Таътили зимистона чӣ гуна мегузарад?
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 12 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 657
Бо мақсади ба омӯзиш ҷалб намудани кӯдакону наврасон дар давраи таътил ва пешгирӣ аз оворагардию амалҳои номатлуб маҳфилҳои фаннию иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ ва муассисаҳои таҳсилоти иловагии шаҳру навоҳии вилояти Хатлон фаъол гардиданд. «Ба хотири ҷоннок намудани фаъолияти маҳфилҳои мазкур ва ҷалби ҳарчи бештари кӯдакону наврасон ба маҳфилҳо аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон тамоми шуъбаҳои маориф, муассисаҳои таълимӣ ва таҳсилоти иловагӣ вазифадор карда шуда, гурӯҳҳои корӣ барои назорату корбарӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил карда шуд», - гуфт Маъруф Абдуллоев, сармутахассиси раёсати маориф.
Ҳайдар Ҳайдарзода, директори Муассисаи таҳсилоти иловагии минтақаи Кӯлоб, изҳор намуд, ки аз рӯзи 4-уми январ дарҳои кушоди муасссиса доир гардид, ки дар он беш аз 1000 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои минтақа иштирок карданд. Дар рӯзи дарҳои кушод беш аз 20 маҳфили муассиса фаъолияти худро намоиш дод. Дар чорабинии дарҳои кушод волидони толибилмон низ даъват гардида буданд, ки бо роҳбарони маҳфилҳо суҳбат ороста, барои ба маҳфилҳо номнавис кардани фарзандонашон омодагӣ медиданд. Аз ҷумла, маҳфилҳои фанҳои дақиқ, риёзӣ, табиатшиносӣ фаъол мебошанд, ки аъзои зиёде доранд.
Худойдод Ҳалимов, сокини шаҳри Кӯлоб, ки барои ба маҳфили варзишӣ ва рассомони наврас номнавис кардани фарзандаш омада буд, гуфт, ки фаъолияти чунин муассисаҳо дар самти рушди насли наврас ва фароҳам овардани имконияти таълими босифат мусоидат менамоянд. Масалан, фарзанди ман на танҳо дар давраи таътил, балки ҳамарӯза метавонад, пас аз соатҳои дарсӣ минбаъд ба ҳамаи маҳфилҳои муассиса омада, донишу фаҳмиш ва маҳорату ҷаҳонбинии худро васеъ намояд. Ин ҳама дар асоси ғамхорию дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
Қосимбег Давлатзода, мутахассиси раёсати маорифи вилоят, иттилоъ дод, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои давраи таътили зимистонаи Раёсати маорифи вилояти Хатлон озмунҳои вилоятии “Ихтироъкорони наврас” ва “Ровии беҳтарин” барои дарёфти Ҷоизаи ба номи Абдурашид Хуҷамқулов гузаронида шуда, санаи 7-уми январ ғолибони даври вилоятӣ мавриди қадрдонӣ қарор дода шуданд. Бахусус, дар ин рӯз чорабинии бошукӯҳ бо иштироки сардори Раёсати маориф вилояти Хатлон Ғазалшоҳ Сафарзода, ровии беҳамто Абдурашид Хуҷамқулов, журналисти оташинқалам Ҷонибеки Асрориён, собиқадори соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода, Лолахон Сатторӣ, раиси Иттифоқи касабаи кормандони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон ширкат намуда, ба маҳорати ғолибони даври вилоятӣ баҳои баланд дода, онҳоро бо ҷоиза ва туҳфаву диплом қадрдонӣ намуданд. Инчунин, дар ин рӯз беш аз 10 нафар ихтироъкорони навраси вилоят майян шуда, аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.
Шаҳноза Маҳмасаидзода, мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Дӯстӣ, иттилоъ дод, ки барои ҷалби хонандагон ба омӯзиш беш аз 20 маҳфил дар муассисаи таҳсилоти иловагӣ ва дар назди ҳар як муассисаи таълимӣ маҳфилҳои фаннию ҳунарҳои мардумӣ, кандакорию рассомӣ амал намуда истодаанд. Ҳамзамон, масъулини шуъба дар якҷоягӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ба аёдати хонандагоне, ки дарси хонагӣ мегиранд, рафта, ба онҳо аёният ва китобҳо туҳфа намуданд. Ҳадафи аслӣ фарогирии пурраи хонандагон ба омӯзиш дар маҳфилҳои мазкур дар давраи таътили зимистона мебошад.
Фарангис Шоимова, хонандаи синфи 10-и литсейи давлатии №1-и шаҳри Бохтар, изҳор намуд, ки фаъолияти хуби маҳфилҳо боис гардид, ки дар давраи таътили зимистона бевосита ба маҳфили фанни дӯстдоштаи худ аъзо шуда, донишу фаҳмиши худро беҳтар намояд. Ҳамзамон, бо дарёфти имконият дар маҳфилҳои наврасони рассом ва ровиён фаъолона ширкат намуда истодааст.
Мутахассиси раёсати маориф Марҳабо Муллоҷонова иттилоъ дод, ки барои ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ ҷалб намудани наврасон ба хонандагону омӯзгорон китобчаи 400 луғати вожаҳои серистеъмоли забонҳои русию англисӣ тақсим карда шуд. Мақсади тақсимоти китобчаи вожаҳои серистеъмоли забонҳои русию англисӣ дар он аст, ки дар давраи таътили зимистона хонандагон ба аз худ кардани луғат ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ машғул шаванд. Дар ин баробар, аз тарафи Раёсати маорифи вилояти Хатлон озмуни “Луғатдони беҳтарин” миёни хонандагон ташкил карда шуда, беҳтарин луғатдонҳо бо диплом ва мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Маъруф Абдуллоев афзуд, ки дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута маҳфилу озмун ва чорабиниҳои гуногун доир гардида истодаанд. Агар яке аз ҳадафҳо ҷалби кӯдакону наврасон ба омӯзиш дар давраи таътил бошад, пас, ҳадафи дигар ба ин восита бештар намудани фарогирии толибилмон ба маҳфил ва дарсҳои иловагӣ, дарёфти истеъдодҳои лаёқатманд мебошад.
Ба ҳолати имрӯз дар маҳфилу озмунҳои давраи таътили зимистона беш аз 100 нафар хонандагон мавриди қадрдонию ҳавасмандкунӣ қарор гирифта, беш аз 500 нафар ба Академияи хурди илмҳо ҷалб карда шудаанд.
С. АЗИЗЗОДА,
“Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...