Банӣ одам аъзои якдигаранд...
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 761
6 феврал дар Туркия заминларзаи азим ба вуқуъ омад, ки дар натиҷаи он чандин биноҳои истиқоматӣ якбора ба замин фуру рафт. Мувофиқи маълумоти охир заминларзаи мазкур ҷони зиёда аз 44 ҳазор нафарро рабуд. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Туркия кӯмаки башардӯстона фиристода, 50 нафар наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои расонидани кӯмак дар бартараф кардани харобазори ин ҳодиса сафарбар карда шуданд.
Наҷибулло Каримов, сардори дастаи зудамали наҷотдиҳии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, аз ҷумлаи он нафотдиҳандагоне буд, ки дар баробари дигарон барои наҷотдиҳӣ ба Туркия рафта буд.
Наҷибулло Каримов нақл мекунад, ки кор дар Қаҳрамонмараш аз соати 6 ё 7 субҳ оғоз гардида, гоҳ то соати 7-8 бегоҳ ва ҳатто то 1-2-и шаб идома меёфт. -Лаҳзаҳое ҳам буданд, ки мо шабонарӯзӣ кор мекардем,- нақл мекунад ў. - Дастуру супоришҳоро аз Ситоди бартарафкунии офатҳои табиӣ гирифта, ба ҷойи офатзада рафта корҳои наҷотдиҳиро пеш мебурдем.
Ба гуфтаи Наҷибулло ҳама як корро иҷро мекарданд. Кӯшиш мекарданд, ки як ҷонеро наҷот диҳанд. Ҳамаашон новобаста аз миллату халқият, давлату ҳукумат як вазифа, як мақсад доштанд.
Дар наҷот додани кӯдаки сесола бо номи Явуз ду нафар наҷотдиҳандагони хатлонӣ- лейтенант Ҳотамшоҳ Искандарзода ва лейтенанти калон Амирхон Одинаев иштирок намудаанд.
Наҷотдодаи як нафар, хоҳ вай тоҷик бошад, хоҳ турк ва ё дигар нафар барои мо ягон тафоввут ва фарқият надорад, зеро мо ҳама инсонем, ҳама одамем. Муҳим нест, ки мо аз кадом халқиятем. Вазифаи аввалиндараҷа наҷотдодани як ҷон аст.
Ҳамчун сардори даста Наҷибулло Каримов дар вохӯрии Президенти Ҷумҳурии Туркия бо наҷотдиҳандагон иштирок доштааст. Ин вохӯрӣ дар шаҳри Ҳатай доир гардид. Президенти Тукрия нахуст бо рафти бартарафкунии харобаҳо шинос шуда, баъд бо наҷотдиҳандагон суҳбат кард. Ҳангоми суҳбат дар баробари дигар наҷотдиҳандагони ҷаҳон, Эрдоган ба наҷотдиҳандагони Тоҷикистон миннатдорӣ намуда, ба кори онҳо баҳои баланд дод.
-Ин гуна ҳодисаро якум бор мебинем, ки тақрибан як шаҳри калон пурра ба замин фурӯ рафта бошад. Кор дар Туркия барои мо таҷрибаи хело калон шуд. Тавонистем, таҷрибаи кориамонро бойтар кунем. Тарзи кор, хислату характерамонро ба ин гуна корҳо омода намоем. Мо дар ҳама маврид кӯшиш мекардем, ки супоришҳои гирифтаамонро саривақт ва сифатнок иҷро кунем. Бояд гӯям, ки хушбахтона наҷотдиҳандагони мо ҳама бо сарбаландӣ ба Ватан баргаштанд, иброз медорад капитан Н. Каримов.
Дастаи махсуси зудамали наҷотдиҳӣ аз се гурӯҳ иборат буда, мутахассисон ба монанди наҷотдиҳанда оид ба корҳои кӯҳнавардӣ, амалиётҳои рӯйи обӣ, кинолог, дастёр –духтур ва ронанда шомил аст.
Ҳар шахс дар дил орзуву ҳаваси худро дорад. Наҷибулло ба ҷавонон муроҷиат намуда, даъват менамояд, ки ҳангоми интихоби касб бодиққат бошанд. Махсусан ҳангоми интихоби касби наҷотдиҳанда, ки касби хело душвар ва ҳамзамон пуршараф аст, дудилагӣ накунанд. Ҷойи пӯшида нест, наҷот додани ҷоне кори бо шараф ва боиси ифтихор аст.
Наҷотдиҳандагони тоҷик то 18 феврал дар Қаҳрамонмараш буданд. Баъдан ба шаҳри Ҳатай сафарбар гардиданд. Дар ин шаҳр назар ба Қаҳрамонмараш хисорот кам буд. Он ҷо ду-се рӯз кор карданд. Сипас, аз Ситоди бартарафсозии офат изҳори сипос намуда, гуфтанд ки корҳои наҷотдиҳӣ ва кофтуковӣ дар ин шаҳр ба анҷом расид. Бо ҳамин ҳайати панҷоҳнафараи тоҷикистонӣ баъди иҷрои супориши Ватан бо сарбаландӣ ба зодгоҳ баргаштанд.
P.S. Ҳангоме ки мо бо капитан Наҷибулло Назаров суҳбат мекардем, ў иброз дошт, ки чанд тан аз наҷотдиҳандагони турк, ки ҳангоми кор дар Қаҳрамонмараш шинос шудаву дӯстӣ пайдо карда буданд, ҳодисаҳои тармафароӣ ва хисоротӣ иҷтисодиву ҷониро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шунида, таввасути барномаи WhatsApp дар алоқа шуда, ҳамдардии худро баён доштаанд. Ҳамзамон, омодагии худро барои расонидани кӯмак ба мардуми Тоҷикистон изҳор доштаанд.
http://khatlon-ruznoma.tj/
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00