Таҷлили ҷашни Сада дар Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Сиёсат / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 1 276
Имрӯз, дар маркази маъмурии вилояти Хатлон - шаҳри Бохтар ҷашни Сада бо шаҳомати хос таҷлил карда шуд.
Нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид ва ҳамроҳонаш аз намоишгоҳи маҳсулоти кишоварзӣ, дарахтону гулҳои гуногуни ороишӣ, таомҳои миллӣ ва маҳсулоти истеҳсолкардаи корхонаҳои саноатӣ дидан намуданд. Намояндагони шаҳру навоҳии вилоят беҳтарин намунаҳои маҳсулоти кишоварзӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, анвои мухталифи таомҳои миллӣ, қаннодӣ, ниҳолони дарахтони мевадиҳанда ва ороиширо ба маъраз гузошта буданд.
Сипас, қисмати дигари чорабинӣ дар толори Кохи фарҳанг ва маркази иттилоотии шаҳри Бохтар идома кард.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аҳли толорро ба муносибати ҷашни ниёгон - Сада шодбош гуфт. Изҳор доштанд, ки боиси ифтихору шодмонист, ки бо шарофати соҳибистиқлолӣ анъанаву суннатҳо ва ҷашнҳои миллии мардуми куҳанбунёди мо эҳё гардида, арҷгузорӣ ба онҳо сол ба сол бештар шуда истодааст. Ин ҷашнҳои суннатӣ, аз ҷумла маросими Сада, ёдгоре аз ниёгони ориёии мо буда, мардуми тоҷик онро ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири хотираи фарҳангии чандинҳазорсолаи худ ва ба сифати дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз намудаанд.
- Дар фарҳанги суннатии ниёгони мо муборизаи равшанӣ бар зидди торикӣ ҳамчун ҷавҳари маънавӣ нақши калидӣ доранд, ки он ба ҷашни Сада низ алоқаманд мебошад. Дар доираи ташаккули ҳамин унсурҳо гузаштагони мо, аз ҷумла қавмҳои ориёӣ, ду фасли сол доштанд, ки ин ҳамон муборизаи Аҳурамаздову Аҳриман ва муборизаи равшанӣ бо торикиро ба ёд меорад.
Мувофиқи боварҳо ва манбаъҳои бостонӣ, агар хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани хонаву қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон замина гузоштааст, - таъкид доштанд Давлаталӣ Саид.
Дар идомаи суханронӣ иҷрокунандаи вазифаи раиси вилоят гуфт: "Маҳз Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати фарҳангпарваронаю созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки ҷашни Сада дубора эҳё гардида, шаҳомату азамати худро барқарор намуд. Ҳамасола дар ин айём мардуми Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Сада дар баробари гулханафрӯзию омодагӣ ба киштукори баҳорӣ, инчунин аз ҳавлию хонаҳо ашёҳои нодаркорро берун карда, ба тозаву озода гардонидани манзилу гирду атроф ва вусъат бахшидани корҳои ободонию созандагӣ машғул мешаванд. Аз гузаштагон анъанаи хубе то имрӯз боқӣ мондааст, ки тоҷикон суфраи ҷашни Садаро бо гузоштани меваҷот, донагиҳо, хушкмеваҳо, тайёр кардани шарбат ва хӯрокиҳои дигар аз анвои орди гандумӣ, ҷавӣ, нахӯдӣ оро медиҳанд".
Дар чорабинӣ зикр гардид, ки Дар ин давра ҳаҷми умумии маҳсулоти кишоварзӣ ба 26 миллиарду 41 миллиону 918 ҳазор сомонӣ расонида шуд, ки афзоиши он нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2021 ба андозаи 1 миллиарду 641 миллиону 262 ҳазор сомонӣ ё ин, ки 6,7 банди фоизро ташкил менамояд. Ҳиссаи бахши аҳолӣ дар ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ ба 52,5 фоиз ё худ 13 миллиарду 668 миллиону 456 ҳазор сомонӣ баробар гардид.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки саҳми кишоварзони вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ гардида, 53,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80,0 фоизи полезӣ, 64,0 фоизи ғалладонагӣ, 68,0 фоизи пахта, 61,0 фоизи сабзавот, 68,6 фоизи пашм, 58,0 фоизи гӯшт, 51,0 фоизи шир, 46,0 фоизи мева, 42,0 фоизи ангур ва 75,0 фоизи моҳиро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии кишоварзони вилоят мебошад.
Дар идома муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Носирзода Ҷаббор низ ба сухан баромада, дастовардҳои кишоварзони Хатлонзаминро қобили таҳсин хонд.
Дар қисмати баъдии чорабинӣ ба беҳтаринҳои соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла пахтакорон, асалпарварон, чорводорон, полезкорон, пилапарварон, парандапарварон ва дигар фаъолони комплекси агросаноатӣ Ифтихорнома ва мукофотҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон тақдим карда шуд.
Ф. Бобоев, "Хатлон"
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00