Нақши Пешвои миллат дар рушди таҳсилоти томактабӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 18 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Хабарҳо, Боздид 668
Таҳсилоти томактабӣ яке аз бахшҳои муҳими соҳаи маориф ба шумор рафта, дар рушду ташаккули ҷисмонӣ, равонӣ ва зеҳнии тифл нақши барҷаста ва мондагор дорад.
Тавре Саъдии бузургвор фармудааст: «Илм дар хурдӣ, нақш бар санг аст». Аз ин рӯ, бояд ба таълиму тарбияи дурусту ҳадафноки кӯдакону наврасон аз айёми хурдсолӣ таваҷҷуҳ зоҳир намоем.
Дар ин замина Саъдии Шерозӣ, ки бо асарҳои безаволи тарбиявӣ ва панду ахлоқиии хеш ба унвони яке аз пешкисватону донишмандони номвар дар бахши таълиму тарбияи миллати тоҷику форс шинохта шудааст, чунин таъкид бинмуда: «Хишти аввал чун ниҳад меъмор каҷ, То ба охир меравад девор каҷ». Вақте тифлакон ба олами зебои илму дониш - кӯдакистон ворид мешавад, бояд мураббиёни корозмудаву ботаҷриба ба онҳо машғулият гузаронда, ин булбулакони боғи хонишро дар рӯҳияи худшиносию ватандӯстӣ, сулҳдӯстию сулҳпарварӣ тарбия намоянд, зеро маҳз синни томактабӣ дар инкишофи ақлонии кӯдак айёми асосӣ ва тақдирсоз маҳсуб мешавад.
Дар кишвари азизамон ба самти таҳсилоти томактабӣ ва ҷалби кӯдакони синни томактабӣ ба машғулиятҳо дар кӯдакистону марказҳои инкишофи кӯдак таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад. Ҷиҳати таълиму тарбияи насли ҷавон Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Сарвари хирадманду ҳушманди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди таҳсилоти томактабиро зери назорати махсус қарор додаанд.
Роҷеъ ба ин масъала Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намудаанд: “Солҳои охир рушди таҳсилоти томактабӣ дар маркази таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, то имрӯз дар самти бунёд кардану ба истифода додани кӯдакистонҳои наву замонавӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуданд”.
Дар ҳақиқат, аз тариқи матбуоти даврӣ, садо ва симои кишвар аз ба истифода додани кӯдакистонҳои хуштарҳу замонавӣ ва муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти замони муосир иттилоъ меёбем, ки дар расми ифтитоҳи бисёре аз онҳо Сарвари кишварамон иштирок намуда, зимни вохӯриҳо ба масъулону мураббиён маслиҳату тавсияҳои судманду арзишманд медиҳанд. Бо хурдтаракони дӯстрӯ - тарбиятгирандагони ин кӯдакистонҳо суҳбатҳои ширин ороста, якҷоя акс мебардоранд ва онҳоро ба саводу донишомӯзию аз худ кардани илму ҳунар ташвиқ менамоянд. Ин гуфтугӯву вохӯриҳои хотирмон, ки аз таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои муаззами миллат ба самти таҳсилоти томактабӣ дарак медиҳад, то дергоҳ дар ёди кормандону тарбиятгирандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ нақш мебандад ва таконе медиҳад онҳоро барои беҳтару бештар амал намудан.
Бояд гуфт, ки ҷиҳати пешбурди фаъолияти босамари самти таҳсилоти томактабӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Барномаи давлатии рушди таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», «Стандарти давлатии таҳсилоти томактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» ва ғайра тасдиқ гардидаву амалӣ шуда истодаанд.
Қабул ва татбиқи ин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гувоҳи ғамхорию таваҷҷуҳи ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва Роҳбари давлат ба самти таҳсилоти томактабӣ буда, ба пешрафти ин бахш такони ҷиддӣ мебахшад. Ҳамчунин, дар раванди амалишавии ин барномаву стратегияҳо ба субъектҳои раванди таълиму тарбия ёрии методӣ расонида мешавад.
Бо мақсади фарогирии бештари кӯдакон ба муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ як қатор чораҳо андешида шудааст, ки яке аз онҳо ҷалби соҳибкорону афроди саховатпеша ба бунёди кӯдакистонҳои хусусӣ мебошад. Ба соҳибкороне, ки кӯдакистон месозанд, аз ҷониби ниҳодҳои марбута имтиёзҳо муқаррар гардидаанд, ки ин хушҳолкунанда аст ва хоҳишмандонро ба сохтани муассисаҳои томактабӣ ҳамаҷониба ташвиқ мекунад.
Ҳамчунин, соли 2022 барои пешрафти пурвусъати муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ «Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти умумии хусусӣ барои солҳои 2022-2027» тасдиқ гардид, ки ҳангоми пурра амалӣ шудани он дар ду марҳала – солҳои 2022-2024 ва 2025-2027 дар Тоҷикистон 134 муассисаи томактабии хусусӣ ва 114 муассисаи таҳсилоти умумии хусусӣ бунёд мегардад.
Тавре аз оморҳои расмӣ бармеояд, айни замон дар ҷумҳурӣ 718 муассисаи томактабӣ ва 1810 Маркази инкишофи кӯдак ба унвони шак ли алтернативии таълим амал мекунад, ки дар муқоиса бо соли 2021-ум 22 адад кӯдакистон ва 46 адад Маркази инкишофи кӯдак зиёд мебошад.
Мо - аҳли маорифи кишвар ҷавобан ба ғамхорию таваҷҷуҳи рӯзафзуни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон худро муваззаф медонем, ки барои рушду такомули самти таҳсилоти томактабӣ ҳама неруи ҷисмонию зеҳнии худро истифода бурда, баҳри амалӣ гардидани дастуру супоришҳои маорифпарваронаи Сарвари кишварамон тамоми кӯшишу талоши худро ба харҷ диҳем, то ки фарзандонамон дар муҳиту фазои гулборону шукуфони кӯдакистонҳо донишу савод омӯхта, соҳиби илму ҳунар гарданд.
Озодамо Қодирзода,
мураббии Муассисаи таълимии томактабии хусусии “Оиша”-и ноҳияи Восеъ
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00