Паёми Пешвои миллат - ҳуҷҷати раҳнамунсоз
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 10 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 584
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатиашонро ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ, аз ҷумла илму маориф манзур намуданд.
Ҳамасола дар поёни сол мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» бесаброна интизор мешавем ва дар робита ба он мехоҳем бинем, ки мо дар тӯли як соли сипаришуда чи бурду бохтҳое доштем.
Паём на танҳо корҳои анҷомшуда дар соли сипаришударо дар бар мегирад, балки он шомили рақамҳои хеле зиёде аз фаъолияти Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар чанд соли охир буда, нақшаи дурнамо барои солҳои минбаъда низ мебошад. Ва вақте мо ба рақамҳо нигоҳ мекунем, он вақт барои мо возеҳ мегардад, ки дар кишвари азизи мо Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чӣ гуна корҳои азиму бузурге дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ ба анҷом расонида шуда истодааст. Мо низ бо такя ба суханронии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанде аз он рақамҳоро барои тақвияти андешаҳои хеш меорем:
«Сарфи назар аз таҳаввулоти дар иқтисоди ҷаҳон идомадошта ва таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисоди миллии мо, дар натиҷаи татбиқи самараноки ислоҳоти иқтисодӣ, амалӣ намудани стратегияву барномаҳо ва тадбирҳои зиддибуҳронӣ дар панҷ соли охир рушди иқтисодиёти Тоҷикистон ҳамасола ба ҳисоби миёна дар ҳаҷми 7,3 % таъмин гардида, маҷмуи маҳсулоти дохилӣ аз 71 миллиард ба 115 миллиард сомонӣ расид ва ба ҳар сари аҳолӣ1,5 баробар афзоиш ёфт».
Дар ҳақиқат, сарфи назар аз тамоми мушкилоте, ки дар ҷаҳони имрӯза мавҷуд аст ва ҳатто бисёре аз кишварҳои аз назари иқтисодӣ пешрафтаи дунё низ натавонистанд пеши буҳронро гиранд, аз ин рӯ, сокинонашон ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ гаштанд, мо тавонистем тайи ин муддат рушди иқтисодиёти кишварро дар ҳамҷми 7, 3 % нигоҳ дорем, ки ин хеле хуб аст.
Ба ҳамин тартиб дар Паём омадааст, ки «Музди миёнаи меҳнат дар кишвар якуним баробар ва андозаи нафақаи ниҳоӣ 1,3 баробар афзоиш ёфт. Дар натиҷа, сатҳи камбизоатӣ аз 27, 4 фоизи соли 2018 то 22, 5 фоиз дар соли 2022 коҳиш дода шуд. Дар ин давра беш аз 900 ҳазор, аз ҷумла дар соли 2022-юм 190 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд, ки ба беҳтар гардидани вазъи шуғли аҳолӣ дар кишвар мусоидат намуд. Ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ аз 9,1 миллиард сомонии соли 2018 то 14, 7 миллиард сомонӣ дар соли 2022 ё 62 фоиз зиёд гардид».
Зимни таҳлилу баррасии соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд, ки «Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози соҳибистиқлолӣ пешрафти бомароми соҳаҳои муҳимми ҳаёти ҷомеа – ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф, тандурустӣ ва фарҳангро яке аз самтҳои асоситарин ва афзалиятноки сиёсати худ қарор дода, барои расидан ба ин ҳадафҳо ҳамаи тадбирҳои заруриро амалӣ карда истодааст». Инчунин, аз Паём бармеояд, ки дар панҷ соли охир барои соҳаҳои маориф ва тандурустӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, ҳиссаи маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ 44 фоизро ташкил кардааст.
Мисли солҳои қаблӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон перомуни мактабу маориф махсус таваҷҷуҳ намуда, қайд намуданд, ки мактаб боргоҳи илму дониш, саводу маърифат буда, яке аз бахшҳои калидӣ дар иқтисоди миллии кишвар маҳсуб меёбад. «Аз ин рӯ, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад». Аз ин рӯ, Пешвои миллат таъкид карданд, ки дар 30 соли охир шумораи муассисаҳои умумӣ ва хонандагони онҳо ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаи таҳсилот сеюним баробар ва донишҷуёни МТОК бошад, се баробар афзудааст. Дастгирӣ ва пуштибонии соҳаи маориф ва баланд бардоштани музди маош, такони ҷиддие дар баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии тамоми қишрҳои ҷомеа ва бавежа маорифчиёни мамлакат мебошад.
Дар маҷмуъ, Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарогири тамоми паҳлуҳои иқтисоди миллии кишвар буда, вазифаҳоро барои солҳои минбаъда муайян мекунад.
Аз ин рӯ, мо омӯзгорони ва донишҷӯёни Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав» пас аз шудани Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯҳу илҳоми тоза гирифта, барои дар амал татбиқ намудани дастур ҳидоятҳои Пешвои миллат, ки дар Паём дар назди маорифчиён мамлакат гузошта шуданд, камари ҳиммат баста, барои дар амал татбиқ шудани онҳо тамоми тадбирҳои заруриро ба кор хоҳаем гирифт.
Сайфиддин Давлатзода,
ректори ДДБ ба номи Носири Хусрав
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...