Маблағи қарздиҳӣ ба сокинон афзудааст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 02 феврал, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 515
Давоми соли 2022 дар ҳудуди минтақаи Бохтар аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 8 адад марказҳои хизматрасонӣ кушода шудааст, дар ин бора Фирдавс Самадов, мудири шуъбаи минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.
Ҳамчунин, ба таърихи 31 декабри соли 2022 дар қаламрави минтақа теъдоди банкоматҳо 246 адад ва постерминалҳо 532 ададро ташкил медиҳад.
Инчунин, иттилоъ дода шуд, ки истифодабарандагони кортҳои пластикӣ то анҷоми соли гузашта 687,7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2021-ум 21,7% зиёд мебошад.
Ҳамзамон, бо мақсади вусъат бахшидани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ дар ҳудуди минтақа ба таърихи 31 декабри соли гузашта дар мағозаҳо, тарабхонаҳо, нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ ва дигар субъектҳои фаъоли иқтисодӣ аз ҷониби ташкилотҳои қарзии молиявӣ 304 адад постерминалҳои пардохтӣ ва 2 589 ада QR-рамзҳо насб карда шудааст, ки тавассути онҳо дар давоми соли 2022 зиёда аз 88 ҳазор пардохтҳо ба маблағи 57,5 миллион сомонӣ амалиётҳо анҷом дода шудааст.
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2022, 12:41
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон! Ҳамватанони азиз!...