ҲАР ЯК МОДАР БОЯД МУРАББӢ БОШАД
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 март, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз, Боздид 403
- Ҳар як модар дар таълиму тарбияи фарзанд бояд мураббӣ бошад, пасон модари аслӣ шуда метавонад. Зеро мураббӣ ҳамеша дар омӯзиш буда, ба кӯдакон беҳтарин таълиму тарбияро дода метавонад. Масалан, мураббӣ аз педагогика ва психология бархӯрдор аст. Ӯ бо кӯдак чӣ гуна рафтору гуфтор ва муносибат карданро медонад. Психологияи кӯдак бисёр нозуку ҷолиб буда, донистанаш саропо нафъ-овар аст, - гуфт Озодамо Қодирзода, ғолиби озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2022”.
Мавсуф илова намуд, ки таълиму тарбияи фарзанд кори саҳл нест. Аммо инро на ҳама модарон дарк мекунанд. Дар ба камол расидани кӯдак танҳо нигоҳубин ё харҷ барои хӯрдану пӯшидан кифоя нест. Бояд тамоми ҳаракатҳои кӯдак, рафтору гуфтор, муносибат бо ҷамъият ва ҳатто бозии ӯ дар асоси роҳнамоиву дахолати модар идора шавад. Чунки кӯдак ниҳолеро мемонад, ки ҳар шакле хоҳӣ, метавонӣ ба камолаш расонӣ.
Озодамо Қодирзода солҳои зиёдест, ки ба ҳайси мураббия дар муассисаҳои таҳсилоти томактабии ноҳияи Восеъ фаъолият дошта, соли 2022 аз муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии “Оиша” дар озмуни ҷумҳуриявии “Мураббии соли Тоҷикистон – 2022” ширкат намуда, ҷойи аввалро ба даст овард ва беҳтарин мураббии Тоҷикистон эътироф гардид. Барои омода шудан ба озмуни мазкур аз таҷрибаи пешқадам истифода карда, донишу маҳораташро такмил дод ва тамоми нозукиҳо, вазифаву уҳдадориҳои мураббиро аз худ намуд. Педагогика ва психологияро то ҳадди зарурӣ бо худомӯзӣ такмил дод. Ин боис шуд, ки фаъолияташ миёни ҳазорҳо мураббиёни кишвар намунавӣ эътироф карда шавад.
Озодамо таъкид кард, ки танҳо бо хатми донишгоҳ шахс мутахассиси комил намешавад. На танҳо дар ҷодаи интихобкарда, балки дар тамоми паҳлуҳои зиндагӣ шахс ба омӯзиши пайдарпай ниёз дорад. Усулҳои ҷадиду муосири пешбурди кору зиндагӣ ва фаъолиятро аз худ карда, зудтар метавонад, ки муваффақ шавад. Махсусан, барои занҳо омӯзиши доимӣ ҳатмӣ мебошад. Зеро бо омӯзиш онҳо роҳи дурусти тарбияи фарзандон ва муносибат бо шавҳару дигар пайвандонро аз худ карда, бо ҳама созиш намудану соҳиби эҳтиром буданро ба даст меоранд. Ба ҳамаи занон тавсия медиҳам, ки ҳатман ба омӯзиши психология ва педагогика машғул шаванд. Шарт нест, ки дар донишгоҳ таҳсил дошта бошанд, балки ба таври мустақилона бо истифода аз интернет ва дастурҳое, ки Вазорати маориф ва илм тасдиқ кардааст, дониши худро такмил дода мумкин аст. Орзумандам, ки тамоми занону модарон мураббии на танҳо фарзандон, балки мураббии аҳли хонавода ва ҷомеа бошанд.
С. АЗИЗЗОДА, «Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...