Беш аз 2,6 ҳа зор матлаби «Хатлон» дар як со л
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 30 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 689
Чунин одат шуда, ки дар поёни сол тамоми ташкилоту идораҳо аз фаъолиятҳои солонаи худ ҷамъбаст ва гузоришҳо омода мекунанд. Идораи нашрияи «Хатлон» низ тасмим гирифт, ки омори таҳлилиро аз кори яксолаи рӯзнома таҳия ва пешкаши хонандагони арҷмандаш гардонад. Инак, таваҷҷуҳ фармоед.
Давоми соли 2022-юм 79 шумораи рӯзномаи «Хатлон» бо теъдоди аз 11128 то 14 ҳазор нусха (852 ҳазору 655 нусха) рӯйи чоп омада, дастраси обуначиён дар тамоми 25 шаҳру ноҳияи вилоят гардид.
Хабарнигорони рӯзномаи «Хатлон» дар давоми сол 2618 хабару мақолаҳои таҳлилию танқидӣ, 465 видео (QR-рамз) ва 72 инфографикаро пешкаши муштариён кардаанд, ки ҳар як матлаб инъикоскунандаи ҳаёти имрӯзаи мардум мебошад. Дар маҷмӯъ, 838 хабар ва 1770 мақолаи таҳлилию танқидӣ, мусоҳиба, очерку лавҳаҳо, памфлету ҳаҷвияҳо ба нашр расониданд.
Дар ҳар шумораи рӯзнома ба ҳисоби миёна 19-20 акс истифода шудааст, ки агар ба 79 шумораи давоми сол нигарем, ба 1658 адад мерасад. Ҳамчунин, дар соли 2022-юм ба шуъбаи номаҳои рӯзномаи «Хатлон» беш аз 400 мактуби хонандагони нашрия расидааст, ки 309 маводи хонандаи азиз рӯйи чоп омадаанд.
Номи шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 15 то 145 маротиба номбар шудаанд. Исми Бохтар ба он хотир зиёд зикр мешавад, ки ин шаҳр маркази маъмурии вилояти Хатлон буда, аксари чорабиниҳои расмии вилоятӣ дар ин ҷо ба вуқӯъ мепайванданд. Ҳамчунин, номҳои Кӯлоб, Левакант, Кӯшониён, Вахш, Ёвон, Дарғара, Муъминобод низ бештар истифода шудааст.
Тибқи арзёбии хабарнигорони рӯзнома, давоми соли 2022 котибони матбуотӣ ё масъулони ҳамкорӣ бо ВАО-и мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, прокуратураи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, суди вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, раёсатҳои фарҳангу маориф, КФ “Хатлон”, Сарраёсати омор, Сарраёсати кишоварзӣ, мақомоти молия, андоз, Раёсати ВКД, занон, хадамоти оташнишонӣ ва ғайраҳо бо идораи нашрияи “Хатлон” иртиботи хуб роҳандозӣ карда буданд.
Вокунишҳои саривақтӣ...
Кормандони эҷодии рӯзнома сари вақт ба ҳодисаи марзӣ, ки миёни Ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон давоми соли равон рух дод, бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ вокуниш карданд (беш аз 80 маводи матнӣ ва 20 видеоӣ). Ҳатто саҳифаҳои махсус ба хотири корнамоиҳои қаҳрамонони Ватан бахшида шуд.
Аз таблиғи футбол то кумак ба ятимон
Бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии кӯдакон аз ҷинояткорӣ ва ҷалби онҳо ба варзиш идораи рӯзномаи “Хатлон” мусобиқаи кушоди вилоятӣ оид ба футболи хурд миёни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2009-2010 бо номи “Ҷоми рӯзномаи “Хатлон”-ро бахшида ба гиромидошти хотираи мураббии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Ризоматов баргузор намуд, ки зиёда аз 250 нафар кӯдакон аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар дар он иштирок намуданд.
Дар доираи татбиқи сиёсати ятимпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон идораи рӯзномаи “Хатлон” иқдоми некро ба роҳ монд. Ҳайати эҷодии рӯзнома ба хотири болидарӯҳии тарбиятгирандагони мактаб - парваришгоҳи ноҳияи Вахш барои 22 нафар кӯдакони парваришгоҳ барномаи фароғатиро таҳти унвони “Истироҳати хуш” ташкил намуд. Нахуст, кормандони идораи рӯзнома ба мактаб - парваришгоҳ рафта, ба кӯдакон либосҳои варзишӣ бо рамзи рӯзномаи “Хатлон” пӯшониданд. Сипас, кӯдаконро ба шаҳри Бохтар расонда, дар варзишгоҳи “Пахтакор” бозии дастаҳои “Хатлон”-и Бохтар ва “Эсхата”-и Хуҷандро тамошо намуданд. Ҳамчунин, аз ҷониби идораи рӯзномаи “Хатлон” ба кӯдакон тӯбҳои футбол ва барои истироҳати бофароғат шириниҳо фароҳам оварда шуд.
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон ва эълони “Чил рӯзи ҳаёти кӯдакон” аз тарафи идораи рӯзномаи “Хатлон” низ ба 70 кӯдакони имконияти ҷисмониашон маҳдуд туҳфаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамзамон, идораи рӯзнома мунтазам дар арафаи иди саиди Фитр, иди Саиди Қурбон ва дигар ҷашнҳои миллӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернати ноҳия Вахш, оилаҳо аз табақаи ниёзманди ҷомеа, якчанд ташкилоти ҷамъиятии маъюбон - Филиали ташкилоти ҷамъиятии иттиҳоди миллии маъюбони Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Филиали ташкилоти ҷамъияти нобиноёни Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар, Ташкилоти ҷамъиятии маъюбони «Шодком»-и вилояти Хатлон ва собиқадорони матбуот кумакҳои моливу пулӣ расонидааст.
Серхонандатарин нашрия ...
Бояд ёдовар шуд, ки рӯзи 1 июни соли 2022 дар шаҳри Душанбе натиҷаҳои тадқиқоти «Афзалиятҳои расонавии аҳолии Тоҷикистон...» муаррифӣ гардиданд. Ин тадқиқоти сотсиологӣ аз ҷониби Маркази сотсиологии «Зеркало», ТҶ «Машварати расонавӣ» ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон анҷом дода шудааст. Барои ҳайати эҷодии мо фараҳангез ин буд, ки аз рӯйи натиҷаҳои ин тадқиқот, рӯзномаи «Хатлон» дар раддабандии нашрияҳои серхонандатарин дар вилояти Хатлон дар ҷойи 1-ум қарор гирифт. 28,8%-и пурсидашудаҳо (зиёда аз 2500 нафар пурсида шудаанд) дар вилоят моро мехондаанд. Ҳамчунин, дар раддабандии нашрияҳои даврие, ки респондентҳо ҳамчун сарчашмаи ахбори боэътимод унвон додаанд, дар сатҳи ҷумҳурӣ рӯзномаи мо ба ҳаштгонаи беҳтаринҳо шомил шуд. Мо аз ҳамаи хонандаҳо ва алоқамандони рӯзнома сипосгузорем, ки ҳамеша бо моанд.
Нашрияи муваффақи маҳаллӣ...
Рӯзномаи “Хатлон” дар ҷашни 110-солагии матбуоти тоҷик ҷоизаи ҷумҳуриявии “Нашрияи муваффақи маҳаллӣ дар 2021” ба номи Асадулло Саъдуллоевро сазовор гардид. Мавриди зикр аст, рӯзнома соли дуюм пайиҳам соҳиби ин ҷоиза мегардад. Ҳамзамон, бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик идораи рӯзномаи “Хатлон” бо Сипосномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии “Академияи воситаҳои ахбори оммаи Ҷумҳурии Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуд.
Шумораҳои махсус...
Кормандони рӯзнома давоми сол бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз 8 саҳифа, 31-солагии Истиқлоли давлатӣ 8 саҳифа ва 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзан 16 саҳифа нашри махсусро ба табъ расониданд. Ҳамзамон, ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии вилояти Хатлон нашри махсусеро рамзан дар 30 саҳифаи ранга бо фарогирии матолиби ҷолибу хонданӣ ба нашр расонид, ки он “Хатлон: 30 соли эҳё, ваҳдатофарӣ ва рушди устувор” ном гирифт. Ҳайати эҷодии рӯзнома ба муносибати 70-солагии собиқадори матбуот, котиби масъули рӯзномаи “Хатлон” Саттор Қарахонов нашри махсусеро дар ҳаҷми 8 саҳифаи ранга бо фарогирии матолиби ҷолибу хонданӣ бо тиражи 1000 нусха ба нашр расонид, ки он МЕҲРНОМАИ “ХАТЛОН” ном дорад.
Бо ибтикори рӯзномаи “Хатлон” маҷмӯаи мақолаҳои публитсист Саттор Қарахонов бо теъдоди 300 нусха ба чоп ра- сид.
Аз ҷоизаи “Воҳид Асрорӣ” то медали «Хизмати шоиста»
Дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатӣ Носирҷон Маъмурзода, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Хатлон» бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти давлатӣ медали «Хизмати шоиста» қадрдонӣ гардиданд. Хабарнигори рӯзнома Набиҷони Саидаброр бошад, дар соли 2022 бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳид Асрорӣ гардид. Кормандони нашрия Суҳроб Азиззода ва Далер Ибодуллозода барандаи озмуни вилоятии “Неруи сухан”, ки аз тарафи раиси вилоят роҳандозӣ шудааст, гардиданд. Ҳамчунин, Набиҷони Саидаброр ғолиби озмуни ҷумҳуриявии эҷодии “Агробизнес дар Тоҷикистон: талош барои рушд” дар бахши “Журналисти ҷавони пешқадам” гардид.
Дар ин давра ду хабарнигори рӯзномаи “Хатлон” Фарида Баротова ва Ҷасури Қиёмиддин дар даври дуюми озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ғолиб омада, ба даври вилоятии ин озмун роҳхат гирифтанд. Дар натиҷа, Фарида Баротова дар даври ҷумҳуриявии озмун мақоми ифтихориро соҳиб шуд.
Ҳамзамон, котиби масъули рӯзнома Саттор Қарахонов барои фаъолияти пурмаҳсулаш бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимията давлатии вилояти Хатлон ва Иттифоқи журналистони Тоҷикистон қадрдонӣ гардид.
Сарбозони иттилоотӣ...
Ифтихоровар аст, ки ду тан кормандони идораи рӯзнома Набиҷони Саидаброр ва Далер Ибодуллозода дар даъвати тирамоҳӣ довталабона ба сафи Артиши миллӣ пайвастанд ва як соли оянда таҷрибаи хабарнигории ҳарбиро низ меомӯзад.
600 ҳазор хонанда...
Метавон қайд намуд, ки рӯзномаи “Хатлон” сарфи назар аз рақобати ҷиддӣ дар майдони матбуоти тоҷик, фаъолияти садҳо сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, воситаҳои ахбори оммаи электронӣ, агентиҳои иттилоотӣ хонандаи худро дорад. Бо назардошти шумораи обуначиён, хонандагону аъзои гурӯҳҳои рӯзнома дар сомонаи интернетӣ (www.khatlonruznoma. tj), шабакаҳои иҷтимоӣ – “фейсбук”, “инстаграм”, “одноклассники”, “телеграм”, “тикток” ва “ютюб” маҳсулоти эҷодии нашрияи “Хатлон” моҳона беш аз 600 ҳазор хонанда ва бинанда дорад.
Изҳори умедворӣ мекунем, ки иртиботи шумо, алоқамандони рӯзномаи «Хатлон», бо идораи нашрия боз ҳам зичтару беҳтар шуда, дар соли нави 2023 ҳамрозу ҳамнафаси якдигар боқӣ хоҳем монд!
Соли нави мелодии 2023 муборак, муштариёни гиромӣ!
Ф. Бобоев, “Хатлон”
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00