Рӯзномаи Хатлон » Ҳокимияти давлати » Дардошнои миллат


Дардошнои миллат



Давлати абарқудрати Шӯравӣ аз байн рафт. Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлоли давлатии худро эълон намуд ва узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ - Созмони Милали Муттаҳид гардид.

Ёд дорам, Эмомалӣ Раҳмон пас аз Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан, ба ноҳияи Фархор ташриф оварданд. Мардуми зиёд ҷониби ӯ равона шуданд.

Муҳофизон хостанд сари роҳи мардумро банд кунанд. Ҳамин вақт чашми Роҳбари давлат ба мардуми одӣ афтод ва гуфт: “Монед, ки биёянд”. Мардум Роҳбари давлатро дар ҳалқа гирифтанд. Сарвари тозаинтихоби кишвар бо онҳо суҳбат карда, аз ҷумла гуфтанд: “Вазъият дар ҳақиқат вазнин аст, душманони миллат мехоҳанд, ки вазъиятро боз ҳам муташанниҷ карда, Тоҷикистонро ба парокандагӣ расонанд. Лек, мо намегузорем, ки онҳо ба ин амали нопокашон расанд. Дар ин роҳ агар мирем, якҷоя мемирем ва Ватанро ба дасти душман намедиҳем”. Ин суханони Роҳбари давлат мардумро рӯҳбаланд гардонд ва онҳо бо як овоз гуфтанд: “Мо бо Шумоем, Шуморо танҳо намегузорем, охир ин Ватани мост ва ҳифз намудани он қарзи ҳамаи мост...”

Муроҷиати мардум ба Сардори навинтихоби давлат вобаста ба хуруҷи бемории гелиатроп буд. Аз моҳи август дар ноҳия қариб 7 ҳазор нафар дучори бемории гелиотроп –варами ҷигар шуда буд. Ҳарчанд духтурони маҳаллӣ сабабҳои хуруҷи ин бемориро муайян карда бошанд ҳам, дору намерасид.

Бо супориши Сардори давлат Ситоди ҷумҳуриявӣ таъсис ёфт ва гурӯҳи калони духтурон аз Душанбе бо ҳар роҳу восита ба ноҳияи Фархор расонида шуданд. Қариб 200 олими соҳа, духтурони ботаҷриба ва дигар намояндагони соҳаи тандурустии ҷумҳурӣ ба мадади беморон омаданд.

Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон яке аз рӯзҳои моҳи декабри соли 1992 барои аёдати беморон ба Фархор омад. Аз ҳолу аҳвол ва шароити табобати беморон шахсан воқиф гардиду ба масъулони мақомоти вилояту ноҳия, Вазорати тандурустӣ дастуру супоришҳои муфид дод. Ҳамин ғамхории саривақтӣ ва диққату эътибори ҷиддии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки паҳншавии беморӣ дар муддати чанд моҳ пешгирӣ шуд. Бо супориши бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон вазъи иҷтимоии беморон беҳтар гардида, бо нафақа таъмин шуданд. Ҳамчунин, сохтмони санатория - профилактория барои идомаи табобати онҳо ба истифода дода шуд. 

Фикр мекунам, Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таҳкими давлатдорӣ ва устувор намудани сохти конститутсионӣ дар идоракунии давлату ҳукумат хизмати шоистае кардааст ва он ба китоби таърихи миллати тоҷик бо хатҳои заррин ворид гаштааст.

...Он бунёдкориҳое, ки бо роҳбарӣ ва ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли 30 сол дар Тоҷикистон ба сомон расид, худ гувоҳи ҷомаи амал пӯшидани орзуи одамони сулҳпарвар аст.

Имрӯз, ки дар арафаи ҷашнгирии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ қарор дорем, орзу менамоем, ки сатҳи зисти мардуми мо боз ҳам баланд гардад ва зиндагии гуворо дошта бошанд, зеро миллати мо ба ин сазовор аст.

Нуралӣ Ҳақназар,
ноҳияи Фархор

Дигар хабарҳо

хабарҳои охир

Яндекс.Метрика

Муассис:

МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН

САРМУҲАРРИР

Носирҷон Маъмурзода