Китоб ҳамнафаси ман аст
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 14 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо / Мусоҳибаи мо, Боздид 1 412
Нависандаи бузург Чингиз Айтматов гуфтааст: “Китобҳо қудрати бузурге доранд, ту онҳоро мекушоӣ, онҳо туро”. Яъне агар ба китоб чанг бизанӣ, он туро ба баландтарин қуллаи муваффақият мерасонад. Ин гуфтаҳо ба як тан иштирокчии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” рабт дода мешавад, ки мутолиаи китоб ба зиндагии ӯ маънои дигаре бахшидааст. Саёҳат Шукурова донишҷӯи ДДБ ба номи Носири Хусрав буда, барандаи ҷойи сеюм аз номинатсияи адабиёти ҷаҳон мебошад. Суҳбате доштем, перомуни озмуни мазкур бо Саёҳат, ки фишурдаи онро манзури хонандаи китобдӯст мегардонем.
Чӣ сабаб шуд, ки тасмими иштирок кардан дар озмунро гирифтед?
-Ҳар нафари китобдӯсту аҳли мутолиа, ба ҳар роҳу восита муҳаббати худро нисбати китоб баён мекунад. Ҳаминро гуфта метавонам, ки ман аз хурдӣ ба китоб вобаста будам. Меҳри китобхониро дар дилам волидонам ҷо намуданд. Аз хурдӣ онҳо бароям афсонаҳои гунонгунро мутолиа менамуданд, мехостам, ки худам китобхониро омӯзаму ҳамранги он китоб чандин китоби дигарро мутолиа намоям.
Падарам, ки худашон китобдӯстанд, маро низ барои китобхонӣ талқин намуда, бароям ҳар гуна ширинӣ ваъда медод, то китобҳои зиёде мутолиа намоям. Ба ҳамин восита барои ман роҳандозии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” беҳтарин имконият буд, ки дар ин сабқати зеҳнӣ иштирок намоям.
-Барои чӣ маҳз номинатсияи адабиёти ҷаҳонро интихоб намудед?
-Бузурге гуфтааст, ки агар хоҳӣ муваффақ гардӣ, роҳи мушкилро интихоб кун, зеро дар он кам нафарон тавони бо ту роҳ рафтанро доранд. Аз ҳамин сабаб хостам, ки маҳз дар ҳамин номина иштирок намоям. Сабаби дигар он аст, ки ман ба осори адибони ҷаҳонӣ дилбастагии зиёд дорам.
-Махсусияти адабиёти ҷаҳон аз дигар номинаҳо дар чист?
-Барои дарёфти адабиёти пешниҳодшуда, аз бар кардани осори адибони ҷаҳон бо забонҳои гуногун ва монанди инҳо якчанд мушкилӣ буданд, вале барои нафаре ки иродаи қавӣ барои иштирок дар ин номинаро дорад, ҳеч як аз инҳо садди роҳи ӯ шуда наметавонанд.
Хусусият ё фарқияти аз дигар номинаҳо дар он аст, ки адабиёти барои ин номинатсия пешниҳодшуда фарогири кишварҳои ҷаҳонӣ буда, инсонро барои ҷустуҷӯ мутолиа ва дарки он водор менамояд. Мавзӯъ, сужа ва мазмуни адабиёти ҷаҳон аз адабиёти мо фарқ мекунад. Албатта, адабиёти мо аз ҷиҳати ғоя бой буда, хусусияти панду ахлоқӣ дорад ва инсонро аз ҷаҳолату ғафлат бедор намуда, ба роҳи рост ҳидоят менамояд. Аммо хусусияти адабиёти ҷаҳон дар он аст, ки инсонро дар роҳи худшиносиву худсозӣ, тарбия ва расидан ба муваффақиятро талқин мекунад. Аз ҷониби дигар, хондани китобҳои адибони ҷаҳон ба одам, лаззати хоссае мебахшад: шинос шудан бо урфу одатҳои мардуми манотиқи дунё, бархурдор гаштан аз фарҳангу забон ва дучор омадан бо одмон дорои хислатҳои аҷиб, ба таври маҷозӣ ҳам бошад, ба инсон завқи баланд мебахшад.
-Бо чанд забон китобҳои хондаатонро ба аъзои ҳакамон манзур гардондед?
-Аслан, ман бо се забон - тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ китоб мутолиа намуда, намунаҳои назмӣ аз бар кардам, вале аъзои ҳакамон маро зиёдтар бо забони русӣ пурсиш намуданд.
-Баъд аз мутолиаи китобҳо дар замир ва афкори худ чӣ тағйиротеро ҳис намудед?
-Нависандаи машҳури олмонӣ Мария Ремарк мегӯяд: “Ман дар тамоми умри худ танҳо аз як амал пушаймон нашудам, он ҳам бошад, мутолиаи китоб аст.” Баъд аз мутолиаи китобҳо дар роҳи шинохти худ шуруъ кардам. Аслан, пеш аз роҳандозии озмун китоб мехонадам, вале баъд аз тасмими иштирок дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” давоми ду сол шабонарӯзӣ ба мутолиа рӯ овардам. Ҳангоми мутолиаи китобҳо ман чунон ба китоб дилбастагӣ пайдо намудам, ки бо қаҳрамонҳои китоб ҳамнафас мегардидам. Аз тақдири минбаъдаи онҳо нигарон мешудам. Хуллас, ман бори дигар ошиқи китоб гаштам. Дар ин муддат хазинаи донишам ғанӣ гардид. Фикрронии ман ба куллӣ тағйир ёфт. Гуфтан мумкин, ки ман соҳиби ақидаи худ гаштам. Аз ҳама асосаш ман ба китоб вобаста шудам, зиндагиамро бе китоб тасаввур карда наметавонам. Китоб ҳамнафаси ман аст.
Суҳбаторо
Фарида Баротова,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...