Ж:урналистика аз дидгоҳи бузургон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 11 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 439
Имрӯз матбуот ҳамқадами ҳаёт ва ҷузъи хеле муҳиму ҷудонопазири ҷомеаи озоду демократии мо буда, бо таъмини фазои иттилоотӣ ба шаҳрвандон дар интихоби дурусти мавқеъ ва дарёфти ҳақиқат имкониятҳои васеъ муҳайё месозад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Матбуот чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад ва ҷамъиятро аз бисёр нокомиҳои зараровар раҳо карда метавонад.
Эмомалӣ РАҲМОН
Матбуот солномаи таърихи миллат аст.
Садриддин АЙНӢ
Матбуот мактаби адабиёт ҳам ҳаст. Майдони фаъолияти публитсистии ман, майдони муборизаи ман барои умдатарин идеалҳои инсонӣ: сулҳу дӯстӣ низ матбуот аст.
Мирзо ТУРСУНЗОДА
Он ақида мутлақо ғалат аст, ки ҳар касе аз дасташ навиштан меояд, журналист аст. Умуман, ҳар касе, ки дар матбуот кор мекунад, ҳанӯз журналист нест. журналист онест, ки кори матбуотро сарнавишти хеш қарор медиҳад. Баҳри инкишофи маҳорати касбиаш саъю кӯшиши зиёд ба харҷ дода, инро пеши худ қарз медонад, ба чизи дигар умедвор намешавад.
Иброҳим УСМОНОВ
Ободии андеша – озодии қалам.
Зиё АБДУЛЛО
Сухани нав гуфтан, чизи наверо рӯйи коғаз офаридан нисбати кӯҳеро паст намудан мушкилтар аст. Ва ин чиз на ҳар касеро даст медиҳад.
Чингиз АЙТМАТОВ
Агар аз ман пурсанд, ки ба ту ҳукумати бе газета заруртар аст, ё газетаи бе ҳукумат, ман бе ягон дудилагӣ дуюмиро интихоб мекардам.
Томас Ҷеферсон ВАШИНГТОН
Ман метавонам аз даҳ журналист даҳ вазир бисозам, аммо аз даҳ вазир як журналист сохтан аз эҳтимол дур аст.
Отто фон БИСМАРК
Озодии мардум аз озодии матбуот вобаста аст. Онро ҳеҷ гоҳ набояд маҳдуд ё гум кард.
Томас Ҷеферсон ВАШИНГТОН
Журналистика ин як лаҳзаи аломати таърих аст.
Лев ТОЛСТОЙ
Озодии матбуот ҳуқуқи конститутсионии шаҳрванд нисбат ба давлат аст, ки озодии баёнро кафолат медиҳад ва ба ҳамин тариқ, таъминкунандаи демократия мебошад.
Улрих КАРПЕН
Матбуот ифодакунандаи афкору эҳсоси ҳамарӯзаи мардум аст.
Карл МАРКС
Барои он ки матбуот вазифаи дар наздаш гузошташударо ба ҷо оварад, зарур аст, ки аз берун ба дӯши он амре, фармоне, дастурамале бор накунанд, зеро он қонунҳои дохилии хешро соҳиб аст ва рӯйи он бояд кору фаъолият дошта бошад.
Карл МАРКС
Вазифаи хосаи журналист додани маълумотест, ки дар ҷомеа ҳама онро интизорӣ мекашанд. Матбуот чашму гӯши ҷамъият аст. Журналистон воқеиятро намебофанд.
Юлия ШУМ
Одаме дар ҷаҳон нест, ки мисли газетачӣ ин қадар манфиатҳои калони ҷамъиятӣ дошта бошад.
Фридрих ГЕГЕЛ
Рӯзноманигор чун файласуф ба ҷуз ёфтани ҳақиқат ва пешкаши хонанда намудани он манзуре набояд дошта бошад, ба ин тафовут, ки дилро дар кори ақл дахолат намедиҳад ва бинобар он, метавонад маҳсули фикри худро ба дигаре бинмояд.
Муҳаммад ҲИҶОЗӢ
Муҳимтарин дастоварди журналист эътимоди хонанда, шунаванда ва бинанда буда, беҳтарин роҳи нигоҳ доштани он саҳеҳияти баён аст.
Дебора ПОТТЕР
Ягон давлат, ягон сиёсатмадор бе мадади журналистика ба аҳдофи сиёсии хеш расида наметавонад.
Анатолий РУБИНОВ
Журналист қабл аз ҳама бояд бидонад: ӯ шахсият аст ва дар дунё ягон кас ба ӯ ёрӣ дода наметавонад ва дар роҳи иҷрои вазифаи асосиаш – эҷодкор будан – танҳои танҳост.
С. Н. ГУРЕВИЧ
Симои эҷодии журналист бисёр вақт дар хусусияти хоси мавзуи интихобкардаи ӯ маҳфуз аст. Пешаи рӯзноманигорӣ нишонаи аҳамиятнокии симои муаллиф аст. Ба журналисти ҳақиқӣ ҳамеша мавзуи тозае ёфт мешавад, ки ба маънавиёти вай наздик ва ба рӯзнома зарур аст.
В. М. ГОРОХОВ
Журналистони алоҳида, ки воқеан ҳам вазифаи ихтисоси хешро дарк мекунанд, ҳаққулзаҳматро ҳадафи асосии кори хеш намешуморанд. Пас аз ворид шудан ба ҷаҳони ботинии журналист метавон дарк намуд, ки ниёзмандии шуури журналист дар шакли ягон мақсад маскан ёфтааст.
Р. Г. БУХАРТСЕВ
Ман дар он ақидаам, ки рӯзномаҳо чун таърихи инсоният таърихи тӯлонӣ доранд. Ҳеродот муждарасон буд. Ҳикояти «Ҳазору як шаби Шаҳрзод»-ро низ намунаи рӯзномаи бегоҳирӯзӣ ё худ шабона метавон номид.
К. ЧАПЕК
Ҳар як хабарнигор бояд ҳамаҷониба воқеаву рӯйдод, фактро омӯзад, онро таҳлил намояд, гунаҳкору бегуноҳро муайян созад. Ин талаботи умумӣ нисбат ба ҳамаи мост. Вале нисбати он факт, воқеаю рӯйдод чигуна муносибат намуда, эҷод кардан ба имконияти ҳар як шахс вобаста аст.
И. ШАТУНОВСКИЙ
Матбуот чун воситаи классикии ВАО аз омилҳои муҳимтарини инъикоскунандаи воқеиятҳои зиндагӣ, ташаккулдиҳандаи афкори иҷтимоӣ буда, дар ҳар давру замон натанҳо ба ҳисси ватандорӣ, худшиносиву ифтихори миллӣ мусоидат кардааст, балки майда-майда халқи моро ба пояҳои худогоҳӣ расонидааст.
Мурод МУРОДОВ
Гирдоваранда
Ҳангомаи ИСМАТ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...