаднабиев, чунин қайд медорад: “Мо донишҷӯ будем, аксари устодон мегуфтанд, ки аз байни шумо танҳо се ё чор нафар журналист мешавад, ки ин сухан дар аввал ба назарамон хело ғалатӣ менамуд, вале бо гузашти вақту фосилаи муайян, дарк намудам, ки дипломи журналистӣ доштан, маънои онро надорад, ки шахс журналист аст. Барои журналист шудан, инсон бояд пеш аз ҳама тавонад мани хешро нишон диҳад. Он нафароне, ки маҳорату малакаи навиштану нигоштан надоранд, худ аз саҳнаи журналистика ба таври автоматӣ берун мегарданд ё умуман ба ин саҳна ворид намешаванд. Албатта, баъзе аз хатмкунандагони факултаҳои журналистика маоши камро баҳона карда, пайи пешаи дигар мешаванд, вале мантиқан андеша намоем, дар кишвари мо анқариб намояндагони тамоми соҳаҳо музди якхела мегиранд. Пас инҷо танҳо барои хатмкунандагон маҳорати журналистӣ намерасаду тамом”.
Чанд тавсия аз мушоҳидаҳо ва ё назари муаллиф
Аз суҳбат бо чандин муҳаққиқони журналистика ва мушоҳидаҳои хеш чанд тавсияро пешниҳод мекунам:
-Чун ихтисоси журналистика соҳаи эҷодӣ аст, бояд барои вориди ин касб шудан, довталаб имтиҳони маҳорати эҷодӣ супорад ва қабули донишҷӯён ба ин самт тариқи Маркази миллии тестӣ ба роҳ монда нашавад.
-Дар самти фаъолияти касбӣ, шахсоне, ки дипломи журналистӣ надоранд ва аз нозукиҳои касб хабардор нестанд, бояд ҳуқуқи кор кардан дар ВАО дода нашавад. Зеро яке аз сабабҳои рахна пайдо кардани номи журналисту журналистика, маҳз аз ҳамин омил сарчашма мегирад.
-Дар самти таълими донишҷӯёни соҳаи журналистика фанҳои таълимии омӯзиши чандрасонаӣ бештар гардад, зеро имрӯз журналистикаи муосир чандрасонаӣ шудааст.
-Инчунин, дар равиши фанҳои таълимӣ, сабти навор ва гирифтани акс низ ба таври касбӣ ба донишҷӯён омӯзонида шавад.
Шаҳодат ХОЛОВА,
махсус барои «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...