Барои сарбозони дидбонгоҳи сарҳадии Фархор 150 нусха китоб тақдим гардид
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳуқуқу амният / Хабарҳо, Боздид 552
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба Ситоди комендатураи раёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Фархор рафта, бо афсарону сарбозон мулоқоти судманд анҷом дод. Ҳамзамон ба китобхонаи дидбонгоҳи сарҳадӣ 150 нусха адабиёти илмӣ, бадеӣ ва тарбиявӣ тақдим карда шуд.
Дар вохӯрӣ оид ба ғамхорӣ ва дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосса Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба сарбозони ватандӯсту далери Ватан ибрози назар карда шуд.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси раёсати Донишгоҳ баҳри болидахотирии сарбозон барномаи хотирмони фарҳангӣ — фароғатӣ, ки саршор аз суруду рақсҳои зебо ва шеърҳои баландмазмун буд, дар сатҳи баланд манзур карда шуд. Ҳамчунин аз ҷониби Донишкада ба афсарону сарбозон дастархони идона ороста шуд.
Бояд гуфт, ки мулоқот бо афсарону сарбозони дидбонгоҳҳои сарҳадӣ ва қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳукми анъана даромада, минбаъд низ идома меёбад.
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...