ВАЗИФАИ РӮЗ: пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона
Муҳаррир: Суҳроби Рустам аз 28 октябр, Бахш: Ҳокимияти давлати / Матлабҳои охирин / Хабари рӯз / Ҳаёти иҷтимоӣ / Ҷавонон ва варзиш / Хабарҳо, Боздид 617
Таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷаласаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи шаҳрвандон дар назди раиси вилоят баргузор гардид.
Аз рӯи масъалаи якуми рӯзномаи Шӯро иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди вилояти Хатлон Шамсулло Аҳёзода суханронӣ намуда, гуфт, ки гузаронидани суҳбату вохӯриҳо миёни аҳолӣ ва пешбурди корҳои фаҳмондадиҳӣ ба манфиати кор мебошад. Дар ин давра дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 320 маротиба вохӯриву мизҳои мудаввар доир карда шудааст.
- Зери унвони “Нашъамандӣ ва зарари он ба ҷомеа” дар шаҳру ноҳияҳои вилоят ҳамоиш ва чорабиниҳои оммавӣ – варзишӣ гузаронида шуд, ки мақсад аз он ҷалби наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарзи ҳаёти солим мебошад, - гуфт сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Хатлон Нодир Муродзода.
Ба таъкиди раиси Шӯро, дар доираи иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва дигар қонунҳои амалкунанда корро дар самти пешгирӣ, назорат ва бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ вусъат бахшида, марказҳои дилхушӣ ва ҷойҳои ҷамъиятӣ таҳти назорати ҷиддӣ бояд қарор дошта бошад.
Ҳамчунин, дар кори Шӯро сардори Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва намояндагони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят, Прокуратураи ҳарбии гарнизони шаҳри Бохтар ва дигарон вобаста ба масъалаи мазкур ибрози назар карданд.
Дар ҷалсаи Шӯрои вилоятии мутобиқсозию методӣ оид ба таълим ва тарбияи шаҳрвандон гуфта шуд, ки бо ибтикори Ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳру ноҳияҳои вилоят як ҳазору 722 нафар ба курсҳои омӯзишӣ фаро гирифта шуда, соҳиби сертификат ва шаҳодатномаҳои ронандагӣ гардида, ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд.
Ҳамчунин, раисони шаҳру ноҳияҳое, ки нақшаи тирамоҳии даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро ба итмом нарасонидаанд, вазифадор гардиданд, ки бо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ нақшаи даъватро саривақтӣ иҷро намоянд.
Дар фарҷоми ҷаласа раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар роҳбарони ташкилоту муассисаҳои вилоятиро оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Сарвари давлат, аз ҷумла захираи маводи хӯрокаву сӯзишворӣ ва истифодаи оқилонаи замин, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои бегона, гузаронидани корҳои таблиғотӣ, ташкили мизҳои мудаввар вазифадор намуданд.
-
23-12-2021, 16:14
Имрӯз, 23 декабр, дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода иҷлосияи...
-
21-12-2021, 12:16
Баъди чанд рӯзи дигар соли 2021, ки барои мардуми шарифи Тоҷикистон яке аз солҳои воқеан таърихӣ ва...
-
13-07-2021, 03:29
Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро дар асоси талаботи...
-
2-07-2022, 08:08
Мавод танҳо барои касоне, ки ба ин масъала муносибати касбиву коршиносӣ доранд «… бегумон, матну...
-
26-01-2021, 14:00