Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » ЯГОНА БОНУИ ПРОФЕССОР ДАР КӮЛОБ, 50 СОЛ СОБИҚАИ КОРИ ОМӮЗГОРӢ ВА ҲАМСАРИ АКАДЕМИК


ЯГОНА БОНУИ ПРОФЕССОР ДАР КӮЛОБ, 50 СОЛ СОБИҚАИ КОРИ ОМӮЗГОРӢ ВА ҲАМСАРИ АКАДЕМИК



Ба ифтихори Рӯзи модар


Зан бузургтарин ва зеботарин ҳадя барои мард аст. Зан модари башарият, ҷавҳари инсоният, нерудиҳандаи нубувват ва кабутари сулҳу ваҳдат аст. 


Мо дар бораи зане сухан мегӯем, ки ягона профессор дар шаҳри Кӯлоб буда, шавҳари марҳумаш академик Каримов Самариддин буданд. Ду олим дар як оила барои ин миллат хизматҳои назаррас кардаанд.


Ӯ бисёр зани зебо, тарбиятгар, хушсухан ва хушмуомила мебошад. Он кас доктори илмҳои педагогӣ, профессори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ Изатова Муҳаббат Иноятовна мебошад. 


Ҷомеаи пуртаззоди муосир бо хидмату пайкори аҳли илму дониш рушд карда истодааст. Ин маҳсули заҳмати бедареғи зиёиёну фарҳангиёну омӯзгороне мебошад, ки маҳз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадани Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавассути авлавият қарор додани рушду тараққии соҳаи маориф ва роҳнамоиву ҳидоятҳои ин шахсияти беназири таърихи муосири мо бунёд гардидааст. Соҳаи аз ҳама муҳим ва калидии ҳар кишвари соҳибфарҳангу соҳибтамаддун, пеш аз ҳама, низоми омӯзишӣ ё маорифи он дониста мешавад, ки тараққӣ ва рушди босуботу бомаром ва илмии соҳаҳои дигар ба пешрафти он иртиботи комил дошта, нақши масъулону мутахассисони варзида ва кордону кордида аз омилҳои асосӣ шуморида мешавад.


Шахсоне, ки дар ҷомеа обрӯ доранд, таҷассумгари олами хоси маънавӣ ва равонӣ ҳастанд. Маҳз ҳамин хусусияти хоси маънавию ахлоқии онҳо барои шогирдон, пайравон ва аҳли ҷомеа намунаи ибрат ва мояи худогоҳӣ ва худшиносист. Сифатҳои фардии онҳо дар ҳар кору пайкор боиси инкишофу рушди ҷанбаи мухталифи ҳаёти ҷомеа мегардад. 


Доктори илмҳои педагогӣ, профессор Иззатова Муҳаббат Инноятовна, ки умри хешро сарфи таълиму тарбияи насли ҷавони миллат кардааст, дорои чунин сифатҳо мебошанд.


Профессор Иззатова Муҳаббат аз ҷумлаи он омӯзгоронест, ки дар пешаи худ камназир аст, зеро ӯ бо заҳматҳои пайваста шабро ба рӯз табдил доданҳо ӯ тавонист дар миёни аҳли илм ва маорифи кишвар ҷойгоҳи арзандаеро пайдо кунад. Ӯ хуб медонад, ки омӯзгор ҳидоятгар ба сӯи рушноӣ ва фардои нек аст.


Муҳаббат Иззатова 10-уми марти соли 1952 дар шаҳри Кӯлоб дар оилаи коргар ба дунё омадааст. Соли 1969 мактаби миёнаро хатм карда, солҳои 1969-1973 дар факултети омӯзгории Донишкадаи педагогии шаҳри Кӯлоб (ҳоло Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ) таҳсил карда, онро бо дипломи аъло хатм намуда, худи ҳамон сол фаъолияти кории худро дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ оғоз намудааст.


Соли 1977-1980 дар аспирантураи Институти илмӣ-таҳқиқотии Академияи илмҳои педагогии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, дар шаҳри Масква таҳсил намуда, моҳи октябри соли 1980 рисолаи номзадиашро таҳти роҳбарии профессори лабораторияи тарбияи оилавии Институти илмӣ-таҳқиқотии тарбияи томактабӣ Маркова Т.А. дар мавзӯи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои ташаккули он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон» бомуваффақият дифоъ намуда, соли 1994 унвони дотсентиро соҳиб гардидааст.


Фаъолияти кории Муҳаббат Иззатова доманадор буда, дар тамоми самти соҳаи маориф фаъолият намудааст. Мухтарасари шарҳи ҳоли эшон бозгӯи фаъолиятиашон маҳсуб меёбад. Педагог, номзади илмҳои педагогика (1980), дотсент (1993), Аълочии маорифи Тоҷикистон (1995), омӯзгори кафедраи педагогика ва психологияи факултети омӯзгории ИДПК (1973-1976), аспиранти Институти илмӣ-таҳқиқотии тарбияи томактабии АИП СССР (1976-1979), муаллими калон (1979-1985), мудири кафедраи тарбияи томактабӣ (1985-2005), дотсенти кафедраи тарбияи томактабӣ (1990-2005), декани факултети омӯзгории ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ (2005-2012). Аз соли 2012 дотсенти кафедраи тарбияи томактабии ДДК ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ. 


Дар мавзӯи «Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии кӯдакони синни калони томактабӣ ва роҳҳои ташаккулёбии он дар оилаҳои деҳоти Тоҷикистон» (1980, Москва) рисолаи номзадӣ, дар мавзӯи «Бавуҷудоӣ ва инкишофи муассисаҳои таълимӣ-томактабӣ дар Тоҷикистон (1924-2004) соли 2015 рисолаи докторӣ дифоъ намудааст. Бо нишони сарисинагии «Аълочии маорифи Тоҷикистон» (1995, Душанбе) мукофотонида шудааст. Муаллифи беш аз 55 монография, китоби дарсӣ, мақолаи илмӣ ва илмӣ-методист.


Иззатова Муҳаббат тамоми умри худро, аниқтараш 50 сол дар як донишгоҳ ва дар як кафедра фаъолият намуда, шогирдони зиёдро ба воя расонидааст. Маҳз ҳамин маъсулиятшиносии ӯро ба инобат гирифта, роҳбарияти донишгоҳ аз моҳи феврали соли 2005 то соли 2012 масъулияти декани факултети омӯзгорӣ ва тайёрии дифои ҳарбиро бар зимаи ӯ гузоштанд. Дар муддати роҳбарияшон аз худ намунаи беҳтарин роҳбарӣ нишон дода тавонистанд. 


Муаллимаи азиз, дар баробари фаъолияти идорӣ ба тарбияи кадрҳои илмӣ низ вақт ҷудо мекард. Дар ин муддат се шогирди ӯ бо навбат рисолаҳои номзадӣ дифоъ намуданд ва имрӯз дар рушди илми ватанӣ саҳм мегузоранд. Айни ҳол зери роҳбарии муаллима як зумра унвонҷӯёну магистрантон ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғуланд.


Муаллима пайваста ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул буда, самараи заҳматҳои бисёрсолааш 126 номгӯи асарҳои илмӣ, методӣ ва китобҳои дарсӣ мебошад. Соли 2015 ҷоизаи донишгоҳии «Олими сол»-ро насиб гаштааст. Хизматҳои бисёрсолаи муаллима Муҳаббат Иззатова дар соҳаи маориф ва пешбурду такомули тарбияи томактабӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони ҷавонон бо ифтихорномаҳои вазорати маориф ва илми ҷумҳуриву вилояти Хатлон, Аълочии маорифи Тоҷикистон, медали Хизмати шоиста қадрдонӣ шудаанд.


Дар фарҷом, ки ба оғози фасли зебои сол – баҳор рост меояд, ба бонуи арсаи илму таълими кишвари ҳамешабаҳорамон, ки ба синни камолоти 71-солагӣ мерасанд, ӯро ба ин муносибат самимона табрику таҳният гуфта, дар бароварда гардидани тамоми орзуҳояш тавфиқ хоста, аз забони шоир иброз медорем:


Баҳори умри ту бодо хуҷаста,

Ҳамеша аз ғами дил бошӣ раста! 

Ҳамеша рӯи роҳат гул бирезанд, 

Дарахти умру хуммори шикаста!

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода