ФАРЗАНДИ ВАФОГУЗОРИ ХАТЛОНЕМ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 01 декабр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Дигар матолиб / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 623
Фарзанди вафогузори Хатлонем,
Ҷону дили гарми Тоҷикистонем.
Мардони бузургро ту медонӣ,
Мо оташи рӯҳи он бузургонем.
Лабхандаи лаҳзаи зафарҳоем,
Фардои умед бар падарҳоем,
Гар шири сафеди модарон хӯрдем,
Дар хизмати ҷамъи модарон моем.
Фарзанди вафогузори Хатлонем,
Аз меҳр ба синаҳо гулафшонем,
Қурбоншуда бахши мо шаҳидонанд,
Мо умри дигар ба он шаҳидонем.
Аз хотироти таърихӣ
Сайёҳи чинӣ Чжан-тсияна солҳои сиюми асри ёздаҳи пеш аз милод ба Хатлон омадааст, ки аз ин замон Хатлон ба таърихи хаттии хитоӣ ворид шудааст. Ин ба ҳуҷуми кӯчманчиён ба Ту-хо-ло мутааллиқ аст, ки он ба форсӣ Тахористон аст. Аввалин бор таърихнависи Чин дар асри ҳафт номи Ку-то-ло ё « Ко-до-ло»-ро сабт месозад, ки исми тохарӣ ва ё эфталитӣ (ҳайтолӣ) аст. Дар китоби «Тан-шу» ба Хатлон бештар эътибор дода шудааст. Дар он аз аспҳои олидараҷаи Хатлон сухан рафта, масоҳати сарзамин 100 литл муқаррар карда шудааст. Дар ин китоб инчунин аз Паланги сурх ёдовар шуда, маркази ноҳияҳоро Се-чу- кян ном мегирад. Аркен, Паргар ва Вахш аз шаҳрҳои Хатлон номгир карда мешаванд. Инчунин, хитоиҳо Хатлонро соли 657 баъди ғалаба бар туркҳо «Кишвари ғарбӣ» номиданд.
Птоломейи юнонӣ аз шаҳри Хулбис сухан меронад, ки маркази Хатлон аст. Пления бошад, аз кӯҳи намаки Хатлон ҳарф зада, ба обҳои Окс ва Бохтар ҳамроҳ шудани намаки сафеду сурхчаро ёдовар мешавад. (Окс шояд Ёхсу ва Бохтар Баҳманрӯд, яъне Сурхоби ҳозира бошад).
Вақте ки санъати Юнону Бохтар гуфта мешавад, тасвири аспҳои тиллоии хатлонӣ низ дар назар дошта шудааст, ки ин комилан дуруст аст. Дар сарчашмаҳои хитоӣ Хатлон «Као-фу» марказаш «У-ша» низ бо ду минтақа «У-лин», марказаш «Ко-ло-кян» ва «Хю-ми» марказаш «У- шак» номгир шудааст. Чунин тахмин меравад, ки «У-шак» шояд Вахш ва «Ко-ло-кян» шояд Ҳулбук бошад. «Кян» маънии «Канд», «Бук» маънои «Бик» медиҳанд. Масалан, шаҳри «Рустам-бик». Ко-ло дар транскрипсияи арабию форсӣ ифодаи «Ҳул» медиҳад.
Солҳои 729-733 аз рӯи солномаи хитоӣ Хатлониён ба Хитой сафир мефиристанд, ки ин маънои дар он солҳо тобеъ набудани Хатлон-ро бар арабҳо ифода мекунад. Дар ин сол султони Хатлон Се-кин ба даргоҳи Чин фарзанди худ Ку-Ту - Шеро сафир мефиристад. (Аз рӯи тадқиқот, ин писари подшоҳ Сабал (Шоҳбол) – Ҷайш бояд бошад, ки Шоҳбол пеш аз марг оварда ба тахти Хатлон нишондани ӯро ба вазираш Соиҷӣ васият мекунад).
РУҶӮЪ АЗ АСРИ ХХ
Хандае аз гиряи таърих, эй Хатлон.
Гиряе аз хандаи таърих,
Хонае аз хонаи сарманшаи таърих, эй Хатлон,
Хонае аз хонаи имрӯзаю ояндаи таърих.
Гиряи шабҳои маҳтобии яъсовар,
Хандаи рӯзони хуршедии ҷонпарвар.
Хонае аз ҳастии имрӯзаи гӯё,
Хонае аз ҳастии дирӯзаи рӯъё.
Хонае аз шуъларези ИШҚ,
Хонае аз шуълахези РАШК!
Хонае аз бодбези БАХТ,
Хонае аз рӯдрези АШК!
Хонае аз ғуссаю аз сур,
Хонае аз МЕҲРУ ҶАҲЛИ Эраҷу аз Тур!…
Ин манам фарзанди солеҳи савоби ту,
Ин манам фарзанди гумроҳи гуноҳи ту.
Ин манам он ХУШНАВОЗИ хушнавози ту,
Ин манам ҒОТИФАРИ фарри шаборӯзи сиёҳи ту,
Ин манам ШАҲБОЛШОҲи шоҳи тадбират,
Ин манам ТАРХОНИ тарбахти табоҳи ту…
Ин манам аз хоку афлоки сабоҳи ту,
Низ кайвоне зи дудистони оҳи ту,
Низ кайҳоне зи кайшоҳии роҳи ту…
Эй Худо!
Бикшоядо КАЙҲОНИ КАЙШОҲӢ
Бар дару даргоҳу бору боргоҳи ту.
* * *
Аё Хатлон,
Нафаспарвардаи мардони оламгир!
Чӣ гӯям?
Дар фарохои ҳазоронсолаи тақдир,
Сари болои ту бас зеби майдонҳо шудаст охир.
Пайи нанги ватандорӣ,
Пайи ту бо пайи пойи ҷаҳондорони олам роҳ бикшодаст,
Сари дори ҳама дунё сари болот афтодаст.
Абармардони ҷоният ба Искандар
Зи Гавгамела то Хатлон биҷангиданд,
Барои шавкати ҷовиди Ориён биҷангиданд,
На осон,
Дар баҳои ҷон биҷангиданд…
Ҳақназар Ғоиб
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00