Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия


Наҷотдиҳандагони тоҷик дар Туркия



Имдодгарони тоҷик дар муддати фаъолияти хеш дар Туркия 217 ҷасадро аз зери вайронаҳо берун карданду 3 нафарро зинда наҷот доданд, ки аз шумори наҷотёфтагон 2 кӯдак буд.


Бобоев Сорбон ва Одинаев Амирхон кормандон аз Шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб буданд. 


Мо бо Бобоев Сорбон, корманди Шуъбаи кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб, командири гурӯҳи зудамали дастаи махсуси №2 суҳбате доштем, ки фишурдаи он пешниҳоди хонанда мегардонем.



 -Нахуст мехостам миннатдории мардуми шарифи тоҷикро ба шумо расонам.

    -Дастгирии мардуми шарифи Тоҷикистон буд, мо корамонро хуб ба анҷом расонида, ба Ватан баргаштем. Мо дар он рӯзҳо дастгирии мардуми Тоҷикистонро эҳсос мекардем. 


 -Аз корҳои наҷотдиҳӣ, ки нахустин маротиба берун аз Тоҷикистон сурат гирифт, чӣ таҷриба гирифтед? 

  -Мо берун аз кишвар таҷриба надоштем. Аммо корҳои наҷотдиҳӣ дар ҳама ҷо як хел аст, фарқ надорад, ки дар кадом гӯшаи дунё ин корро анҷом медиҳӣ. Кори мо дар ҳама ҷо як аст, дар Тоҷикистон ҳам дар Туркия ҳам. Дар Туркия танҳо ҳаҷми кор аз ҳад зиёду вазнин буд, харобаҳо бисёр, одамони зиёд мурдаву хонаҳои валангор буданд. 


-Дар он ҷо оё ягон камбудӣ дар вақти кор аз ҷониби шумо сурат гирифт?

   - Дар он ҷо ба ҳама маълум аст, ки ҷасад бисёр аст ва мо ҷасад мебаровардем. Техникаҳо кор мекарданд ва мо ҷасадҳоро берун оварда, ба соҳибонашон месупоридем. Дар ҷое, ки кор ҳаст, камбудӣ ҳам дида мешавад, аммо мо кӯшиш мекардем, ки кумаки худро расонем. 


  Президенти Туркия дар наворе дар назди имдодгарони тоҷик буд. Ӯ ба шумо чӣ гуфт? 

   - Ман дар он ҷо набудам, аммо роҳбарамон генерал-майёр Исозода, роҳбарони гурӯҳҳо ва дигар бачаҳо буданд. Президенти Туркия аз кори мо изҳои қаноатмандӣ карда, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расониданд. Дар он вақт кори мо аллакай ба анҷом расида буд.


   -Кори наҷотдиҳандагони дигар давлатҳоро чӣ гуна баҳогузорӣ мекунед

   - Дар асл кори ҳама як хел буд, аммо баъзе давлатҳое буданд, ки таҷҳизотҳои махсусеро истифода мебурданд, ки дар зери харобаҳо аз будани одами зинда дарак медод. Пешравӣ ҳамин чизро дидем, дигар ҳама як хел кор мекард. 


   -Вақте нахустин маротиба ба ҷойи ҳодиса ворид шудед, чӣ гуна эҳсос Шуморо фаро гирифт? 

   -Ростӣ ин як ҳодисаи фавқулодда аст ва мо кӯшиш кардем, ки рӯҳияамон нашиканад. Агар ба ҳаяҷон дода мешудем, кор карда наметавонистем. Мо омода будем ва медонистем, ки ба чунин ҷои ҳассос меравем. 


   -Оё амалиёти наҷотдиҳӣ ба анҷом расид ва оё буданд биноҳое, ки зери амалиёти наҷотдиҳӣ қарор доштанд?

   - Амалиёти мо ва намояндагони дигар кишварҳо ба анҷом расид. Намояндагони дигар давлатҳо ҳам ҳама рафтанд. Фақат тоза кардани шаҳр монда буд ва моро ҷавоб доданд.


   -Марди калонсоле, ки наҷот додед, чӣ эҳсос дошт?

   - Мо дар он ҷо ба 6 гурӯҳ ҷудо шудему корро сар кардем. Кори мо дар ҳар бино сурат мегирифт. Дар он ҳодиса дигар гурӯҳ иштирок дошт ва ман он ҷо набудам.


   -Чанд навор аз ҷойи ҳодисае, ки кӯдаконро наҷот медодед, дар интернет нашр шуд. Кӣ инро ба навор гирифт? 

   - Бачаҳои мо буданд, ки лаҳзаи наҷотро ба навор гирифта буданд. Дар ин кор бархе аз бачаҳои мо масъул буданд. Мо ҳамаи инро медидем.


   -Саломат бошед! 


     - Сипосгузорам.


Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода