ДУ ПРОФЕССОР ДАР ЯК ДОНИШГОҲ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин, Боздид 426
ТАҒОЕВА Табассум Музаффаровна
Шояд аз ҷумлаи ҷавонтарин бонувони профессор дар Тоҷикистон аст. Ӯ 14 сентябри соли 1976 дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Омӯзгор, доктори илмҳои забоншиносӣ (2017), профессор (2019) мебошад.
Т. Тағоева хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав (1998) буда, солҳои 1998-2000-ум омӯзгори забони англисии ин донишгоҳ, солҳои 2000–2004 коромӯз-таҳқиқотчӣ ва аспиранти ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ буд. Муддате дар мақоми мудири кафедраи назария ва методикаи таълими забонҳои хориҷӣ фаъолият карда, айни ҳол профессор, мудири кафедраи назария ва типологияи забони англисии факултети забонҳои хориҷии ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад.
Дар мавзуи «Роҳҳои алоқаи шумора аз забони англисӣ ба тоҷикӣ», аз рӯи ихтисоси забоншиносии муқоисавӣ-таърихии типологияи қиёсӣ рисолаи докторӣ ҳимоя кардааст. Муаллифи 3 монография ва 20 мақолаи илмӣ аст. Бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон”, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардидааст.
ЮСУПОВА Заррина Розиқовна
25-уми январи соли 1966 дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Солҳои 1973-1983 хонандаи МТМУ №9-и шаҳри Кӯлоб, солҳои 1983-1988 донишҷӯи Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ буд.
Солҳои 1988-1993 омӯзгори фанни забон ва адабиёти рус дар мактаби №23-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва солҳои 1993-2005 ассисенти кафедраи забони русии ДДК ба номи Рӯдакӣ буд. Пасон, то соли 2008 дар вазифаҳои омӯзгор ва саромӯзгори кафедраи типологияи забонҳои хориҷӣ дар ДДБ ба номи Носири Хусрав, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолияти пурмаҳсул дошт. Солҳои 2008-2014 директори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Бохтар ва солҳои 2014-2015 мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар буд.
Ҳоло дотсенти кафедраи забон ва адабиёти руси ДДБ ба номи Носири Хусрав мебошад. Заррина Юсупова муаллифи 35 мақолаи илмӣ, 1 монография ва 4 дас-тури таълимӣ буда, соли 2006 дар мавзуи “Актуальное членение предложения в русском и таджикском языках” рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.
Мавзуи рисолаи докториаш “Актуальное членение и порядок слов предложения в разноструктурных языках: тождество, сходство, различия” мебошад, ки соли 2022 бомуваффақият ҳимоя шудааст.
Заррина Юсупова бо нишони “Аълочии маорифи Тоҷикистон” ва “Аълочии фарҳанги Тоҷикистон” қадрдонӣ гардидааст.
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00