Эмомалӣ Раҳмон ва рушди соҳаи тандурустӣ
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Тандурусти ва экология / Хабарҳо, Боздид 769
Бешубҳа, бо баргузории Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии ҷумҳурӣ дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд на фақат дар ҳаёти сиёсии кишвар ва таъмини осудаҳолии шаҳрвандон, балки дар тамоми доираҳои иқтисодию иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар соҳаи тандурустӣ гардиши куллӣ ба вуқуъ пайваст. Роҳбари тозатаъини Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввал ба соҳаҳои тандурустӣ таваҷҷуҳи хеле ҷиддӣ зоҳир карданд.
Ғамхорӣ ба халқ дар бобати сар назадани вабо, пешгирии фавти зиёди модарону кӯдакон, танзими масъалаҳои демографӣ ба хотири солимӣ ва аз ҷиҳати моддӣ бениёз шудани аҳолӣ, таъмини шароит барои расонидани хидмати босифати тиббӣ, манъ кардани никоҳи хешутаборӣ ба хотири роҳ надодан ба маъюб таваллуд шудани насли ояндасози миллат, пешгирӣ аз воридоти дорувории тақаллубӣ, рушд додани соҳаи фармасевтӣ ва тарғиби тарзи ҳаёти солим аз нахустин ва муассиртарин тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳастанд, ки натиҷаашонро мо мушоҳида ва таҳлил карда метавонем.
Пешвои миллат 22-юми июни соли 2004 ҳангоми суханронӣ дар ҳузури олимону кормандони Институти илмиву тадқиқотии акушерӣ, гинекологӣ ва педиатрӣ дар шаҳри Душанбе бо таҳлили коршиносонаи хеле олӣ таваҷҷуҳи мутасаддиёну матахассисони фаъолияташон марбут ба соҳаи тандурустӣ ва ҳам табибонро ба мушкилоти меҳварии соҳа ҷалб карда тавонистанд.
“Боиси таассуф аст, ки низоми хизматрасонии тиббӣ дар Тоҷикистон ҳанӯз ҳам ба табобати беморӣ такя менамояд, на ба пешгирии он ва тарғиби тарзи солими зиндагӣ. Ҳол он ки дар кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таваҷҷуҳи асосиро на ба ёрии аввалияи тиббӣ, балки ба ҳифзи аввалияи саломатӣ равона мекунанд. Зеро пешгирӣ дар муқоиса ба табобат дар ҳама ҳолат беҳтару осон, арзон ва қобили дастрасии бештар мебошад”, – зикр кард а буданд Президенти кишвар.
Дар идома таъкид карданд, ки Ҳукумати мамлакат бо мақсади зина ба зина беҳтар кардани вазъи иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ бо масрафи миллионҳо сомонӣ лоиҳаҳои инвеститсионии судоварро татбиқ кард. Маҳз баъд аз ҳамин эроди саривақтии Сардори давлат дар ҷумҳурӣ марҳилаи тарғиби тарзи ҳаёти солим ба таври воқеӣ қувват гирифта, дар ҳама гӯшаю канори Тоҷикистон даҳҳо истироҳатгоҳу табобатгоҳ ва дар ҳар як шаҳру ноҳия ва ҷамоату деҳа аз як то чандтоӣ варзишгоҳҳои хурду бузург ва толорҳои машқу тамрин бунёд ёфта, дар хидмати дӯстдорони тарзи ҳаёти солим вогузор карда шуданд.
Чуноне ки болотар ишора кардем, поягузори рушди соҳаи фармасевтӣ дар Тоҷикистони тозаистиқлол низ барҳақ Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, бо серталабӣ ва дастгириҳои фаннию молӣ ва маънавӣ тавонистанд, ки ин самти ҳаётан муҳимро дар кишвари мо ба талаботи замон ҷавобгӯ созанд.
Масъалаи таъмини сифати доруворӣ борҳо дар суханрониҳои мавсуф қайд шудаанд. Ба гунаи мисол, соли 2017 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин гуфта буданд: “Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯ набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёре аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад”.
Ва дар идомаи сухан ин ибораи хеле бамаврид гуфта шуд: “Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад”.
Воқеан, 29-уми январи соли 2021 бо интишор шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №1764 “Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” нуктаи хеле муҳим: бақайдгирии давлатии содакардашудаи доруворӣ ва молҳои тиббӣ татбиқ шуд, ки он дар ҳолатҳои сар задани эпидемия, ҳолатҳои фавқулода, амалиёти ҳарбӣ ва дигар ҳолатҳои дар қонуни мазкур пешбинишуда пураҳамият дониста мешавад.
Бо тақозои пешравиҳои замон, такмил ёфтани қонунгузориҳои ҷорӣ ва афзоиши талаботи аҳли ҷомеа ба хидматрасониҳои боз ҳам беҳтар ё ба ибораи дигар, хадамоти муосири тиббӣ 1-уми марти соли ҷорӣ таҳти № 82 бо имзои Раиси Ҳукумати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи дору, молҳои тиббӣ ва фаъолияти фармасевтӣ” маъқул дониста шуд. Баъди қабули қонун кору амал дар самти хидматрасониҳо ва назорат дар соҳаи тандурустӣ дар ҳақиқат ба марҳилаи сифатан нав ворид шуд.
Тадбирҳои дигаре, ки дар солҳои баъдӣ андешида шуданд, барои тараққӣ ёфтани соҳаи тандурустӣ ва ҷавобгӯ ба талабот ба роҳ монда шудани хизматрасонии тиббӣ бегумон дар тамоми кишвар ва ҳамрадиф дар яке аз вилоятҳои сераҳолии мамлакат – Хатлон таккони ҷиддӣ бахшиданд.
Тадбири аввал ин буд, ки бо супориши Сардори давлат шурӯъ аз соли 2014 ҷиҳати истеҳсоли доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва тавлиди маҳсулоти тиббӣ аз пахтаи худӣ дар аксар шаҳру навоҳии вилояти Хатлон корхонаҳои истеҳсоли доруворӣ ва маводҳои фаъоли биологӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ҳоло ширкатҳои “Мину фарм”, “Аввалин”, “Сомонӣ фарм”, “Ғолибҷон Холов”, “Форсиён”, “Муъмин”, Кӯҳсори Хатлон” ба таври фаъол ба истеҳсоли зиёда аз 11 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббӣ, аз ҷумла субтрати ферула, экстракти решаи ширинбия, маҳлули спиртӣ, антисептикӣ, бинту пахтаи тиббӣ ва ҳоказо машғул буда, пас аз гузаронидан аз қайди давлатӣ ҳамарӯза онҳоро дар дохили кишвар ба муомилот бароварда, барои дархосткунандагони бурунмарзӣ низ содироти мунтазамро ба роҳ мондаанд.
Тадбири дувум бартараф кардани норасоии кадрӣ дар соҳаи тандурустӣ буд. Талаботи аҳолиро ба духтурони баландихтисос ва кормандони чашмикордони тиббӣ ба инобат гирифта, бо дастури бевоситаи Президенти ғамхори ҷумҳурӣ дар ноҳияи Данғара Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон, дар шаҳру навоҳии Бохтар, Кӯлоб, Левакант, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Восеъ ва чанде дигар коллеҷҳои хусусии тиббӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Маҷмуи ин тадбирҳо сабаб шуданд, то ин ки мушкили нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ дар мисоли вилояти Хатлон нисбатан ҳал ва ҳамзамон одӣ карда шавад.
Хушбахтона, мо метавонем Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро низ бо ин сохтори кунунӣ ва вазифаҳое, ки дорад, самараи замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон бихонем. Ин ниҳод моҳи декабри соли 2017 дар заминаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ва назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ таъсис ёфта, дар ноҳияҳои тобеи марказ, ВМКБ ва вилоятҳо, аз ҷумла Хатлон намояндагӣ ва биноҳои муҳташами муҷаҳҳаз бо тамоми шароити кориро дорад.
Боварии комил дорем, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳам фармасевтӣ, ки як шохаи хеле муҳими он аст, минбаъд низ дар ҳошияи дастгириҳои рӯзафзуни Сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон беш аз пеш ба уфуқҳои баланди тараққиёт расида, ба натиҷаҳои беҳтар, аз ҷумла ба густариш додану оммавӣ гардонидани тарзи ҳаёти солим ноил мегардад.
Маҳмадҷон Абдулқодирзода,
сардори Сарраёсати Хадамотиназорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00