Заминаҳои пайдоиши матбуоти даврӣ дар вилояти Хатлон
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 25 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Слайдер / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Фарҳанг ва адабиёт / Хабарҳо, Боздид 666
Сарчашмаҳои таърихӣ нишон медиҳанд, ки агар дар Хатлон то солҳои 30-юми асри гузашта матбуоти даврӣ арзи ҳастӣ накарда буд, перомуни ҳаёти фарҳангӣ, иқтисодиёт ва захираҳои табиии водиҳои Вахшу Кӯлоб дар матбуоти русзабони тоинқилобӣ матолибе дар қолаби жанрҳое монанд ба очерку сафарнома ба табъ расидаанд.
Дар муқоиса бо минтақаҳои дигари Тоҷикистон матбуоти даврӣ дар қаламрави имрӯзаи вилояти Хатлон дертар, дар оғози солҳои сиюми асри гузашта зуҳур кардааст. Масалан, агар дар Хуҷанд ҳанӯз дар соли 1909 маҷаллаи сотсиалдемократии «Красное солнышко» (дар бораи ин маҷалла профессор И.К. Усмонов дар шумораи рӯзи 22 марти соли 1979-и рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» маълумоти муфассал додааст) ва дар Қаротегин (имрӯза ноҳияи Рашт) соли 1923 рӯзномаи «Красный Каратегин» интишор шудааст, дар Қӯрғонтеппа (имрӯза Бохтар) танҳо баҳори соли 1931 шумораи нахустини «Зарбдори сохтмони Вахш» - нашрияи кумитаи иҷроияи Ҳизби коммунист дар сохтмони Вахш, аз чоп баромад. Таърихи матбуот дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дарозои зиёда аз сад сол кашида, бо таъсиси якумин рӯзномаи тоҷикии «Бухорои шариф» (соли 1912) нашрияҳои дигари миллию маҳаллие дар қаламрави Тоҷикистон ба майдони матбуоти даврӣ ворид шуданд. Дар самти таҳқиқи заминаҳои пайдоиш ва густариши матбуоти даврӣ дар Тоҷикистон муҳаққиқони журналистикаи тоҷик Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Асадулло Саъдуллоев, Давлат Давронов, Пайванди Гулмуродзода, Мурод Муродӣ, Аъзамҷон Азимов, Масрур Абдуллоев, Шариф Муллоев ва дигарон таҳқиқоти арзишманде анҷом додаанд. Аммо таърихи матбуоти минтақавӣ аз ҷониби олимони тоҷик камтар таҳқиқу арзёбӣ шуда, дар мавриди матбуоти ҳавзаи ҷануби Тоҷикистон сарчашмаҳо ва асарҳои илмии ҷудогона хеле кам ба нашр расидаанд.
Бо ҳадафи омӯхтани набототу ҳайвонот, сарватҳои зеризаминӣ, таъриху анъанаҳои миллии ин сарзамин бисёр сайёҳону ҳаётшиносон, олимони набототшиносу муаррихон аз қабили В.Г. Липский, М.А. Варигин, Д.Н. Логофет, А. Борис, Г. Вамбери ва дигарон пайиҳам ба тамоми ноҳияҳои Бухорои Шарқӣ дар охири солҳои 1800-ум сафар карда, аз ҷониби онҳо экспедитсияҳои эҷодӣ гузаронида шудаанд. Муаллифони рус ба таҳқиқу омӯзиши таърихи Хатлонзамин мароқ зоҳир намуда, мақолаҳои худро дар рӯзномаҳои илмию маъмурии ҳукумати подшоҳии рус «Туркестанские ведомости», «Известия топографического общества», «Исторический вестник» ва «Военные сборники» ба табъ расониданд. Ин аз як тараф хонандагони русро бо ҳаёту фарҳанги тоҷикон шинос намояд, аз тарафи дигар таконе барои зиёиёни тоҷик дар иқдоми таъсиси матбуоти миллӣ гардид.
Н.А. Маев шояд аз нахустин муҳаққиқони русест, ки дар замони қабл аз инқилоби Октябр ба пажӯҳиши мавқеи ҷуғрофӣ ва фарҳангу тамаддуни мардуми Хатлон пардохта, мақолаеро дар бораи сафари худ ба сарзамини Кӯлоб соли 1875 дар рӯзномаи «Туркестанские ведомости» ба чоп расонидааст. Н. А. Маев аз натоиҷи тадқиқоташ дар Хатлон соли 1876 асаре бо номи «Очерки хонигарии Бухоро, сарзамини Ҳисор, Кӯлоб ва соҳилҳои Амударё»-ро низ таҳия ва нашр кардааст, ки дар он ҳавлу ҳоли кишвари Бухорои Шарқиро аз нуқтаи назари таърихӣ арзёбӣ намудааст.
Матбуоти болшевикии русзабон, аз ҷумла нашрияҳои легалӣ (қонунӣ)-и «Туркестанские ведомости», «Русский Туркестан», маҷаллаи «Военный сборник» (дар қаламрави Осиёи Марказӣ дар замони то инқилоби октябри соли 1917 нашрияҳои ғайриқонунӣ низ мавҷуд буданд, аз қабили «Рабочий», чопи Тошканд, «Солдатский листок «Правда»», «Солдат»), ҳарчанд бештар ба таблиғи рисолати таърихии пролетариат, даъвати пайвастани мардумони бумӣ ба коршикании оммавии коргарони рус, ташвиқи нақш ва аҳамияти иштироки меҳнаткашон дар таъсиси ҳизби қавии болшевикӣ машғул буданд, аммо ҳамзамон дар саҳифаҳои худ борҳо аз вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоии водиҳои Кӯлобу Вахш маълумотҳо нашр кардаанд.
Ҳамчунин дар солҳои 1877-1917 муаррихону публитсистони дигари рус Н.А. Покотило (ҳисоботи «Отчет о поездке в пределы Центральной и Восточной Бухары в 1886 году», соли 1888), Матвеев (нигориши «Поездка по Бухарским и афганским владениям в феврале 1877 года»), Н. Февралев (мақолаи «Правобережная полоса Пянджа и Аму-Дарьи от Калаи Вандж до Керки», соли 1895, дар маҷаллаи «Военный сборник»), А.А. Бобринский, А.А. Семёнов (мақолаи «По границам Бухары и Афганистана», соли 1902), Д.Н. Логофет (мақолаҳои «О торговых путях», соли 1870, дар шумораи 3-юми «Туркестанские ведомости», «Аҳолии бекигарии Кӯлоб», соли 1905, дар шумораи №11-и ҳамон нашрия ва «Промышленность в Восточной Бухаре», соли 1905, дар шумораи 139-и ҳамон нашрия), И.И. Гейер, А.В. Нечаев, Ю.И. Пословский, А.А. Шишов, А. Толкин («Очерки мухтасари хонигарии Бухоро»), М.А. Варигин («Таҷрибаи тасвири бекигарии Кӯлоб»), Н.А. Зарудний, П. Гаевский ( « Б е к и г а р и и Қӯрғонтеппа») ва дигарон роҷеъ ба таърих, ҳаёти сиёсию иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии Хатлон дар саҳифаҳои матбуоти русзабон матолиби мукаммалу пурарзише ба табъ расонида, ҳамчунин асарҳои илмию таърихӣ ва публитсистӣ навиштаанд.
Азбаски то даҳаи аввали солҳои 1900-ум дар қаламрави имрӯзаи Тоҷикистон рӯзномаю маҷаллаҳо арзи вуҷуд надоштанд, нахустин мақолаҳо дар бораи ҳаёти иқтисодию сиёсӣ ва тиҷоратию мадании Хатлон - замин дар матбуоти русизабони он давра чоп гардида, дар он кӯшише барои тасвири шуғли мардуми ин диёр, робитаҳои тиҷоратӣ, сохти идораи давлатӣ, ҳунарҳои дастии сокинон ва мавқеи ҷуғрофии минтақа ба харҷ дода мешуд. Масалан, М. Варигин дар асари худ «Таҷрибаи тасвири бекигарии Кӯлоб» чунин менависад: «… бегуфтугӯ, дар замонҳои гузашта барои ҷаҳони Шарқ ин гӯшаи фаромӯшшудаи дунё (бекигарии Кӯлоб дар назар аст – Н.М.) нақши намоёни алоқаи фарҳангӣ ва иқтисодӣ мебозид. Вилояте, ки дар байни ду дарёи бузург – Вахш ва Панҷ воқеъ аст, Хутал ном дошта, аз чаҳор тараф бо дарёчаҳои шӯху обшор иҳота шудааст».
Ҷойи дигар муҳаққиқ Логофет Д. Н. дар мақолааш «Кулябское бекство и его поселение» дар шумораи рақами 11-и рӯзномаи «Туркестанские ведомости» (соли 1905) аз бекҳо ва босмачиҳо интиқод карда, мегӯяд, ки онҳо натанҳо истисмори коргарону деҳқонони русро ба ҳадди интиҳо расонида, хоҷагии халқро хароб карданд, балки ғуломгардонӣ ва талаву тороҷи халқҳои гӯшаву канорҳои Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла меҳнаткашони Хатлонзаминро бағоят пурзӯр намуданд. Дар натиҷа, соҳаи кишоварзии
бе ин ҳам қафомонда ба буҳрони иқтисодӣ дучор омад.
Масалан, соли 1915 назар ба соли 1911 аз Русия ба Бухоро овардани ғалла 54 фоиз, газвор 34 фисад, металл 31 дарсад, қанд 11% кам шуд. Дар айни замон аз Бухоро ба Русия содироти пахта 46 фоиз, меваи хушк 68 фоиз ва пашм 221 фоиз афзуд.
Д. Н. Логофет, ки сарҳанги артиши подшоҳии рус буд, дар ҷараёни саёҳаташ ба Бухорои Шарқӣ як идда санадҳоеро ба даст оварда, дар пайи ин сафараш соли 1905 мақолаи «Аҳолии бекигарии Кӯлоб»-ро навиштааст ва хабар додааст, ки дар водии Кӯлоб тоҷикон ба чорводорӣ, зироаткорӣ, тиҷорат ва ҳунарҳои дастӣ сарукор доранд. Ҳамин муаллиф дар мақолаи дигараш «Дар бораи роҳҳои тиҷорат дар Осиёи Марказӣ» (дар шумораи №3-и «Туркестанские ведомости», соли 1870) дар бораи роҳҳои инкишофи мубодилаи тиҷоратии Бухорои Шарқӣ ва Чину Ҳиндустон, ки тавассути мавзеъҳои водии Вахш, асосан Сарой Камар (қаламрави ноҳияи Панҷи имрӯза) сурат мегирифт, маълумот додааст. Дар ин мақола аз ҷумла зикр шудааст, ки «ин мавзеъ ба як шаҳри тараққикарда ва ба яке аз марказҳои калони тиҷоратӣ мубаддал гаштааст, ки он ба Ҳиндустон муносибати наздики тиҷоратӣ доштааст».
Дар ин миён шояд бо сабаби ба вуқӯъ пайвастани инқилоби таърихии октябри соли 1917, таъсиси Иттифоқи ҷамоҳири Шӯравии сотсиалистӣ, аз он ҷумла ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон ва пасон Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва дигар масоили сиёсии замон, матбуот зиёд ба инъикоси рӯйдодҳои ҳавзаи Хатлон мутаваҷҷеҳ намешуд.
Пас аз инқилоби Октябр (1917) дар Туркистону Бухоро ба ташкили матбуоти миллӣ рӯ оварданд, зеро анҷуманҳои Ҳизби тозатаъсиси коммунистӣ ташкилотҳои маҳаллиро муваззаф карда буд, ки барои ташкили матбуоти ҳизбию шӯроӣ чораҳои амалӣ андешанд. Бо судури ин қарор то соли 1923 дар қаламрави Туркистону Бухоро қариб 90 рӯзномаю маҷалла рӯйи кор омад, аммо водиҳои Вахшу Кӯлоб ҳанӯз ҳам соҳибрӯзнома нашуда буданд. Ба навиштаи муҳаққиқони таърихи матбуоти тоҷик Иброҳим Усмонов ва Давлат Давронов, ҳукумати Туркистон ба матбуоти нав тавлидшудаистодаи аҳолии маҳаллӣ аҳамияти аввалиндараҷа медод, зеро ҳадафаш ин буд, ки тавассути корҳои таблиғотӣ он бояд ба дили оммаи меҳнаткашон роҳ ёфта, обрӯ, таъсири ҳизб ва Ҳукумати Шӯравиро дар байни коргарон ва деҳқонон таъмин мекард. Дар назди матбуоти даврӣ он замон ду вазифаи умда гузошта шуда буд:
- ҷалб намудани аҳолии таҳҷоӣ ба сохтмони Шӯравӣ;
- аз байни халқи маҳаллӣ тайёр кардани кормандони ҳизбӣ ва шӯроӣ.
Муҳаққиқи журналистикаи рус Дмитрий Авраамов дар китоби худ «Профессиональная этика журналиста» («Одоби касбии журналист») қайд кардааст, ки бо вуқӯи табаддулоти октябрӣ дар Русия ва дигар кишварҳои зери таъсири он сензураи ҷиддӣ ҷорӣ карда шуд. Соли 1917 «Декрет оид ба матбуот» қабул шуд, ки В. И. Ленин, доҳии пролетариатҳо, дар бораи зарурати тасвиби ин ҳуҷҷат моҳи ноябри соли 1917 чунин гуфта буд: «Мо қаблан изҳор дошта будем, ки дар сурати ба даст овардани ҳокимият, тамоми газетаҳои буржуазиро мебандем.
Таҳаммул кардани фаъолияти чунин рӯзномаҳо маънои онро дорад, ки дигар сотсиалист нестем». Ҳамин тавр, соли 1918 тамоми рӯзномаҳои буржуазӣ баста шуданд ва матбуоти даврӣ ба олати татбиқкунандаи диктатураи сиёсӣ мубаддал гашт. Нашрияҳо ба ҷуз иҷрои вазифаи нави худ - ташкилотчигӣ ва идоракунӣ - ба кори дигаре афзалият намедоданд. Матбуоти даврӣ функсияи баёни афкори оммаро аз даст дода, пурра вобастаи иродаи мақомоти ҳизбию давлатӣ гардид ва минбаъд ба хонандаи худ танҳо чун объекти идоракунӣ муносибат мекард. «Тарс аз низоми бетараҳҳум, ки худи матбуот ҳам ба он пайванд шуда буд, ба ҳеҷ гуна мустақилият роҳ намедод ва ба итоати бебаҳс ба режим таҳрик медод. Гузашта аз он, ба мағзҳои омма чунин тасаввур таҳмил мешуд, ки гӯё танҳо ақидаҳое дурустанд, ки ба «ҳадафҳои сиёсии пролетариат» (дар асл ба манфиати болшевикони ҳоким) хизмат мекунанд», - менависад Д. Авраамов.
Қобили зикр аст, ки таъсис ёфтани нахустин рӯзномаи расмӣ бо забони тоҷикӣ дар шаҳри Душанбе бо номи «Бедории тоҷик» заминае барои пайдоиш ва рушди матбуоти даврӣ дар минтақаҳои аз лиҳози иқтисодӣ ва фарҳангӣ то ҷое қафомондаи Тоҷикистон, бахусус ҷануби кишвар гардид.
Моҳҳои февралу марти соли 1928 кумитаи ҳизби коммунист қарор мекунад, ки сифату муҳтавои матолиби рӯзнома беҳтар карда шавад ва ба ҳаракати мухбирони коргару деҳқон аз минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон диққати махсус зоҳир гардад. Дар назди ин нашрия бюрои матбуот ташкил дода шуда, ба он коммунистони маҳаллӣ ба унвони мухбир ҷалб гардиданд ва шаҳрвандони тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ба «Бедории тоҷик» обуна карда шуданд. Дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон, дар корхонаву муассисаҳо, колхозҳо ва ҳатто мактабҳо гурӯҳҳои мухбирӣ таъсис дода шуданд, то рӯзномаи «Тоҷикистони сурх» («Бедории тоҷик») ҳадди асари рӯйдодҳои қаламрави кишварро барои хонандагонаш инъикос намояд. Ин нашрияи миллӣ мубориза бо босмачиҳо, мусоидат ба маҳви бесаводӣ, ифтитоҳи мактабҳои нав, ташреҳи мақсаду маром ва барномаҳои кории Ҳукумати Шӯравӣ, дар атрофи Артиши инқилобӣ муттаҳид кардани кулли меҳнаткашон, мубориза барои зиндагии шоистаю ташкили хоҷагиҳои коллективӣ ва раҳоӣ аз сохти капиталистиро аз ҳадафҳои аслии худ унвон мекард. Ба хотири пиёда кардани ин аҳдоф идораи нашрияи «Тоҷикистони сурх» то соли 1929 шумораи мухбирони коргарӣ ва деҳқониашро аз тамоми Тоҷикистон ба 500 нафар расонид.
Моҳи апрели соли 1928 бо қарори Шӯрои Кумитаи иҷроияи марказии Ҷумҳурии Худмухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки ҷаласааш дар шаҳри Кӯлоб баргузор шуда буд, бо таъкид ба «зарурати қабули алифбои нави забони тоҷикӣ» алифбои нави лотинӣ қабул карда шуд. Ҳадафи амалдорони вақт аз қабули чунин қарор махлутгардонии миллати тоҷик бо русҳо буд, аммо ин амр боиси аз осори адабию фарҳангии аз садсолаҳо бамеросмонда маҳрум гардидани халқи тоҷик шуд, ки то ин вақт хати арабиасос дошт. Ба комиссариати маориф лозим омад, ки оид ба омӯхтан ва татбиқ намудани алифбои лотинӣ курси такмили ихтисоси муаллимон ташкил намояд. Биноан, як гурӯҳ фаъолони ин маъракаи сиёсӣ - Насрулло Абдуллоев (аввалин муҳаррири рӯзномаи «Сохтмони зарбдори Вахш»), Сотим Улуғзода (мухбири фахрии рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ»), Абдураҳмон Бухоризода, Ваҳҳоб Шамсиев, Воҳид Бобозода, Рауф Рофиев, Обид Ҷалоловро бо роҳхат ба Москваю Ленинград фиристод.
Солҳои аввали 30-юм Кумитаи марказии Ҳизби коммунистӣ (болшевикӣ)-и Тоҷикистон бо ҳадафи рушд додан ва беҳтару хубтар ба роҳ мондани матбуот ва ҳаракати мухбирони коргару деҳқон, ҳамчунин таъсиси нашрияҳои даврӣ дар ҳар яке аз ноҳияҳои Тоҷикистон як қатор қарорҳо қабул намуд, аз он ҷумла:
- Қарор «Дар бораи аз нав ташкил кардани шабакаи газетаҳо бинобар барҳам дода шудани округҳо», аз 11 августи соли 1930;
- Қарор «Дар бораи кори партиявӣ-оммавӣ дар ҳудуди фаъолияти МТС-ҳо», аз 16 октябри соли 1930;
- Қарор «Дар бораи кадрҳои коркунони газета», аз 11 ноябри соли 1930;
- Қарор «Дар бораи кори газетаҳои районҳои қишлоқӣ ва матбуоти поёнӣ», аз 18 январи соли 1931;
- Қарор «Дар бораи беҳтар намудани газетаҳои районӣ», аз 21 апрели соли 1931;
- Қарор «Дар бораи рӯзномаҳои «Сохтмони зарбдори Вахш» (Ударник «Вахшстроя») ва кумитаи ҳизбии райони Қӯрғонтеппа», аз 23 октябри соли 1931;
- Қарор «Дар бораи чораҳои ташкили газетаҳои районӣ», аз 7 апрели соли 1932;
- Қарор «Дар бораи нақшаи нашри рӯзномаҳо ва маҷаллаҳо барои соли 1935», аз 1 ноябри соли 1934. Ҳадафи аслии КМ ҲК Тоҷикистон аз таҳия ва тасвиби ин қарорҳо таъсис додан, қавӣ кардан ва васеъ намудани шабакаи рӯзномаҳои ноҳиявӣ дар ҷумҳурӣ арзёбӣ мешуд.
Бо судури ин қарорҳо то соли 1933 дар музофотҳои Тоҷикистон 21 рӯзномаи ноҳиявӣ ба вуҷуд омад, ки теъдоди умумии нашри онҳо ба 28 ҳазору 200 адади он замон рекордӣ мерасид. Рӯзномаҳои ноҳиявӣ асосан ба масъалаҳои баланд бардоштани маданияти кормандон, коллективонидани хоҷагии деҳот, ҳамчун синф маҳв намудани кулакҳо, мусоидат кардан ба сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ аҳамияти бештар медоданд.
Дар баробари таъсиси рӯзномаҳои тоҷикӣ-русии «Зарбдори сохтмони Вахш» («Ударник Вахшстроя») дар соли 1931, дар қаламрави шаҳру навоҳии ҷанубии Тоҷикистон солҳои 30-юми асри гузашта ҳамчунин нашрияҳои зерин ба майдони матбуот ворид шуданд: «Колхозчӣ», баъдан «Бо роҳи коммунизм», «Пахтакор» ва ҳоло «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Панҷ (1932), «Ҳақиқати Кӯлоб» (1933), «Байрақи Сталин», имрӯза «Хуросон»-и ноҳияи Хуросон (1933), «Ҳақиқати Ҷиликӯл»-и ноҳияи Ҷиликӯл (1933), «Болшевики Қӯрғонтеппа», «Стахановчии Ёвон», имрӯза «Субҳи Ёвон» (1934), «Мубориза барои пахта», имрӯза «Баҳористон»-и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ (1934), «Пахта учун», баъдтар «Майдони пахта» ва ҳоло «Навиди Балх»-и ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ (1935), «Байрақи сурх», имрӯза «Истиқлол»-и ноҳияи Темурмалик (1935), «Ҳақиқати Ховалинг»-и ноҳияи Ховалинг (1935), «Симои Данғара»-и ноҳияи Данғара (1935), «Гулистон»-и ноҳияи Фархор (1935), «Насими Терай»-и ноҳияи Шӯрообод (1936), «Коммунисти Балҷувон», ҳозира «Навиди Балҷувон» (1936), «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод (1937), «Пахтакор», ҳозира «Навиди дӯстӣ»-и ноҳияи Қумсангир (1938).
Дар натиҷаи таҳқиқи мавзӯи мазкур метавон ба ин хулоса расид, ки матбуоти даврии тоҷик, аз он ҷумла рӯзномаҳои ноҳиявие, ки дар қаламрави имрӯзаи вилояти Хатлон дар солҳои 30-юм чоп мешуданд, саҳми боризе дар умури бунёдкорӣ, тарғибу ташвиқи тарзи нави зиндагӣ, таҳкими сохти давлатдорӣ, мусоидат ба ташвиқи фарҳанги ҳамзистии мардумони миллияту халқиятҳои гуногун дошт.
Носирҷон МАЪМУРЗОДА,
«Хатлон»
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00