Офарин, ба Абдулло Раҳнамо!
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 09 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Хабарҳо, Боздид 749
Чанде пеш дар сомонаҳои иҷтимоӣ ва рӯзномаи «Хатлон» мақолаи коршиноси сатҳи байналмилалӣ Абдулло Раҳнаморо таҳти унвони “Мавқеи Тоҷикистон ва ё чаро Ҷумҳурии Тоҷикистон кишвари таҷовузгар нест” мутолиа намудам. Бояд иқрор шуд, ки мақола дар сатҳи касбӣ ва олӣ таҳия шудааст. То мутолиаи мақола мисли аксари сокинони кишвар доир ба масъалаи баҳсҳои сарҳади миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон тасаввурот ва фаҳмишҳои кофӣ надоштам. Гумон мекардам, ки баҳс танҳо дар бораи Ҷамоати деҳоти «Ворух» ва дигар ҷамоатҳои шаҳри Исфара меравад. Медонистам, ки қисмати зиёди хатти сарҳад миёни Тоҷикистон ва Қирғизистон номуайян аст, аммо қисмати зиёди он баҳснок аст, фикр ҳам намекардам. Таҳлил ва пешниҳод намудани як мақола, ки паҳлуҳои ин масъаларо ба пуррагӣ ва ҳамаҷониба дарбар гирад, кори саҳлу осон нест.Мақолаи коршинос Абдулло Раҳнамо барои дарки амиқи сиёсат ва мавқеи Тоҷикистон дар баҳсҳои сарҳадӣ аз ҷониби сокинон кумаки калони худро расонидааст. Дар ҳамин баробар тарҷума шудани он ба дигар забонҳо барои дар сатҳи байналмилалӣ шинохтан ва муаррифӣ намудани мавқеи Тоҷикистон манфиатовар хоҳад буд.
Мақола, ки дар асоси далелу фактҳои воқеии ҳуҷҷатҳои соли 1924, 1927, 1936 иншо шудааст, тасдиқ менамояд, ки Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ давлати таҷовузгар набуда, ҳеҷ гоҳ худсарона ба сарзамини як қавм ё як миллат ҳуҷум накардаву миллати сулҳхоҳу ваҳдатсиришт мебошад.
Ҳамзамон, мақола яке аз он далелҳое мебошад, ки Тоҷикистон мехоҳад, масъалаи баҳсҳои сарҳадӣ ба тариқи осоишта ва дипломатӣ ҳаллу фасл шавад. Аммо ҷониби Қирғизистон дар ин маврид аз қувваҳои низомӣ истифода бурда, ба сари ҳам мардуми тоҷику ҳам мардуми қирғиз мусибатҳои вазнинро меорад.
Факту далелҳои дар мақола овардашуда дар асл заминҳои тоҷикону ба тоҷикон тааллуқ доштани он, ки имрӯз онҳоро Қирғизистон забт намудааст, собит месозад. Мақола дар масири худшиносиву худогоҳии тоҷикон, ки ҳамагӣ барои ҳимояи манфиатҳои миллии хеш омода мебошанд, як таконе хоҳад шуд.
Гумон мекунам, ки бознашр кардану ҳарчи зиёдтар оммавӣ намудани ин мавод ба манфиати кор буда, метавонад аз чанд ҷиҳат ба мо кумак намояд. Якум, ҳақиқати таърихиро ба ҳамагон, аз ҷумла ба хориҷиён, давлатҳову ташкилотҳои байналмилаливу минтақавӣ, сокинони кишвар шинос менамояд. Дуюм, имконият медиҳад, ки ҳарчи бештар асли таърихӣ ва воқеияти рӯз ошкор шавад, ки кадом ҷониб намехоҳад ин баҳс ба поён расад. Сеюм, барои зудтар ба анҷом расидани баҳси марзӣ мусоидат намояд.
Гулчеҳраи Ҷамолиддин,
омӯзгори МТМУ-и №6-и шаҳри Бохтар
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...