Хатлон. 931 адад ёдгориҳои таърихӣ-фарҳангӣ мавҷуд аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 31 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 547
- Дар вилояти Хатлон 890 адад муассисаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла 492 адад китобхона, 286 адад муассисаҳои клубӣ 3 адад филармонияи халқӣ 3 адад театрҳои касбӣ, 35 адад боғҳои фарҳангӣ-фароғатӣ, 22 адад осорхона мавҷуд аст, ки аз ин шумора 52 китобхона, 36 иншооти фарҳангӣ таъмирталаб мебошад, - гуфт Рамазон Насриддинзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин мавсуф иброз дошт, ном гирифтани қасри фарҳангиву иттилооотии шаҳри Бохтар ба номи Аловуддин Абдуллозода бесабаб набуда, мо аҳли фарҳанги вилоят тасимим гирифтем, ки барои гириомидошти ин ҳаҷвнигори зиндаёд дар ҳамин иншооти фарҳангӣ осорхонаи шодравонро сохта ба намоиш гузорем.
Рамазон Насриддинзода, қайд дошт, ки дар ҳудуди вилоят 3 адад ансамблҳои касбии “Шашмақом”, “Хутал”, “Фалак”, 1 адад ансамбли рақсии “Ситора”- и шаҳри Бохтар ва 11 адад ансамблҳои рақсӣ фаъолият доранд. Ҳамчунин, барои эҳёи жанри қадимии мандоқсароӣ кушиш намуда истодаем, ки тавассути воситаҳои ахбори омма ин жанри мусиқии қадимаро бори дигар аз нав эҳё намоем.
“Хатлон”
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00