Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дастоварде, ки мурури вақт арзиши он ва манзалати меъморашро болотар мебарад


Дастоварде, ки мурури вақт арзиши он ва манзалати меъморашро болотар мебарад



Зарур ва ногузир аст, ки таблиғи аҳамияти Ваҳдати миллӣ ва бозгӯйии саҳми меъмори он Эмомалӣ Раҳмон миёни мардум, бахусус наврасону ҷавонон, бояд ҳамчун самти муҳимтарини кор ва меъёри асосии таълиму тарбия қарор гирад.

Банда оид ба аҳамияти Ваҳдати миллӣ зиёд гуфтааму навиштаам. Хоса, дар китоби худ таҳти унвони «Вилояти Хатлон: Қадамҳои нахустин дар роҳи рушду эҳё», ки ба истиқболи 10-солагии Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум нашр гардидааст, масъалаи мавриди назар таври муфассал бозгӯйӣ шуда буд. Дар ин росто, шумораи зиёди мақолаву мусоҳибаҳои банда вобаста ба масъалаи фавқуззикр дар воситаҳои ахбори омма ба нашр расида, дар ҳама суханрониҳоям он масъалаи меҳварӣ маҳсуб меёфт. Ин навбат тасмими навиштани мавод аз ҷониби банда дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ, ки ҳамасола 27 июн бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад, ба воқеоти охири ҷаҳони муосир, ки шиддат гирифтани бархӯрди манфиатҳо, дар шакли нав зуҳур намудани гурӯҳҳои ифротгаро ва падидаҳои дигари номатлуб аз ҷузъҳои он мебошанд, рабт дорад. Ба сифати нафаре, ки солиёни зиёд дар вазифаҳои пурмасъул кор карда, шоҳиди бевоситаи заҳмати шабонарӯзӣ ва ҷоннисориҳои меъмори Ваҳдати миллии тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати ноил шудан ба ин дастоварди беназир будам, вазифа ва қарзи инсонии хеш медонам, ки бори дигар ба аҳли ҷомеа, хоса ҷавонон онро бозгӯйӣ намоям. Таъкид менамоям, ки дар доираи як мақола наметавон тамоми паҳлуҳо ва арзишу манзалати Ваҳдати миллӣ ва меъмори онро бозгӯйӣ намуд, биноан, мехоҳам таври мухтасар ин тасмими худро ҷомаи амал пӯшонам.

Банда муътақидам, ки мурури вақт арзиши Ваҳдати миллӣ ва мақоми меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бамаротиб болотар бурда истодааст. Рӯйдодҳои охири ҷаҳони муосир бори дигар собит намуданд, ки хомӯш намудани оташи ҷанги бародаркуш, ки ба он кишвар ва гурӯҳҳои алоҳида «равған мерехтанд», аз вартаи нобудӣ раҳо бахшидани мамлакат, дар як муддати кӯтоҳ эҳё намудани сохторҳои фалаҷгаштаи Ҳукумат, таъмини рушди бемайлони иқтисодиёт, ҷалби сармояи зиёди хориҷӣ, муаррифии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани ҷумҳурӣ ва ғайраҳо на ба ҳар шахсият муяссар мегардад. Шоҳиди ҳол ҳастем, ки дар баъзе ҳамсоякишварҳо солиёни зиёд ҷанг идома дошта, қисмате аз мамлакатҳои ҳамҷавор, бинобар надоштани шахсияте чун муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба майдони рақобати абарқудратҳо табдил ёфтаанд.

Ҳарчанд дар арафаи ҷашн ба ёд овардани он айёми буғранҷ ва пурташаннуҷ чандон ҷоиз нест, вале қолабшиканӣ намуда, онҳоро ёдовар мешавам, зеро насли наврас бояд донад, ки ҳамагӣ чанд сол пештар мо бо чӣ мушкилот мувоҷеҳ ва кадом шахсият боис гардид, ки рӯзгори саодатманди имрӯзаи онҳо таъмин гардад. Оғози солҳои навадуми асри гузашта барои тоҷику тоҷикистониён солҳои хуб набуданд. Дар он айёми фоҷиаборе, ки ба «шарофат»-и фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи хориҷӣ авзои сиёсиву иҷтимоии мамлакат рӯз ба рӯз муташанниҷ мегардид, аксаран ба қавли Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Тақдири Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳал карда буданд. Яъне, ин давлат бояд пароканда ва миллат ба нестӣ мерасид». Ман фикр мекунам таърихи ин ё он халқ дар сурате метавонад, барои соҳибонаш арзиш дошта бошад, ки наслҳои минбаъдаи он аз ин таърих сабақе бигиранд. Миллате, ки аз гузаштаи хеш сабақи зарурӣ мегирад, бе шакку шубҳа роҳи ояндаи худро бидуни саҳву хато муайян хоҳад кард.

Воқеан, даҳаи охирини қарни бист халқи тоҷикро пешорӯи имтиҳону санҷишҳои сангину ҷиддӣ қарор дод. Дасисаҳои душманони чӣ дохилию чӣ хориҷии миллат, таассуб, каҷфаҳмӣ, пайгирии манфиатҳои маҳаллию гурӯҳӣ ва боз иллатҳои дигари зиёде дар кишвари ба тозагӣ истиқлолият пайдокардаи мо асоси ҷанги шаҳрвандиро гузоштанд, ки оташи он ҳаёти ҳазорон ҳамватанони моро ба коми худ кашид, Ватан хароб шудаву тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт. Яъне, як лаҳза фаромӯш кардани гузаштаи худ, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боиси он гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг, қадам ба марзи водии нестӣ гузорад.

Шояд дар ин олами пуршӯру шар халқе ва ё миллатеро дучор омадан душвор бошад, ки замоне бо сабабҳои гуногун, гоҳе бо сабабҳои асосдор ва аксар бо омилҳои бебунёду дурӯғин ба ҳам даровехта, ҷанги ҳамватаниро аз сар нагузаронида бошад. Ҳаводиси хунине, ки ба сари мардуми мо фурӯ рехт, низ бесабаб набуданд ва ҳоло сабабҳои он, ки таҳмилӣ буданаш яке аз онҳост, барои ҳамагон маълум аст. Наслҳои ҷавони мо аз ҳодисаҳои фалокатбори ибтидои солҳои навадуми қарни рафта бояд сабақ бигиранд, зеро миллате, ки дар таърихи худ боре ба сари миллате силоҳ набардошта ва ҳамеша меҳнати ҳалолро авлотар аз теғу шамшер медонист, мардуме, ки меҳнати осоиштаю созанда барояш аз фатҳу тасарруфи заминҳои дигарон афзалтар маҳсуб мешуд, ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад бори дигар гиребони бародар бигирад.

Бо амри тақдир чунин иттифоқ афтод, ки вилояти имрӯзаи Хатлон, бахусус водии Вахш, дар маркази талошҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин қарор гирифт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар асари ҷангу ҷидол ва задухӯрдҳои бемаънӣ ба ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ чунон хисороте расид, ки мутамаинам, ки мислашро мардуми мо чандин садсолаҳо инҷониб надида буд. Шояд аз замони Чингизи хуношом то имрӯз ин қадар ноҳақ хуни тоҷик нарехта буд, ки рехт.

Деҳоту рустоҳои мо он қадар хароб нашуда буданд, ки таи ин чанд моҳ шуданд. Гуфтан кофист, ки дар натиҷаи муноқиша ва амалиётҳои ҷангӣ садҳо хонаҳои истиқоматӣ, иншооти маорифу тандурустӣ, фарҳангӣ, муассисаю корхонаҳо хароб, валангор, ба хок яксон, ғорат ва талаю тороҷ шуданд. Теъдоди онҳое, ки барои наҷот додани ҷони хеш аз Ватан фирорӣ гаштанд, ба даҳҳо ҳазор нафар расид. Водии Вахш, ки ҳафтод – ҳаштод сол муқаддам бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони тамоми маҳаллу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, бо номи «водии тиллоӣ», «водии меҳру муҳаббат» шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт.

Ҳодисаҳое, ки ба амал меомаданд, барои воситаҳои ахбори оммаи бархе аз кишварҳои хориҷ барои паҳн намудани ҳама гуна дурӯғ, буҳтон, овозаҳои беасос ҷиҳати бадном ва ҳамчун як қавми маҳалгарою миллаткуш «машҳур» намудани тоҷикон «ғизо» медоданд. Дар чунин айёми ҳассос ва сарнавиштсоз нишастан ба сари мизи гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд. Вале на ҳама ҳавасманди чунин тарзи кор буданд. Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки «қисмати зиёди қумондонҳо ва ҳатто масъулини ҳамонвақтаи Ҳукумат барои оғози гуфтушунид бо мухолифин ҳавасманд набуданд». Танҳо азми қавӣ ва нияти неки Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон замина фароҳам овард, ки ин раванд шурӯъ ва муваффақона анҷом пазирад.

Яъне, масъалаи наҷоти миллати тоҷик ин абармардро водор кард, ки аз байни оташи ҷанги шаҳрвандӣ, фоҷиаву харобиҳои гӯшношуниди он гузашта, бо кадом мушкилоте, ки набошад, имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро қадам ба қадам наздиктар созад. Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки дастоварди мазкур осон ба даст наомадааст. Аз далелу арқоми мавҷуда бармеояд, ки пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ки ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.

Банда солҳои 2001 – 2006 вазифаи раиси вилояти Хатлонро – минтақае, ки аз ҷанги бародаркуш дар муқоиса ба дигар манотиқи кишвар зиёдтар осеб дида буд, ба зимма доштам. Шоҳиди ҳол будам, ки дар як муддати кӯтоҳ дар заминаи Ваҳдати миллӣ ва ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат ин гӯшаи валангоршудаи мамлакат ободу зебо гардид. Ба ибораи дигар, тавассути Ваҳдати миллӣ боғу бӯстонҳои хушкида аз сари нав сабзу хуррам гардида, ҳазорҳо манзилу муассисоти дар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба ин гӯшаи куҳандиёрамон шукӯҳу шаҳомати тоза илова намуданд. Қариб як миллион фирориёни иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми Ватан баргашта, бо дастгирии бевоситаи Роҳбари бунёдкору хирадманди хеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгори худро дар як муддати кӯтоҳ барқарор намуданд, ки ин рӯйдоди таърихӣ дар таҷрибаи ҷаҳонӣ падидаи камназир эътироф шудааст.

Маҳз дар заминаи имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон мафҳуми Ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон дар ҷомеаи мо ҳамчун вожаи муқаддас нуфузи хоса касб намуд ва дар қалби мардуми кишвар ҷойгоҳи сазовори худро пайдо кард.Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир, ки пора — пора гардидани давлатҳои мутараққӣ, аланга задании оташи ҷанги бародаркуш, заволи иқтисоди миллӣ, кушта шудани нафарони бегуноҳ, зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ва ғайра аз ҳамон ҷумлаанд, ҳушдор медиҳанд, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими Ваҳдати миллӣ ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқамон ҳамеша ҳушёру омода бошем. Дар шароити кунунӣ зарур ва ногузир аст, ки ҳар кадоми мо дар тарғиби Ваҳдати миллӣ ва саҳми меъмори он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш фаъол ва ҷасуру ҷонфидо бошем. Ваҳдати миллии тоҷикон неъмати бебаҳо ва падидаи камназир аст. Ин андешаи инфиродии банда набуда, дар сатҳи байналмилалӣ аз ҷониби шахсиятҳои бонуфуз борҳо таъкид гардидааст.

Агар масъалаи мавриди назарро амиқтар мавриди пажӯҳиш қарор диҳем, он гоҳ паҳлуҳои зиёди тасдиқкунандаи арзишмандӣ ва мақому манзалати бениҳоят баланди Ваҳдати миллӣ ҳувайдо мегардад. Боиси ифтихори ҳамагон бояд бошад, ки имрӯзҳо таҷрибаи сулҳи тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди омӯзишу дастгирӣ қарор гирифта, чун падидаи нодири фарҳанги сулҳофарӣ пазируфта шудааст. Яъне, ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ эътироф намудааст. Ин дастоварди саҳлу сода нест, зеро эътироф дар заминаи эътимод рӯи кор меояд. Ҳамин аст, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро доир ба ҳалли масоили муҳими минтақа ва ҷаҳон истиқбол менамояд.

Бояд ҳар як фарди Тоҷикистон бори дигар амиқан дарк намояд, ки Ваҳд ати миллӣ барои мардуми кишвар неъмати бебаҳо, раванди бебозгашт ва бениҳоят азизу муқадд ас мебошад, зеро маҳз ба шарофати Ваҳд ати миллӣ ва ҷаҳд у талошҳ ои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як мудд ати кӯтоҳи таърихӣ сулҳу оромӣ дар саросари кишвар таъмин гардида, барои зиндагии орому осоишта ва фаъолияти созандаи сокинони мамлакат шароити мусоид фароҳам шуд. 

Ҳамагон бояд дарк намоем, ки пеш гирифтани дастёбӣ ба Ваҳдати миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати пешгирифта ва шиори зиндагӣ барои муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб набуд. Агар чунин тасмим гирифта намешуд, бадбиниву таҳдид ва душманҷӯиву
сангаргирӣ бештар доман паҳн менамуд.

Хушбахтона, 25 сол аст, ки дар кишвари азизи мо дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасанд. Имрӯз мардуми мо нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯйи фардои дурахшони хеш собитқадамона роҳ мепаймояд. Мегӯянд, ки то гурусна намондӣ, ба қадри нон нарасӣ ва то ташна нашудӣ, лаззати об надонӣ. Мо – тоҷику тоҷикистониён, ки чӣ будани ҷангҳои бемаънии хонумонсӯз, пайомадҳои даҳшатбори онро бо чашми сар дидаем, ҳоло хуб дарк кардаем, ки Ваҳдати миллӣ воқеан ҳам неъмати бебаҳо будааст. Аз ин рӯ, чун гавҳаракаи чашм ҳифз намудани он вазифаи ҷонии ҳамагон аст ва мутмаинам, ки чунин хоҳад буд.

Амиршо Мира лиев,
ходими давлатӣ, собиқ раиси вилояти Хатлон

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода