Аҳамияти обшӯйкунӣ ва яхобмонии майдонҳои пахта
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 07 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 484
Обшӯй кардани шӯрзаминҳо дар баланд бардоштани ҳосили замин нақши калон мебозад. Дар асоси маълумотҳо ҳоло дар вилоят зиёда аз 20 ҳазор гектар замин ба дараҷаи сахт, миёна ва суст шӯр мебошад.
Шӯрзаминҳо барои хоҷагии қишлоқ зарари калон меоранд. Агар дар қабати якметраи хок аз 0,3 фоиз зиёд намак бошад, он гоҳ ҳосилнокӣ то 50 фоиз ва агар аз як фоиз зиёд намак дошта бошад, ҳосилнокӣ то 20 баробар кам хоҳад шуд. Инчунин шӯрзаминҳо қувваи неш зада баромадани чигитро суст карда, давраҳои тараққиёти пахтаро бозмедоранд ва сифати технологияи нахро паст мекунанд.
Шӯрзаминҳо бо се роҳи асосӣ ба амал меояд. Якум, баланд будани сатҳи обҳои зеризаминӣ ва дар он мавҷуд будани намакҳои ҳалшаванда, дуюм, ба рӯи хок баромадани обҳои зеризаминӣ ва сеюм, аз сатҳи замин ва ба воситаи растаниҳо бухоршавии обҳои зеризаминӣ мебошад. Аз ин рӯ, яке аз роҳи асосии пешгирии намуди шӯршавии хок ин дуруст ва аз рӯи меъёр обёри намудани заминҳо ва беҳтар ба роҳ мондани кори шабакаҳои обёришаванда (коллектору заҳбурҳо) мебошад. Агар мо заминро аз меъёр зиёд об монем, он гоҳ оби зиёдатӣ бо оби зеризаминӣ якҷоя шуда, барои ба рӯи хок боз баромадани намакҳо мусоидат мекунанд.
Мувофиқи маълумоти муассисаҳои илмӣ ва хоҷагиҳои пешқадами деҳқонии вилоят яхобмонӣ, инчунин обшӯй кардани заминҳои шӯр дар моҳҳои январу феврал самараи калон мебахшад ва ҳосили пахтаи ҳар гектар заминҳои шӯр мувофиқан аз 3 то 5-сентнерӣ зиёд хоҳад шуд.
Бартарии дар зимистон обшӯй кардани заминҳои шӯр дар он аст, ки дар ин давра обҳои зеризаминӣ дар чуқурии максималӣ воқеъ гашта, намакҳо дар об ҳал мешаванд ва онҳоро об ба қабати чуқуртари хок шуста мебарад. Бо ин роҳ дар фаслҳои баҳору тобистон роҳи ба рӯи хок боз баргашта баромадани намакҳо дошта мешаванд.
Сарфи назар аз он, ки яхобмонии заминҳои шӯр дар фасли замистон афзалиятҳои калони агротехникӣ ва ташкилӣ дорад, то ҳол бисёр хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои минтақаҳои Бохтар ва Кӯлоб ба иҷрои чунин тадбири муҳими фаровонҳосилӣ хеле кам диққат медиҳанд.
Яке аз сабабҳои кашолёбии обшӯйкунии шӯрзаминҳо дар хоҷагиҳои вилоят ин пурра тайёр набудани шабакаҳои обёрӣ, заҳбуру коллекторҳо ва ҷӯйҳои асосӣ мебошанд. Бояд қайд кард, ки шабакаҳои объёрӣ ҳар қадар босифат таъмир карда, ба тартиб дароварда шаванд, ҳамон қадар обҳои шӯри зеризаминӣ аз заминҳои обшӯйшаванда дуртар ҷорӣ шуда, хок ҳамон қадар беҳтар обшӯй карда мешавад. Дар назди мелиораторон вазифа меистад, ки дар бобати зудтар таъмир кардани шабакаҳои объёрӣ кӯшиш ба харҷ диҳанд. Заминҳои шӯрро пеш аз обшӯйкунӣ хуб тахту ҳамвор мекунанд. Қитъаҳоро ба палҳо тақсим карда, онҳоро 20-30 сантиметр аз об пур кардан лозим. Мутасаддиён ҳангоми обшӯйкунӣ ба ҳодисаҳои аз як майдон ба майдони дигар ҷорӣ шудани об ҳаргиз роҳ надиҳанд. Зеро агар об аз як майдони дигар ҷорӣ шавад, боиси боз шӯр бастани замин мегардад.
Мувофиқи тавсияи агрономӣ мутахассисон бояд ба меъёрҳои зерини обёрӣ диққати алоҳида диҳанд: Барои заминҳои камшӯр як маротиба ба меъёри 2500-3000 мукаабметр, барои заминҳои шӯраш миёна 3000-5000 мукаабметр, барои заминҳои шӯразор 8000-10000 мукаабметр об муайян карда шудааст.
Дар заминҳое, ки шӯриашон аз ҳад зиёд аст, хокро якчанд маротиба обшӯй мекунанд. Ҳар як обшӯйкунӣ бояд баъди 5-6 рӯзи онро ҷабида гирифтани хок такрор карда шавад. Дар ҳамин давра намакҳои дар хок мавҷуда ҳал мешаванд ва ҳангоми обёрии такрорӣ ба қабатҳои чуқури хок мераванд.
Дар баланд бардоштани ҳосили пахта ба ғайр аз обшӯйкунии шӯрзаминҳо, яхобмонӣ, ки онро одатан обёрии захиравӣ меноманд, аҳамияти хеле калон дорад. Қайд кардан лозим, ки дар хоҷагиҳои ноҳияҳои пахтакори вилоят, алалхусус ноҳияҳои минтақаи Бохтар, ноҳияҳои Восеъ, Фархор ва Ҳамадонии минтақаи Кӯлоб дар фаслҳои тирамоҳу зимистон бориш кам шуда, намнокии замин талаботи агротехникиро қонеъ намегардонад. Бинобар ин, ба чунин минтақаҳо дар зимистон яхоб мондан яке аз омилҳои самарабахши баланд бардоштани ҳосил мебошад.
Аҳамияти яхобмонӣ, пеш аз ҳама дар он аст, ки дар хоки намаш муътадил чигит саросар ва барвақт неш зада мебарояд ва ниҳоли пахта нағз инкишоф мекунад. Яхобмонӣ имкон медиҳад, ки ҳосили ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 2-3 сентнер зиёд ва обёрии якуми пахтазор 10- 15 рӯз дертар гузаронида шавад.
Таҷрибаҳои илм ва истеҳсолот нишон медиҳанд, ки яхобмонӣ дар ҳамаи заминҳо, махсусан дар заминҳои қабати хокашон пурқувват ва обҳои зеризаминиашон чуқур самараи калон бахшида, ҳосили пахтаро боз ҳам баланд мебардорад. Вале, мутаассифона, роҳбарону мутахассисони ноҳияҳо, хоҷагиҳои деҳқонии алоҳида барои дар вақташ ба ҷо овардани ин тадбири муҳими фаровонҳосилӣ чораҳои таъсирбахш намебинанд.
Бояд қайд кард, ки ба заминҳои шудгору ҳамвор кардашуда баъди кашидани ҷӯяк яхоб монда мешавад. Ва дарозии ҷӯякҳо бояд 90-120 метр бошад. Барои баробар ва то чуқурии 1-1,5 метр нам кашидани хок обро бо ҷӯякҳо бо ҷараёни хурд тақсим мекунанд ва обёриро то дами пурра сиёҳ шудани ҳамаи теғаҳо давом медиҳанд. Дар заминҳои хокашон вазнин меъёри обёрӣ ба 1 га 1,5 - 2 ҳазор мукаабметр, дар заминҳои хокашон миёна 1,2-1,5 ҳазор мукаабметр, дар заминҳои хокашон сабук, ки асосан баҳорон обёрӣ карда мешавад.
Меъёри обёрӣ ба ҳар 1 га аз 700-800 мукаабметр набояд зиёд бошад. Барои нигоҳ доштани намие, ки дар натиҷаи обёрии захиравӣ ҷамъ шудааст, майдонҳоро фавран баъди хокрез шудан аз бари ҷӯякҳо мола кардан лозим аст.
Имомбердӣ Исматов,
мудири шуъбаи мелиоратсияи
хоки Стансияи таҷрибавии хок-
шиносию мелиоративии «Вахш»
дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00