З. Файзуллозода: «Соҳаи саноат дар Хатлон рушди устувор дорад»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 05 январ, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Арсаи кишоварзӣ / Хабарҳо, Боздид 954
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи саноат таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, солҳои 2022-2026-ро “Солҳои рушди саноат” ва саноатикунонии босуръати мамлакатро яке аз ҳадафҳои стратегии давлат эълон намуданд.
Дар Паёми навбатии Сарвари давлат қайд гардид, ки бо андешидани тадбирҳои мушаххас дар самти рушди саноат ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳа, дар панҷ соли охир афзоиши номгӯйи маҳсулоти саноатии истеҳсоли ватанӣ ба зиёда аз 40 фоиз расонида шуд.
Вобаста ба бунёди коргоҳу корхонаҳои саноатӣ дар вилояти Хатлон ва ташаббусҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар ин самт идораи рӯзномаи “Хатлон” суҳбате орост бо муовини раиси вилояти Хатлон Файзуллозода Заробиддин Қудрат, ки сарпарастии ин соҳаи стратегиро ба зимма дорад, ки инак, фишурдаи онро манзури хонандаи ҷманд месозем.
- Муҳтарам Заробиддин Қудрат, дар доираи солҳои рушди саноат дар кишварамон стратегияи рушди комплекси саноатӣ ташаккул ёфта, барномаҳои давлатӣ ва соҳавии зиёде, ки банақшагирӣ ва татбиқи технологияҳои навро пешбинӣ мекунанд, қабул гардидаанд. Лутфан, мегуфтед, ки дар вилояти Хатлон барои амалисозии ин ҳадафи стратегии мамлакат чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Соҳаи саноат муҳаррики асосии рушди иқтисодиёти дилхоҳ давлат ба ҳисоб меравад. Дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ рушди соҳаи саноат мавқеи хоса дорад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли солҳои истиқлолият бо назардошти имкониятҳои дохилӣ ва мавҷуд будани ашёи хоми ватанӣ, ҷиҳати ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои солими сармоягузорӣ санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ қабул намудааст.
Саноати вилояти Хатлонро дар давраи истиқлолият шартан ба ду марҳила ҷудо кардан мумкин мебошад: марҳилаи якум солҳои 1991- 2000 ва марҳилаи дуюм аз соли 2001 то имрӯзро дар бар мегирад.
Дар марҳилаи якум, аз байн рафтани Иттифоқи Шӯравӣ ва кандашавии занҷираи саноатии даврони шӯравӣ, аз ҷумҳурӣ берун рафтани мутахассисон, ворид нагардидани ашёи хом ва содирот нашудани маҳсулоти тайёри содиротӣ ба коҳишёбии соҳаҳои саноат оварда расонид.
Дар марҳилаи дуюм, бо фароҳам овардани базаи меъёрию ҳуқуқӣ дар соҳаҳои гуногуни саноати вилоят сармояи дохилию хориҷӣ ҷалб гардид ва ин имкон дод, ки корхонаҳои нави саноатӣ бо технологияи замонавӣ сохта шуда, корхонаҳои амалкунанда бо техникаву таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шаванд.
Дар ин корхонаҳо истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо истифода аз ашёи хоми ватанӣ ба роҳ монда шуд. Ин раванд барои бо ҷойи корӣ таъмин намудани шаҳрвандон ва таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ мусоидат намуд. Ва ин марҳилаи рушди саноати вилоят арзёбӣ карда мешавад.
- Сарвари давлатамон зимни ироаи Паёми навбатӣ қайд намуданд, ки танҳо дар панҷ соли охир дар мамлакат 1382 коргоҳу корхонаи саноатӣ бо таъсиси 15 ҳазор ҷойи кории нав сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Умуман, агар соли 1991 дар мамлакат ҳамагӣ 358 корхонаи саноатӣ бо 33 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият дошта бошад, пас дар замони соҳибистиқлолӣ 2500 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, соли 2022-юм 2800 корхонаи саноатӣ бо 85 ҳазор ҷойи корӣ фаъолият карда истодаанд. Мегуфтед, ки дар ҳудуди вилоятамон чӣ қадар корхонаҳои истеҳсолӣ бунёд шудаанд?
- Дар замони соҳибистиқлолӣ корхонаҳои азими саноатӣ, ба монанди “Хуаксин Ғаюр семент”, “Ҷунгтай моҳир семент”, “Моҳир пластик”, “Муосир”, “Хуаҷиан ғаюр индастриал”, корхонаҳои ресандагии “Ресандаи Кӯлоб”, “Хатлон”, “Қӯрғонтеппа” (ҳозира Бохтар), корхонаи комплекси нассоҷии “Ҷунтай -Данғара Син Силу Текстил”, корхонаи ҷӯроббофии шаҳри Кӯлоб, пойафзолбарории Кангурт, корхонаҳои дӯзандагӣ, корхонаҳои соҳаи саноати кӯҳкорӣ “Назирӣ”, “Баракати Истиқлол”дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, “Ганҷ”, “Нақш”, “Тиллои тоҷик”, “Дастрас-2011” дар ноҳияи Ховалинг, корхонаҳои мурғпарварии “Беҳамто” - ноҳияи Ёвон, “Мурғи Муъминобод”, “Мармарӣ”-и ноҳияи Данғара ва ғайраҳо ба истифода супорида шуданд, ки ба рушди саноати вилоят такони ҷиддӣ додаанд.
Фаъолияти мунтазами ин корхонаҳо имкон фароҳам овард, ки бозори дохилӣ бо маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, ба монанди намак, семент, матои пахтагин, трикотаж, гаҷкартон, нахи пахта, калобаи пахтагин, гӯшти мурғ, масолеҳи қуму шағал таъмин гардида, сотироти як қатори онҳо ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шудааст.
Маврид ба қайд аст, ки таҳти таваҷҷуҳ ва дастгирии бевоситаи Пешвои миллат соҳаи саноати вилоят рушди устувор дошта, шумораи корхонаҳои саноатӣ аз 128 адади соли 2000- ум ба 716 адад дар соли 2022 расидааст, ки 5,6 маротиба зиёд мебошад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳои ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ танҳо дар соли 2022 дар вилоят 132 адад коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси беш аз 1,5 ҳазор ҷойи нави корӣ бунёд гардидаанд.
- Медонем, ки соли 2022 дар вилоят истеҳсоли баъзе намуди маҳсулоти нав, аз қабили банду басти равғани муҳаррикҳои автомобилӣ, газвору матои тайёри пахтагин, газвору матои ранга, матоъ ва либоси кешбофӣ, наддофӣ, либоси ҳарбӣ, пойафзолҳои ҳарбӣ ва бачагона, мизу курсиҳои оҳанин, электроскутерҳо, зарфҳои пластмассӣ, хока ва маҳсулоти шустушӯй, инчунин як қатор маҳсулоти сохтмонӣ ба роҳ монда шуд. Ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти саноатии воридотивазкунанда ва ҳамзамон содироти маҳсулоти соҳа яке аз ҳадафҳои дигарест, ки Ҳукумати мамлакат мехоҳад ба он ноил шавад. Дар ин самт дар вилоят чӣ корҳо анҷом дода шудаанд?
- Бо зиёдшавии маҳсулоти саноатӣ ҳаҷми содироти маҳсулоти соҳа низ тамоюли афзоишӣ дошта, танҳо дар 11 моҳи соли 2022 аз вилоят ба маблағи 220 миллиону 894 ҳазор доллари амрикоӣ маҳсулот содирот шудааст. Аз ҷумла, маҳсулоти саноатӣ - 28,9 ҳазор тонна нахи пахта ба маблағи 70,4 млн. доллар, 10,5 ҳазор тонна калобаи ресандагӣ ба маблағи 39,8 млн. доллар, 1170 тонна матоъ ба маблағи 4,8 млн. доллар, 480,4 тонна шираи камол ба маблағи 7,0 млн. доллар, 382318 тонна семент ба маблағи 13,3 млн. доллар, 772,0 тонна намаки ошӣ ба маблағи 10 ҳазор доллар, 884,8 тонна гаҷкартон ба маблағи 309,4 ҳазор доллар ва 1,6 миллиард кВт/соат неруи барқ ба маблағи 70,8 млн. доллар содирот шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2021 ба маблағи 49,4 млн. доллар ва ё 35,7 фоиз зиёд мебошад.
Дар маҷмуи маҳсулоти саноатӣ саҳми саноат 55,6% (5,6 миллиард сомонӣ) барқ – 43,8 % (4,4 миллиард сомонӣ) таъминоти об ва коркарди партоб - 47,9 млн. сомонӣ - 0,6%-ро ташкил медиҳад. Дар маҷмуи маҳсулоти саноатии вилоят саҳми саноат нисбат ба энергетика 11,8% ё ин ки 1,2 миллиард сомонӣ зиёд шудааст. Яъне нисбати соли 2020 ин нишондиҳанда 4,8% зиёд шудааст.
Дар вилояти Хатлон бештари маҳсулоти саноатӣ дар шаҳру ноҳияҳои Нор ак (24,6%), Данғара (21,4%), Ёвон (16,2%), Кӯшониён (3,3%), Ховалинг (3,1%), Левакант (2,8%), Шаҳритус (2,7%), Бохтар (2,6%) ва дар дигар шаҳру ноҳияҳо то 2,3% истеҳсол мегардад.
Айни замон 716 корхона ва 892 соҳибкори инфиродӣ фаъолияти худро аз ҷумла дар соҳаҳои истихроҷ, кӯҳкорӣ, сабук, масолеҳи сохтмонӣ, кимиё, дӯзандагӣ, истеҳсоли ришта ва нахи пахта ва дигар соҳаҳои саноати вилоят ба роҳ мондаанд.
Дар 11 моҳи соли 2022 корхонаҳои саноатии вилоят ба маблағи 9 миллиарду 512 миллиону 414 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда, мутаносибан ба ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоишро бо нархҳои қиёсӣ дар сатҳи 15,5 фоиз ва ё ба маблағи 1 миллиарду 360 миллиону сомонӣ зиёд таъмин намудаанд.
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба масъалаи таъсиси корхонаҳои саноатӣ бо технологияҳои муосир, муҳайё намудани ҷойҳои кории нав, афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоии дорои арзиши баланди иловашуда, рушди саноати коркард, истихроҷу коркарди металлҳои ранга аз конҳои муайяншуда таваҷҷуҳ карда, ба мақомоти дахлдор супориш доданд, ки барномаи азхудкунӣ ва дар дохили мамлакат то маҳсулоти ниҳоӣ коркард намудани онҳоро таҳия ва амалӣ созанд. Саноати вилояти Хатлон, ки асосан аз соҳаҳои кӯҳкорӣ, нассоҷӣ, сабук, дӯзандагӣ, хӯрокворӣ ва ғайраҳо иборат мебошад, чӣ натиҷаҳо дорад?
- Дар соҳаи кӯҳкорӣ ҳафт корхона дар ноҳияҳои Ховалинг ва Ш. Шоҳин ба истихроҷ ва коркарди тилло машғул буда, дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 346,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуданд, ки нисбати соли 2021-ум 21,8% зиёд мебошад. Дар солҳои шӯравӣ дар ин самт танҳо як корхонаи давлатӣ фаъолият менамуд. Истиқлолият имкон фароҳам овард, ки соҳибкорони ватанӣ бо ворид намудани техникаи кӯҳкорӣ ва таҷҳизоти замонавӣ корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд намоянд.
Соҳаи нассоҷӣ дар саноати вилоят мавқеи калидӣ дошта, дар он 219 корхонаи саноатӣ дар самти коркарди пахта, ресандагӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ фаъолият менамоянд. Дар ёздаҳ моҳи соли 2022 дар ҳаҷми 73799,0 тонна нахи пахта, 16186,2 тонна ресмони пахтагӣ, 15339,2 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои пахтагин, 482 ҳазор метри мураббаъ матоъҳои трикотаж, 372342 дона либоси таҳпӯш, 31146 дона либоси ҳарбӣ, 1 млн. 716 ҳазор дона либоси мактабӣ, варзишӣ, либосҳои мардонаю занона, дар маҷмӯъ ба маблағи 2,5 миллиард сомонӣ маҳсулоти гуногун истеҳсол намудаанд.
Корхонаи нассоҷии “Ҷунтай Данғара Син Силу текстил” яке аз корхонаҳое мебошад, ки дар он занҷираи пурраи коркарди пахта то маҳсулоти ниҳоӣ ба роҳ монда шудааст, яъне истеҳсоли пахтаи хом, коркарди он, ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор ва дӯзандагӣ ба роҳ монда шудааст. Корхона бо технология ва таҷҳизотҳои муосири аврупоӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки дар Осиёи Марказӣ яке аз аввалинҳо ба ҳисоб меравад.
Дар ин корхона дар ёздаҳ моҳи соли 2022- юм ба маблағи 680,1 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст. Дар ин корхона 1400 нафар шаҳрвандон бо ҷои кории доимӣ ва маош хуб таъмин мебошанд.
Соҳаи чарм ва коркарди он дар вилоят солҳои охир рушд кардааст. Дар ноҳияҳои Данғара ва Темурмалик дар корхонаҳои “Чарми Данғара”, “Пойафзоли Кангурт” ба роҳ монда шудааст, ки онҳо аз ашёи хоми маҳаллӣ ба истеҳсоли пойафзолҳои мардона, занона, бачагона, тасмаҳои ҳарбӣ, коркарди пӯсту пашм ва кӯрпаҳои пашмин машғул ҳастанд. Чунин маҳсулотҳо солҳои пеш дар вилоят истеҳсол намешуданд.
Дар соҳаи дӯзандагӣ солҳои охир дигаргуниҳои ҷиддӣ ба назар мерасад. Дар ҳама шаҳру ноҳияҳои вилоят 31 корхонаи дӯзандагӣ фаъоият менамоянд. Корхонаҳои “Ваҳдат текстил”-и ноҳияи Ёвон, “Мастура Авезова”-и Қубодиён, “Дарз” ва “Коттон Глобал”-и шаҳри Бохтар, “Каёнӯш - Дӯзандагӣ”-и Данғара, “Само К.”-и Фархор, “Сино-2013”-и Кӯлоб дар бозорҳои минтақа бо чеварони моҳири худ мавқеи худро пайдо намудаанд. Дар ин корхонаҳо дӯхти либосҳои мактабии духтаронаю бачагона, зимистонаю тобистонаи ҳарбӣ, телпак, кулоҳ, куртаҳои мардона, рахти хоб, матрас, кӯрпа, хилъатҳои занонаву мардона, варзишӣ ва дигар намуди маҳсулот ба маблағи 65,5 миллион сомонӣ истеҳсол шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли 2021 суръати афзоиш 20% зиёд мебошад.
Ҳаёти имрӯзаи сокинонро бе соҳаи хӯрокворӣ тасаввур кардан ғайриимкон мебошад. Барои таъмини бозори истеъмолӣ дар вилоят 227 корхона ба истеҳсоли намудҳои гуногуни маҳсулоти ғизоӣ, аз қабили равған, макарон, нон ва маҳсулоти нонӣ, панир, ҳасиб, қаймоқ, ҷурғот, йогурт, яхмос, биринҷ, банду басти маҳсулоти донагӣ, асал, маҳсулоти қаннодӣ, шириниҳо, намаки ошӣ, оби ҷав, орд, творог, гӯшти мурғ, консерва, нӯшоба ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ машғул буда, бозори дохилиро бо ин намуди маҳсулот таъмин намуда истодаанд. Дар соҳаи хӯрокворӣ дар 11 моҳи соли 2022 ба маблағи 1 миллиарду 248 миллиону 896 ҳазор маҳсулот истеҳсол шудааст, ки афзоиш соҳа 35,7% зиёд мебошад.
- Барои рушди минбаъдаи саноати вилоят дар доираи дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мақомоти иҷрои ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар ҳамбастагӣ бо соҳибкорон ва ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ нақшаи чорабиниҳои рушди соҳаи саноатро барои солҳои 2022-2026 тартиб додаанд. Мегуфтед, ки ин нақша иҷрои кадом корҳоро пешбинӣ кардааст?
- Ҷиҳати таъмин намудани рушди минбаъдаи соҳаи саноати вилоят дар солҳои 2022-2026 сохта ба истифода додани 500 коргоҳу корхонаҳои саноатӣ бо таъсиси 13401 ҷойи кории нав пешбинӣ шудааст. Ин тадбир дар афзуншавии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ таъсири мусбат мерасонад.
Азнавсозии корхонаи “Кемикал Осиё” (собиқ “Тоҷик-Азот”) дар шаҳри Левакант ба рушди соҳаи кишоварзии кишвар такони ҷиддӣ бахшида, воридоти нуриҳои менералиро аз хориҷи кишвар коҳиш хоҳад дод. Тибқи нақша, сохтмону ба истифода додани корхонаи истеҳсоли гаҷкартон дар ноҳияи Ёвон, корхонаи истеҳсоли гӯгирд дар шаҳри Бохтар, корхонаи ҷӯроббарории ноҳияи Вахш бо 450 ҷойи кории нав ба рушди соҳаи саноати сабуки вилоят мусоидат хоҳад кард. Бо иқтидори пурра фаъолият намудани корхонаҳои ресандагии Кӯлоб, Хатлон, Бохтар ва “Ваҳдат текстил”, корхонаи ҷӯроббарории шаҳри Кӯлоб на танҳо барои дар дохили кишвар коркард намудани нахи пахта ва ресмони пахтагин, балки ба зиёдшавии маҳсулоти саноатӣ ва таъмини ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд.
- Аз нигоҳи Шумо, ки мутахассиси варзидаи соҳаи саноат ҳастед, барои рушди минбаъдаи соҳаи саноат кадом проблемаҳое, ки имрӯз мавҷуданд, бояд ҳал карда шаванд?
- Яке аз мушкилоти ҳалталаб ин нарасидани мутахассисони соҳавӣ, мутахассисон барои таҳияи лоиҳаҳо, бизнес-планҳо, ба нақшагирӣ ва таҳияи дурнамо мебошад. Ҳамзамон чанд масъалаи дигар дар миён ҳаст, ки бояд таваҷҷуҳ карда шавад:
1. Ҳангоми сохтани корхонаҳо омӯхтани бозор оид ба талаботи маҳсулоти истеҳсолшаванда дар бозорҳои дохилӣ ва минтақавӣ.
2. Ба талаботи стандартҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ ҷавобгӯ будани маҳсулоти басту бандшаванда ва ба содирот нигаронидашуда.
3. Ба роҳ мондани алоқаи зичи ҳамкорӣ байни вазорату кумитаҳои дахлдор ва молистеҳсолкунанда.
4. Аз байн бурдани назоратҳои пай дар пай дар корхонаҳои саноатӣ аз тарафи ташкилотҳои назоратӣ.
5. Дар минтақаҳо ташкил намудани марказҳои логистикӣ бо доштани сардхонаҳо, анборҳои нигаҳдории маҳсулотҳои саноатӣ ва равзанаи ягона.
6. Ташкил намудани марказҳои дорои машваратчиён оид ба додани тавсияи ҳуқуқӣ, ташкили корхона, гирифтани қарзи бонкӣ, лоиҳакашӣ ва дигар намудҳои хизматрасонӣ.
Барои аз байн бурдани ин проблемаҳо, пеш аз ҳама, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо, намояндагони вазорату идораҳо дар маҳал бояд бо мутахассисони варзида ва соҳавӣ таъмин ка рда шаванд, ки онҳо ба ҳалли масъалаҳои бамиёномада мусоидат карда тавонанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар ҳамбастагӣ бо сармоягузорон ва соҳибкорон аз тамоми имконияту иқтидорҳои мавҷуда истифода намуда, барои амалисозии ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати кишвар саҳми худро мегузорад.
- Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво.
- Сиҳатманд бошед.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА ,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
26-01-2021, 14:00
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...