Давлаталӣ Саид: «Баҳри ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол фаъол бошем»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 487
18 январ дар Кохи фарҳанги шаҳри Бохтар конференсияи XIV Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон баргузор гардид, ки дар кори он иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва беш аз 600 нафар вакилони конференсия ширкат варзиданд.
Конференсияи ҳисоботӣ-интихоботиро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят Қиёмиддин Миралиён ифтитоҳ бахшида, доир ба фаъолияти сесолаи кумитаи вилоятӣ гузориш дод. Дар ҳисоботи мавсуф оид ба татбиқи асосҳои ташкилию ҳуқуқӣ, такмили низоми идоракунӣ, таҳкими низоми электронии фаъолият, ташкили ниҳодҳои ёрирасон ва хоҷагидорӣ, саҳми ҳизбиён дар муқовимат бо гурӯҳҳои ифротӣ маълумот дода шуд.
Иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид зимни ироаи сухани худ бо итминон қайд намуд, ки зери роҳнамоиҳои Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешрафту шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон бардавому поянда хоҳад гашт.
- Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳизби мардумӣ ва зодаи даврони истиқлол буда, бо ҳидояту раҳнамоиҳо, фикру андешаи созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба пешравӣ дорад. Рисолат ва мазмуну моҳияти барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон – рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол, ободу шукуфон ва аз лиҳози иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсӣ босубот мебошад, - идома дод Давлаталӣ Саид. - Дар асоси Барномаи пешазинтихоботии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон як қатор стратегия ва барномаҳои миллии рушд қабул гардиданд ва дар иҷрои ин Барномаҳо саҳми аъзо ва пайравони ҳизб назаррас аст.
Зикр шуд, ки бунёдкориву созандагӣ ва кӯшишҳои пайвастаи Раиси ҳизб ба хотири баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардум, ки ҷавҳари сиёсати иқтисодиву иҷтимоии давлатро ташкил медиҳанд, ҳамоно ба ҳайси ҳадафҳои асосиву афзалиятнок боқӣ хоҳанд монд. Бо ин мақсад “Барномаи рушди иқтисодию иҷтимоии вилояти Хатлон барои солҳои 2021-2025” ва дар ин замина барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо қабул гардидааст, ки дар доираи ин барномаҳо бунёди садҳо иншооти таъиноташон гуногун пешбинӣ шудааст. Ҳамаи ин комёбиҳо аз ҷумла дар заминаи амалӣ шудани Барномаи пешазинтихоботии ҳизб ба даст омада истодааст, ки самари Истиқлолият ва натиҷаи сулҳу ваҳдат дар кишвар мебошад. Ҳизбиёни вилояти Хатлон дастури Пешвои миллатро дар самти таҷдиди усули кор бо мардум, пешниҳод ва татбиқи идеяҳои нави замонавӣ мавриди амал қарор дода, як идда ғояҳои созандаву бунёдкорӣ ва ҳамқадам будан ба ҷомеаи муосирро ташаббус кардаанд. Аз ҷумла тарғибу ташвиқ ва саҳмгузории бевосита дар татбиқи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз шумули ҳамин иқдомҳо, бахусус дар сатҳи маҳалу деҳот мебошад.
- Чун тамоми мардуми шарифи кишвар, аҳли заҳмати вилояти Хатлон, аз ҷумла фаъолони ҳизб, дар партави сиёсати хирадмандонаи Пешвои маҳбубу муаззами миллат, ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои созандагию бунёдкориро вусъати тоза бахшидаанд. Тибқи дурнамо, то соли 2026 дар вилояти Хатлон бунёди беш аз 6 ҳазору 200 иншооти истеҳсолию маишӣ, таълимию тиббӣ, фарҳангию варзишӣ, таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо дар назар дошта шудааст, - изҳор дошт раиси вилоят Давлаталӣ Саид. - Итминон дорам, ки Кумитаи иҷроияи вилоятӣ, аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар шаҳру ноҳияҳои вилоят минбаъд низ, барои боз ҳам беҳтар намудани вазъи иҷтимоию иқтисодии мардум, бунёди иншоотҳои иҷтимоӣ, вусъат бахшидани корҳои тозагӣ ва ободонӣ дар маҳал, ташкили инфрасохтор дар ҳар як деҳа, тақвияти корҳо дар самти амалигардонии дастуру супоришҳои Раиси ҳизб, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамаи дастурҳое, ки дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ ироа гардидаанд, фаъолнокӣ нишон дода, тадбирҳои саривақтӣ меандешанд.
Яке аз ҳадафҳои Ҳукумати мамлакат саноатикунонии босуръати кишвар ва ҷалби сармояи хориҷӣ мебошад, ки дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат вобаста ба рушди ин соҳа ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилоят корҳои муайяне дар ин самт ба анҷом расонида шуданд. Маврид ба қайд аст, ки таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат соҳаи саноати вилоят рушди устувор дошта, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000-ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад. Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 128 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.
Дар самти рушди саноат, ки муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти дилхоҳ давлат ба ҳисоб меравад, корҳо боз ҳам бояд тақвият дода шаванд.
Ба таъкиди раиси вилоят, яке аз вазифаҳои асосии фаъолони ҳизб, ҳамчун қувваи пешбарандаи ҷомеа аз он иборат аст, ки дар баробари тарғибу ташвиқи корҳои ободонию бунёдкорӣ, инчунин, дар ҳамкорӣ бо соҳибкорон ба вусъати бештари раванди таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ҷалби сармоя дар ин самт ба вилоят ва пешрафти устувори иқтисоди миллӣ мусоидат намоянд.
Дар конференсия қайд гардид, ки аъзои кумитаи иҷроияи шаҳриву ноҳиявӣ, фаъолон, ҳамчунин роҳбарони гурӯҳҳои вакилии ҳизб дар маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ бояд барои ҳалли масъалаҳои муҳими интихобкунандагон, аз ҷумла ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоии маҳал, дар ҳамбастагӣ амал намоянд ва ташаббус нишон диҳанд.
Дастурҳои ҳамешагии Пешвои муаззами миллат хусусан ҳангоми сафарҳои кориашон ба вилояти Хатлон дар моҳҳои феврал ва июни соли гузашта дар бораи захираи дусолаи маводи хӯрока, кишту кори такрорӣ, бардоштани 3-4 ҳосил аз заминҳои корами обӣ аз вазифаҳои асосии фаъолони ҳизб ҷиҳати иҷрои дастури Президенти мамлакат маҳсуб меёбад.
Дар Паёми имсола ва ҳам дар Маҷлиси Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 30 ноябри соли 2022 баргузор гардида буд, Раиси ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки имрӯз минтақаи мо ва дар маҷмӯъ, ҷаҳон дар вазъияти ниҳоят ҳассос ва пешгӯинашаванда қарор дорад.
Бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон ва дастёбӣ ба захираҳои табиӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, оғози марҳалаи нави “ҷанги сард”, вазъи Афғонистон, шиддат гирифтани муборизаҳои иттилоотӣ, инчунин тағйирёбии иқлим, оқибатҳои вобаста ба он, паҳншавии бемории сироятӣ ва мушкилоти дигар зиндагии сокинони сайёраро ба давраи мураккабтарин дар таърихи қариб садсолаи инсоният рӯ ба рӯ кардаанд. Чунин вазъияти вазнину тоқатфарсо ба Тоҷикистони мо, ки узви ҷомеаи башарӣ мебошад, бетаъсир буда наметавонад.
- Дар чунин марҳилаи ҳассоси таърихӣ ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва умуман ҳар як сокини вилоятро шарт ва зарур аст, ки аз ҳарвақта дида бештар талоши ватанхоҳона дошта бошанд, худшиносу худогоҳ ва ҳамқадами замони муосир бошанд, - таъкид намуд раиси вилоят Давлаталӣ Саид.
- Маълум аст, ки дар шароити бархӯрди тамаддунҳо бархе аз мухолифин ва бадхоҳони миллат барои таъмини нуфузашон дар ҷомеа аз ҳар гуна роҳу василаҳои номатлуб кор мегиранд. Онҳо барои татбиқ намудани ҳадафу барномаҳояшон аз васоити ахбори омма, сомонаҳои интернетӣ, гурӯҳҳои ташвиқотӣ ба таври васеъ истифода мебаранд. Ҳолатҳое ҳам ба мушоҳида расидаанд, ки созмону ҳаракатҳои иртиҷоӣ бо истифода аз барномаю василаҳои интернетӣ ҷавонони ноогоҳро мағзшӯӣ карда, барои шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ ва ё дастгирии ғояҳои ифротиашон моил менамоянд. Мавриди қайд аст, ки Пешвои миллат дар Паёми навбатиашон доир ба масъалаи пешгирии ҷинояткорӣ дар миёни ҷавонон ва тарбияи шоистаи онҳо таъкид намуданд, ки «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои ватандӯстӣ ва рушдро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем».
Дар конференсия инчунин муовини якуми раиси ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва як қатор вакилон вобаста ба фаъолияти кумитаҳои иҷроияи ҳизбӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳо изҳори назар карданд.
Вакилони конференсия аъзои нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлонро интихоб намуда, номзадии узви фаъоли ҳизб Ҷамшед Саидзодаро ба вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ҷонибдорӣ намуданд. Ҷамшед Саидзода доктори илмҳои техникӣ буда, дар гузашта дар вазифаҳои раиси ноҳияи Ёвон, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Иштирокдорони конференсияи ҲХДТ дар вилоят таъкид намуданд, ки дар паҳлуи Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қарор гирифта, барои татбиқи пайгиронаи муҳимтарин барномаву стратегияҳои рушди миллӣ, сол то сол тараққӣ ёфтани Тоҷикистони маҳбубамон, инчунин ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои муайяннамудаи давлат ва Ҳукумати кишвар барои зина ба зина баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди иқтисоди миллӣ тамоми неруи зеҳнӣ ва ҳастии худро равона мекунанд.
Қайд шуд, ки бо ин мақсад дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, аз ҳарвақта дида муттаҳидтар шуда, баҳри ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол, арзишҳои миллию давлатдорӣ, боло бурдани нишондодҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, якпорчагии Ватани азизамон беш аз пеш бояд фаъолтар бошем.
Н. Маъмурзода,
“Хатлон”
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00