Раиси вилоят ба аёдати хонаводаи сарбозони шаҳидгашта рафт
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Хабарҳо, Боздид 756
Дар идомаи сафари корӣ дар ноҳияи Кӯшониён иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба хотири гиромидошт ва абадӣ гардонидани номи сарбозони дар ҳифзи Ватан ҳалокгардида ба аёдати хонаводаи оилаҳои марҳум Ҳусейнов Шодмон ва Маҳмадов Маҳмадҷон рафтанд.
Зимни боздид иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ба волидони сарбозони шаҳидгашта изҳор доштанд, ки қаҳрамонию ҷоннисорӣ ва хотираи неки фарзандони шуҷои Ватан дар хотирҳо абадан зинда нигоҳ дошта шуда, ҳаргиз фаромӯш нахоҳанд гашт.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҳусейнов Шодмон соли 2021 ба Комисарияти ҳарбии ноҳияи Кӯшониён ҳозир шуда, аз комиссияи тиббӣ гузашта 7 апрели соли 2021 аз ноҳияи Кӯшониён барои адои хизмат дар сафи Артиши миллӣ ба вилояти Суғд сафарбар гардид.
Маҳмадов Маҳмадҷон бошад, баъди хатми муассисаи таълимӣ соли 2018 ба Донишгоҳи Олии Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии Амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2022 донишгоҳи мазкурро хатм намуд. Мувофиқи тақсимоти Гарнизони Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳри Конибодоми вилояти Суғд сафарбар гардида буд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...