Номаи сипоси «Духтари Президент»
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 15 ноябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Маориф ва илм / Хабарҳо, Боздид 762
Аз номи духтароне, ки тайи 25 соли охир бо квотаи президентӣ дар мактабҳои олӣ таҳсил кардаанду мекунанд
Президенти кишвар дар ҳар як вохӯрие, ки бо бонувони кишвар барпо мекунад, ба мақому манзалати зани тоҷик таъкид намуда, саҳми шоистаи ӯро дар устувории оила, ҷомеа ва сарнавишти миллат созгору тақдирсоз медонад. Зани тоҷик дар ҳама давру замон парчамбардори миллату меҳан, муҳофизи иффату номус, нигаҳдорандаи гармию равшании хонадон ва тарбиятгари фарзандони фарзонаи миллатдӯсту ватанпарвар буд. Ин ҳама аз рӯҳи озод, бомаърифатӣ, ақлу идроки азалӣ ва нангу номусе, ки аз азал дар хуни мо ҷӯш мезанад, сарчашма мегирад. Зеро зани ғулом ва гирифтору бесавод ҳеҷ гоҳ қаҳрамон таваллуд нахоҳад кард.
Боло рафтани мавқеи зан дар солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон хеле равшан эҳсос мешавад. Аввалин иқдоми нек, ки аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хотири дастгирии ҷавондухтарон, бахусус духтарони деҳотӣ роҳандозӣ шудааст, таъсиси квотаи президентӣ мебошад. Ин иқдом соли 1997 пиёда гардида, тариқи он духтарон аз навоҳии дурдасти кишвар барои идомаи таҳсил ба донишгоҳу донишкадаҳо шомил мешаванд.
Аз касе пӯшида нест, ки ҳатто дар даврони шӯравӣ масъалаи ба мактабҳои олӣ ҷалб намудани духтарон хеле ҳалталаб буд. Давоми 25 соли амал кардани квотаи президентӣ ҳазорҳо ҷавондухтарон соҳибмаълумот гардиданд. Имрӯз мушкили камдонишии духтарон қариб ҳалли худро ёфтааст, зеро волидайн низ дарк кардаанд, ки зан-модар бояд маърифату савод дошта бошад. Роҳбари муаззами давлат орзуи кӯдакӣ ва хобҳои афсонавии ҳазорон духтари деҳотиро ба ҳақиқат табдил дод.
Албатта, мо духтарони деҳоти дурдаст танҳо орзу мекардем, ки барои таҳсил ба Душанбе равем. Зеро то он замон дар деҳае, ки камина ба воя расида будам, ягон нафар духтар барои таҳсили рӯзона ба донишгоҳ наомада буд ва ягон волидайн ҳам иҷозаи таҳсилро намедод. Қолаби ин ҳама нофаҳмию тангназариҳоро танҳо иқдоми Сарвари давлатамон ба истилоҳ бишкаст. Ҳарчанд дар аввалҳо шояд дар дили модарон тарсу ҳарос ҷой дошт, аммо бо насиҳату роҳнамоии падаронаи Сарвари давлат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ба зарурати таҳсили духтарон дар мактабҳои олӣ таъкид менамуд, волидон ҳам ба духтаронашон фотиҳаи неке барои хонданро доданд.
Ин иқдоми наку падаронро дилпур сохт, ки танҳо дониши духтаронашон кифоя ҳаст барои таҳсил. Ва ҳамин гуна ҳам шуд. Духтаронеро, ки тариқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, «духтарони Президент» ном мебаранд ва устодон ҳам ҳамаҷониба онҳоро дастгир мешаванд.
Ғамхориҳои падаронаи Ҷаноби Олиро бисёри духтарон ба некӣ дарк карда, дар ҷавоб аксаран бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, донишгоҳро бо сари баланду рӯйи сурх хатм кардаанд. Имрӯз «духтарони Президент» дар тамоми минтақаҳои кишвар кору фаъолият доранд. Ин духтарон дар куҷое, ки бошанд, ҳеҷ гоҳ «фарзанди Президент», фарзанди Ватан буданашонро фаромӯш намекунанд ва хизмати халқу меҳанро содиқона анҷом медиҳанд.
Барҳақ мегӯянд, ки касе агар соҳиби се духтар буду онҳоро паноҳ дод, таъмин кард ва бо эшон дилсӯз буд, ҳатман ба биҳишт дохил мешавад.
Мутафаккире гуфтааст, ки «Вақте мардро тарбия мекунем, як касро (фард) тарбия мекунем. Вақте занро тарбия мекунем, миллатро тарбия мекунем». Ба ин маънӣ, гуфтан мумкин аст, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳазорон духтари тоҷикро ҳамчун фарзандони худ тарбия намуд ва роҳи онҳоро ба сӯйи илму донишандӯзӣ боз кард. Ҳадафи Президенти мамлакат аз таъсиси квотаи президентӣ ҳамчунин фароҳам овардани имкон барои рушди шахсии духтарони тоҷик, барои тарбияи як насли донишманду солор буду ҳаст. Зеро, ба таъкиди Роҳбари д авлат, маҳз модарони соҳибхираду дурандеш метавонанд насли шоистаи миллатро тарбия намоянд.
Ёдам меояд суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳанӯз соли 1998 дар вохӯрӣ бо ҷавонони лаёқатманди кишвар сурат гирифта буд. Он ҷо Роҳбари давлат аз ҷумла таъкид дошт: «Истеъдод, ба назари ман, мисли чашмаест, ки агар пеши роҳи онро накушоем, чашма дер ё зуд хушк мегардад. Айнан ҳамин тавр, ҳар як истеъдодро монанди чашмае, ки мардуми ташналабро шодоб мегардонад, бояд тарбия, нигоҳубин ва эҳтиёт кард ва барои инкишофи минбаъдаи вай шароити муносиб фароҳам овард».
Дар ҳақиқат, Президенти мо марди қавлу амал аст. Истеъдодҳоро дастгиру роҳнамо, пандомӯзу ҳодӣ мебошад. Ғамхории падаронаи ӯ бавижа ба духтарони рустоӣ, онҳое, ки ташнаи илму дониш ҳастанд, аммо шароити мусоид барои таҳсилро надоштанду надоранд, бемислу монанд аст. Ӯ нафарест, ки киштии орзуву омоли ҷавононро ба соҳилҳои мурод мерасонад. Ба ҳар як орзуи ҷавони доништалаб ҷомаи амал мепӯшонад. Ҳеҷ касро ноумед намесозад.
Ӯ Падари мост.
Президенти мардумист.
Пешвои барҳақи миллат аст!
Ҳангомаи ИСМАТ,
Аълочии матбуот ва фарҳанги Тоҷикистон
(Яке аз ҳазорҳо ҷавондухтароне, ки бо квотаи президентӣ соҳибмаълумот
шудааст)
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
26-01-2021, 14:00