Паёми табрикии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 22 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 355
Ҳамдиёрони азиз, муҳтарам собиқадорон ва хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон!
Сиюмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки такягоҳи боэътимоди давлат, неруи пуриқтидор ва кафили устувории фазои амну суботи сарзамин аст, самимона шодбош гуфта, ба хонадони ҳар фарди тоҷикистонӣ сулҳу осоиш ва ба Артиши миллиамон қудрату тавонмандии беш аз пешро орзумандам.
Таърихи давлатдории миллии беш аз се даҳсоларо варақ зада, аз корномаи беназири сарбозони шуҷои ватан метавон ифтихор кард. Зеро сарбозону афсарони мо тавонистанд дар муқобили душман ва ҳама гуна гурӯҳҳои бадхоҳу ифротӣ истодагарӣ карда, дар роҳи ҳифзи Ватан ҷоннисориҳо нишон диҳанд. Хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ дар вилояти Хатлон ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ борҳо бо ҷасорату шуҷоат ва далериву матонати худ ватандӯсти асил буданашонро собит намуда, садҳо нафари онҳо дар роҳи ҳифзи истиқлолу якпорчагии меҳан қаҳрамонона ҷони худро қурбон кардаанд. Халқи сипосгузор ва Ватани маҳбуб хизматҳои таърихӣ ва хотираи неки фарзандони ҷонфидову сарсупурдаи хешро ҳеҷ вақт фаромӯш накарда, ҳамеша хотираи онҳоро пос медоранд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд, ки ҳифзи истиқлолу озодии давлат, пеш аз ҳама, натиҷаи хизмати содиқонаву ватандӯстонаи ҷузъу томҳои Артиши миллӣ, дигар сохторҳои низомӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар мебошад.
Дар зарфи сӣ сол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат инфрасохтори Қувваҳои Мусаллаҳ таҷдиду азнавсозӣ гардида, дар баробари таъминоти онҳо бо техникаву таҷҳизоти муосири низомӣ, ба дастгирии иҷтимоии хизматчиёни низомӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисоси ҳарбӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Дар Паёми навбатӣ дар баробари таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудан ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи пуриқтидор намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, беҳсозии шароити онҳо ва кумак ба қисмҳои низомӣ изҳори назар карда, тибқи дастурашон аз 1 марти соли 2023 маоши хизматчиёни ҳарбӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 25 фоиз зиёд карда шуд.
Дар заминаи дастуру супоришҳо ва ҳидоятҳои роҳбарияти олии кишвар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хизматҳои ҳайати шахсӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратиро қадрдонӣ карда, ҷиҳати беҳтар намудани шароити кору хизмат, баланд бардоштани сатҳи ҳифзи иҷтимоӣ ва тақвият бахшидани заминаҳои моддиву техникии онҳо тадбирҳои муассир меандешад.
Мардуми шарифи Тоҷикистон хуб дарк мекунанд, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бо ҷоннисорӣ, ҷасорату диловарӣ ва матонату фидокории фарзандони содиқи Ватан, хизматчиёни ҳарбии далеру шуҷоъ ба даст омадааст ва ҳимояи он имрӯз ҳамчун вазифаи масъулиятноку бошараф ба зиммаи онҳо вогузор гардидааст. Аз ин ҷост, ки Сарвари мамлакатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Мо бо афсарону сарбозони далеру ҷасури Қувваҳои Мусаллаҳи давлати соҳибистиқлоли худ, ки фарзандони миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз ва ободгару созандаи тоҷик мебошанд, ифтихор мекунем”.
Дар баробари ин, давлату Ҳукумат бо дарназардошти вазъи ноороми ҳарбиву сиёсӣ, ки имрӯз минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифтааст, инчунин, торафт вусъат пайдо кардани миқёси хатару таҳдидҳои муосир, қабл аз ҳама, терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, маводи мухаддир, ҷиноятҳои киберӣ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ аз ҳар як хизматчии ҳарбӣ ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва сатҳи баланди омодабошии ҷангиро интизор аст.
Мо мутмаинем, ки низомиёни тоҷик, сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо маҳорату малакаи касбӣ, эҳсоси гарми ватандӯстӣ, садоқат ба Ватан, давлат ва миллат, ифтихори ватандорӣ, ҷасорату далерӣ ва мардонагиву фидокорӣ вазифаҳои хизматии худро адо мекунанд.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо ҷавонони далеру ғаюри мо низ дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ содиқона хизмат карда, қарзи фарзандӣ ва рисолати миллии хешро содиқона иҷро мекунанд ва ҳамчун сипари боэътимоди давлатдории миллии тоҷикон дар ҳифзи марзу буми кишвар, таъмини амнияти давлату ҷомеа ва ҳимояи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ – сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ нақши бузург доранд.
Хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва дар айни замон вазифаи муқаддаси ҳар як ҷавони бонангу номус мебошад. Ба ҳимояи Ватан ва марзу буми он омода кардани ҷавонон, ба хизмати ҳарбӣ ҷалб намудан ва баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстии онҳо вазифаи ҷонӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар яки мову шумост.
Бо таманнои рушду тараққии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ҷашни 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳро бори дигар ба ҳамаи хизматчиёни ҳарбӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамватанони азиз табрику таҳният гуфта, бароятон рӯзгори хушу осуда ва барори кор орзумандам.
Идатон муборак, ҳомиёни далеру шуҷои Ватан!
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00