Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Сайёҳони рус бештар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доштанд


Сайёҳони рус бештар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳ доштанд



Тибқи маълумоти Росстат Агентии давлатии федералии омори Федератсияи Россия сайёҳон аз Россия дар соли 2022 бештар ба кишварҳои Малдив ва Тоҷикистон сафар кардаанд. Сайёҳати саёҳони рус ба ин ду кишвар баробар буда, тақрибан 80 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки дар ҳамин давраи соли 2019 ин рақам 38 ҳазорро ташкил медод. Ҳамзамон сайёҳати туристон аз ин кишвар ба Узбекистону Қирғизистон низ зиёд гардидааст.

Қаблан, Молдив аз ҷониби русҳо як макони гаронбаҳои истироҳат ҳисобида мешуд, аммо ҳоло сайёҳоне, ки пеш аз пандемия ва таҳримҳо дар Аврупо истироҳат мекарданд, парвоз мекунанд. Афзоиши шумораи сафарҳо ба кишварҳои пасшӯравӣ дар соли 2022 бештар ба ҳадафҳои сайёҳӣ шарҳ дода мешавад: масалан, ҳазорон нафар шаҳрвандони Россия бо мақсади сайёҳати кӯҳӣ ё кӯҳнавардӣ бештар ба Тоҷикистон ташриф меоранд.

Маъруфтарин самтҳои ҳавоии Россия дар соли 2022 Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон буданд, гуфта мешавад дар иттилооти сомонаи Туту.ру. Дар ҳамин ҳол чиптаҳо ба Арманистон ва Туркия бештар харидори шуда, ТОҶИКИСТОН БА СЕГОНАИ БЕҲТАРИН ШОМИЛ МЕШАВАД.

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода